Нишасти баррасии фаъолияти Маркази тарҷумаи бадеии ИНТ
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Нақши Маркази тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагон дар тарғиби адабиёти муосири тоҷик» доир гашт.
Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод ҳамоишро оғоз бахшид. Сипас сармуҳаррири марказ Фирдавс Табаров дар бораи саҳми он дар муаррифии дастовардҳои адабиёти мусири тоҷик маъруза пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки дар тули фаъолият кормандони марказ асарҳои хурду калони зиёдеро аз адабиёти муосир ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, гурҷӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва ғайра тарҷума кардаанд.
Адабиётшинос ва тарҷумон Абдураҳмон Абдуманнон, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, адиб ва тарҷумон Назруллоҳи Назар, тарҷумон Азим Аминов, мудири бахши тарҷума ва робитаҳои адабии ИНТ Сурайё Аҳмадзод, ва дигарон оид ба корҳои ба анҷом расонидаи Маркази тарҷумаи бадеӣ андешаҳояшонро баён доштанд.
Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдуманнон, «аз муҳимтарин корҳое, ки дар солҳои охир аз ҷониби Маркази тарҷума сурат гирифт, иштироки мо дар таҳия, тарҷума ва нашри тазкираи адабиёти халқҳои ИДМ буд, хушбахтона, ба заҳматҳоямон дар Маскав баҳои баланд доданд. Тарҷумаи ду асари устод Айнӣ ба забони англисӣ низ аз корҳои назарраси кормандони мо аст».
Эҷодкорони бахш иброз доштанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои корашон тадбирҳои зарурӣ хоҳанд андешид.