Фарҳанги фарҳангнигории устод Айнӣ

 Фарҳанги фарҳангнигории устод Айнӣ

Фарҳангнигорӣ, яъне тартиб додани фарҳангу луғат ба хотири гирдоварӣ ва маҳфуз доштани вожаву калимаҳо, ки сарвату дороии забон ва миллат ба ҳисоб мераванд, дар забони модарии мо собиқаи дерин дорад. Мегӯянд, ки Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ аз нахустин фарҳангнигорони забони мо­дарии мо буд, ки фарҳангаш то айёми мо нарасидааст. Баъзе муаррихону муҳаққиқон навиштаанд, ки устод Рӯдакӣ ҳам муаллифи яке аз аввалин фарҳангҳо ба забони модарии мост. Мутаассифо­на, фарҳанги таълифкардаи ӯ ҳам, ба мисли аксари дигар осораш, аз байн рафтааст. Куҳантарин фарҳанг, ки то имрӯз боқӣ мондааст, “Луғати фурс”-и Асадии Тӯсӣ (1005/10-1074) мебошад, ки дар он асосан вожаву калимаҳои нодири забони гузаштагони мо – аҳли Хуросону Фарорӯд бо овардани шоҳиди луғавӣ ғолибан аз ашъори устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ шарҳу тавзеҳ гардида­анд. Дар асрҳои миёна фарҳангнигории тоҷикӣ рушду густариши бештар пайдо кард ва баъдан дар Ҳиндустон, дар намунаи “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ” (1608), “Бурҳони қотеъ” (1652), “Ғиёс-ул-луғот” (1827) ва фарҳангу луғатҳои дигар ба авҷи худ расид.

Қаҳрамони Тоҷикистон, устоди алло­ма Садриддини Айнӣ (1878-1954) дар баробари дигар хидматҳои мондаго­раш дар таърихи забону адаб ва илму фарҳанг, ҳамчунин аз устодони бузурги мактаби илмию амалии фарҳангнигорӣ ва луғатнависии тоҷикӣ ба шумор мера­вад. Вай ба сифати яке аз бунёнгузорони мактаби имрӯзаи фарҳангнигории тоҷикӣ ҳам дар таълифу тадвини фарҳангҳои дузабона ва ҳам фарҳангҳои тафсирӣ саҳми сазовор ва нақши мондагор дорад.

Нахустин фарҳанги дузабонаи нис­батан мукаммали русӣ ба тоҷикӣ китоби «Полный русско-таджикский словарь» («Луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ») мебо­шад, ки зери назари устод Айнӣ дар ду ҷилд таҳия ва солҳои 1933-1934 ба нашр расид. Баъдтар, мутаассифона, ин китоб ҳам чун шоҳасари «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) бо кадом як “ҷурми сиёсӣ” аз дукону китобфурӯшиҳо бозпас гириф­та шуд ва ба коми оташ рафт. Эҳтимолан «ҷурми сиёсӣ»-и китоби мазкур бастагӣ ба ин дошт, ки дар он дар баробари истилоҳоти русии сиёсии давр ғолибан истилоҳоти тоҷикиаслу арабиасос мав­риди истифода қарор дода шуда буданд.

Яке аз шогирдони фозили устод Айнӣ Раҳим Ҳошим, ки ифтихори иштирок дар ҳайати тартибдиҳандагони ин фарҳанг ба худи вай низ муяссар гардида буд, дар робита ба таҳияи он ёдовар мешавад, ки ибтидои соли 1929 Комиссариати мао­риф ва Нашриёти давлатии Тоҷикистон бо назардошти ниёзи мардум ба луғати русӣ-тоҷикӣ ва тартиб додани он гурӯҳе­ро дар Самарқанд зери раҳбарии устод Айнӣ вазифадор кард. Ба қавли Раҳим Ҳошим ин луғат «ҳарчанд ки чоп шудан ҳамоно ҷавонмарг гардид ва дар ҳаққаш маломатҳои зиёде карда шуд… аз ҷиҳати ёфта мондани калимаҳои муодил, кали­маҳои муродифи тоҷикӣ, аввалин бор ба кор даровардани баъзе истилоҳҳо, истеъмоли баъзе шаклҳои дар он вақт ҳанӯз камистеъмолу номаъмули грамма­тикӣ дар он луғат хеле кор карда шуда буд, ки ин асосан дар натиҷаи иштироки бевоситаи Айнӣ ва меҳнати хеле дилсӯ­зонаи вай… муяссар гардида буд».

Раҳим Ҳошим, ки гуфтем, зери роҳ­барии устод Айнӣ дар таҳияву тадвини ин луғати дузабонаи русӣ-тоҷикӣ ишти­рок кардааст, дар баробари луғатдонӣ ва луғатшиносии Айнӣ ба муносибат ва масъулиятшиносии баланди ӯ дар фарҳангнигорӣ баҳои баланд ва сазовор додааст. Вай таъкид бар он дорад, ки «дар аснои кор дар болои ин луғат ба вуқуфи Айнӣ ба сарвати хеле бузурги забони адабӣ ва халқии тоҷик, ба дониши вай, ба нозукиҳои забони мо, ба диққати вай дар ҷустуҷӯ ва истеъмоли калимаҳои ҷудогона, нафақат ба луғатдонӣ, балки ба луғатшиносии вай, ба хӯрдагириҳои вай дар ҷумлабандиҳо, ба эҳтиёткории вай дар истеъмоли калимаҳои нави номаълум, ба ғамхорӣ ва дилсӯзии вай ба забони адабии мо, ба масъулият ҳис кардани вай дар аснои навиштани ин ё он калима, ба сахтгирӣ ва интизомдӯстии вай боварии тазалзулнопазире ҳосил кардам».

Раҳим Ҳошим ҳамчунин ёдовар ме­шавад, ки устод Айнӣ ҳангоми тартиб додани калимаҳои ҷудогонаи луғат ҳар­чанд «ҳофизаи хеле зӯре дошт, луғати бисёреро бо тамоми ҷузъиёташ аз ёд ме­донист, вале бе санҷиш, бе дидани луғат, бе он ки тарафҳои гуногуни он калимаро як бори дигар тафтиш ва мулоҳиза кунад, ба навишта шудани он рухсат намедод».

Ҳарчанд аксари нусхаҳои фарҳанги дуҷилдаи «Луғати мукаммали русӣ- тоҷикӣ», ки бо раҳнамоии устод Айнӣ таҳия ва ба нашр расида буд, бо амри зимомдорони давр нобуд карда шуданд, вале асосан равиши илмии имрӯзаи фарҳангнигории дузабона, метавон гуфт, маҳз тавассути ҳамин фарҳанг пайрезӣ шудааст, ки аз тарафи фарҳангнигорони баъдӣ мавриди истифодаву истиқбол ва такмилу таҷдид қарор гирифт. Устод Айнӣ бо вуҷуди ба коми оташ рафтани ин фарҳанг ҳам, ба фаъолияти фарҳангни­гории дузабонаи худ идома бахшид ва хидмати ӯ дар таҳрири «Луғати тоҷикӣ- русӣ» (1940) шоиста ва муассир арзёбӣ мешавад.

Хидмати мондагори устод Айнӣ дар таҳияву тадвини фарҳангҳои тафсирӣ таҳияи «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик» мебошад. Вай моҳи июли соли 1938 таҳияи ин фарҳангро ба итмом расонд, ки нусхаи асли он дар он рӯзгори сахти таъқибу террор зоҳиран аз миён рафт.

Устод Айнӣ дар як номаи худ ба ди­ректори Нашриёти давлатии Тоҷикистон Тоҳир Пӯлодов, ки 2 августи соли 1938 навиштааст, хабар медиҳад, ки “кори асосии луғат 1 июли ҳамин сол тамом шуд, ҳамагӣ 629 саҳифа (бо саҳифаҳои иловагӣ), тақрибан 11 400 луғат ҷамъ гардид…”. Чунон ки аз номаи худи устод ҳам ба мушоҳида мерасад, ин фарҳанг аз 629 саҳифаи дастнависи устод бо хатти ниёкон иборат будааст. Агар хатти резаи устодро бо алифбои ниёкон ба назар гирем, пас маълум мегардад, ки ин фарҳанг ҳаҷми хеле бузург доштааст, ки мутаассифона, ҳамаи он то ба айёми мо нарасидааст.

Моҳи апрели соли 1939 донишманди маъруф Евгений Эдуардович Бертелс (1890-1957) дар як номаи самимонаи худ ба устод Айнӣ ин луғатро «шоҳкор» ба қалам дода, таъкид карда буд, ки «ин китоб ганҷинаест, аз ҷавоҳири гарон­баҳои моломол, як асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд». Зимнан профессор Е. Бертелс, ки луғати мазкур соли 1939 аз тарафи шуъбаи Ленинградии нашриёт барои таҳрир ба вай супурда шуда буд, дар номаи худ ба устод Айнӣ ишора ба он дорад, ки «дар луғати Шумо бо он ҳама сарват, ки дорои он аст, калимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ ҳеч ёфта на­мешавад. Агарчи ман шояд сабабашро мефаҳмам, вале метарсам, ки агар ин китоб дар ҳамин шакли ҳозирааш аз чоп барояд, баъзе танқидчиёни мӯшикоф як ҳойҳуйе хоҳанд баровард, ки он сараш нопайдо хоҳад буд. Хоҳанд гуфт, ки Шумо мухолифи дохил кардани чунин калимаҳо дар забони адабии тоҷик ҳастед ва дигар ҳамин хел музахрафот. Агарчи Шумо албатта метавонед ба чунин танқид чунон як ҷавоби қатъӣ бидиҳед, вале ба назарам аз ин қисм гуфтугӯҳо ҳеч касро хушаш намеояд».

Ин суханони профессор Е. Бертелс дар он рӯзгор беҳикмат набуд. Худи вай, ки аз зиёиёни ашрофзодаи Русия буд ва то ин дам, яъне то соли 1939 ду бор (солҳои 1922 ва 1925) бо баҳо­наҳои бофта ба маҳбас кашида шуда буд, аз ҷони устод Айнӣ бим дошт. Ҳамчунин профессор Е. Бертелс аз сарнавишти тал­хи китоби дар боло ёдшудаи «Полный русско-таджикский словарь» («Луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ») бохабар буд. Бино бар ин, ба устод Айнӣ тавсия медиҳад, ки мо метавонем бо ризояти Шумо ба як мутахассис супориш диҳем, муҳимтарин истилоҳот ва луғатҳои сиёсии русиро бо шарҳи онҳо интихоб кунад. Баъдан «як мутарҷими забардаст аз қабили Улуғзода» ҳамаи ин луғатҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунад. Баъдан ҳамаи ин калимаҳо ба Шумо фиристода хоҳад шуд ва бо савобдиди Шумо ба китоб илова карда мешавад.

Вале устод Айнӣ ин дархостро дар хусуси ба фарҳанг ворид кардани «ка­лимаҳои советӣ ва интернатсионалӣ» напазируфт ва ин фарҳанг дар рӯзгори зиндагии ӯ дигар ба нашр нарасид. Танҳо соли 1976 бо саъю эҳтимоми Камол Айнӣ ва Ҳафиз Рауфов дар заминаи нусхаи дувум ва дигар баъзе мусаввадаҳои устод ин фарҳанг барқарор ва ба сифати ҷилди 12 Куллиёти устод Айнӣ ба нашр расонида шуд.

Донишманди шинохта Раҳим Ҳошим, ки луғати нимтафсилии устод Айнӣ зери таҳрири ӯ ба нашр расид, бо таваҷҷуҳ ба матолиби ин луғатнома ба чунин хулоса омадааст, ки «Айнӣ фақат луғатдон на­буда, балки пеш аз ҳама луғатшиносе мебошад, ки ба нозукиҳои калима, ба тобишҳои гуногуни он, ба мавқеи истеъ­моли он дар забони адабӣ ва халқӣ диққат ва аҳаммияти калон медиҳад».

Ба назар чунин мерасад, ки мусав­вадаи «Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик»-и устод Айнӣ ҳангоми таҳияи луғатномаи муъта­мади имрӯзаи мо – “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) зери дасти таҳиягарону муҳаррирони он қарор доштааст ва аз он истифодаи босамар ба амал омадааст.

Аз баррасии муҳтавои фарҳангҳои номбурда ва ёддошту хотираҳои шогир­дону пайравони устод, ба хусус Раҳим Ҳошим дар робита ба фарҳангнигории устод Айнӣ ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки устод дар ин замина фарҳанги хос ва шеваи ибратомӯзи му­носибат доштааст, ки дар маҷмуъ чунин хулоса мешавад:

  1. Дар сатҳи олӣ донистани забони адабӣ ва вежагиҳои дастурию овоии он;
  2. Таваҷҷуҳи пайваста ба нозукиҳои ҳар калима, ба тобишҳои гуногуни маъ­ноии он, ба мавқеи истифодаву истеъмо­ли он дар забони адабӣ ва халқ;
  3. Камоли масъулият ва сахтгирию сахткӯшӣ ҳангоми навиштани ин ё он калима ва шарҳи он дар фарҳанг;
  4. Ғамхорӣ ва дилсӯзии беандоза ба забони адабӣ ва эҳтиёткорӣ дар истеъмоли калимаҳои нави номафҳум, аз ҷумла калимаҳои аз забонҳои дигар иқтибосшуда. Ба баёни дигар, ҷилавги­рӣ аз корбасти калимаҳои иқтибосӣ, ки ба савтиёт ва табиати забони модарии мо мухолифат доранд. Аз рӯйи имкон, нахуст ба савтиёт ва табиати забони модарӣ мувофиқ оварда, пас ба фарҳанг ворид кардани онҳо;
  5. Дар фарҳангҳои тафсирӣ дар баробари моддаи луғавӣ ё калидвожа, яъне калимаи мавриди шарҳ овардани шарҳи кӯтоҳу муҷаз ва аз рӯйи имкон шоҳиди луғавии назму наср ба он. Ма­салан, шарҳи калимаи “пешавар” дар “Луғати нимтафсилӣ”-и устод Айнӣ чунин омадааст:

ПЕШАВАР касест, ки ба ягон ҳунари дастӣ машғулӣ дорад [соҳибҳунар, косиб]

Ба поён расад кисаи симу зар,
Нагардад тиҳӣ кисаи пешавар.
                                                 (Бӯс.)

Шарҳи ин вожа дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) чунин аст:

ПЕШАВАР ҳунарманд, санъаткор, косиб, ҳунарпеша.

Ба поён расад кисаи симу зар,
Нагардад тиҳӣ кисаи пешавар.
                                            (Саъдӣ)

Ё калимаи арабиасли “мудрик” дар фарҳанги устод Айнӣ ба ду маънӣ шарҳ ёфтааст:

МУДРИК 1. дарёбанда. 2. фарқку­нанда.

Назаре ку, ки кунад ранги гул
                                            аз оташ фарқ,
Шомае ку, ки шавад мудрики
                                                мушк аз мушлак?
                                                                                 (Бедил)

Айни ҳамин шарҳ бо андак илова ва ҳамин шоҳиди луғавӣ дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба мушоҳида мерасад:

МУДРИК 1. идроккунанда, дарёбанда, фаҳмкунанда. 2. фарқкунанда, имтиёз­кунанда.

Назаре ку, ки кунад ранги гул
                                             аз оташ фарқ,

Шом(м)ае ку, ки шавад мудрики
                                         мушк аз мушлак?
                                                                    (Бедил)

  1. Пеш аз ворид кардани калима ба фарҳанг чанд бор мавриди санҷишу тафтиш қарор додани он, аз ҷумла дар муқоиса бо фарҳангҳои қаблӣ, агар ин калима дар фарҳангҳои дигар мавҷуд бошад.

Чунин муносибати писандидаву ибра­томӯзи устод Айнӣ, яъне камоли масъ­улият дар интихоби вожаву калима ва дар заминаи фарҳангҳои дигар мавриди санҷишу тафтиши пайваста қарор додани калимаву вожаҳое, ки ба фарҳанг ворид карда мешаванд, мақбул­тарин шеваи фарҳангнигорист ва имрӯз низ зарур аст сармашқи фаъолияти фарҳангнигорону луғатнависони муосир қарор бигирад.

Ҳасани Султон,
узви вобастаи АМИТ

Дигар хабарҳо