Нашри ҷилди нави «Филмномаҳои Шераки Ориён»
«Шераки Ориён мавқеи хоси эҷодии худро дорост, дар драмнависӣ барои синамои имрӯзаи тоҷик пешгом аст, – зикр намудааст Муҳаммадулло Табарӣ, санъатшиноси номвари кишвар ва афзудааст: – «Дар се китоби «Филмномаҳои Шераки Ориён» беҳтарин асарҳои драматургӣ барои синамо ба ҳам оварда шудаанд. Чизи дигари муҳимро таъкид карданием: баъди «Қисмати шоир»-и драматург Сотим Улуғзода ва таҳиягар Борис Кимёгаров, ки қариб сӣ сол баъд дар «Тоҷикфилм» бо забони тоҷикӣ филми машҳурашонро офариданд, филми дигаре бо ин забон сохта нашуда буд. Ва баъди он «Марди мутааллиқи ду зан» бо забони тоҷикӣ рӯи навор омад (ба қалами Шераки Ориён) ва дар ин роҳ ӯ кӯшиши зиёд ба харҷ дод, то наворгирии филмҳо минбаъда бо тоҷикӣ амалӣ бишаванд».
Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) муаллифи филмҳои бадеӣ ва мустанаду тасвирию фалсафӣ ба шумор меравад.
Ҷилди сеюми «Филмномаҳои Шераки Ориён» ҳафт асари синамоиро дар бар гирифта, 25 филмномаро ба ҳам овардааст.
Ҳаёт ва эҷодиёти ин адиби пурмаҳсулу ҷӯянда ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри сипаришуда ба кинои тоҷик, ки яке аз василаҳои муҳимтарини тарғибу муаррифии халқамон мебошад, пайванди ногусастанӣ дорад. Дар кинофестивалҳои зиёди байналмилалӣ бо ҷоизаҳои арзишманд қадр гардидани филмҳои тоҷикие, ки аз рӯи сенарияҳояш сохта шудаанд, пеш аз ҳама ба ҷанбаи миллӣ ва ҳаётӣ касб намуданашон иртибот дорад.
Умед аст, ки филмномаҳои дар ҷилди навбатӣ ба табърасидаи нависанда Шераки Ориён аз ҷониби филмбардорон мавриди истифода қарор дода мешаванд.