• 30.01.2025

ФАРХУНДАБАШОРАТ

 ФАРХУНДАБАШОРАТ

Ба муносибати 80-солагии профессор Усмонҷон Ғаффоров

Мо чароғи маърифат афрӯхтем,
Аз ҳазорон як сухан андӯхтем.
Қатраро дарё давоми зиндагист,
Ҳамдамиву ҳамдилӣ пояндагист.
                                                 Ҷалолуддини Румӣ

Пас аз даргузашти устод Лоиқ профессор Усмонҷон Ғаффоров ба навиштани китобе роҷеъ ба зиндагӣ ва шеъри ӯ шуруъ карданд ва ҳамин китоб ошноии моро ба дӯстӣ табдил дод. Ҳамон вақт ман дарёфтам, ки устод як инсони фавқулода дилбохтаи илму адабу фарҳанг ҳастанд ва агар ба коре азм кунанд, то ба итмом расидани он хобу хӯрро фаромӯш мекунанд. Як андак дар веростории китоб кумак хостанд ва охирсухани онро низ ба уҳдаи банда вогузоштанд, ки бо номи «Посдори бузургон» дар поёни китоби «Султони диёри сухан» интишор ёфт. Оғози он чунин буд:

«Субҳ занги телефон аз оғози рӯзи нав дарак медиҳад.

 – Салом, ман Ғаффоров. Мақолаи профессор А.Саъдуллоевро дар бораи вазъи васоити ахбори умум дар «Ҷумҳурият» хондед? Ба назарам, ба Шумо лозим мешавад. Рӯзи дигар ин олими пуркорро тасодуфан дар кӯча дучор меоям, ки ба маҷлисе ё мулоқоте шитоб доранд:

– Агар нашри нави китобатонро дар бораи Фурӯғ тайёр карданӣ бошед, ман чанд маводи ҷолиб дорам, ки метавонам дар ихтиёратон гузорам, – саросемавор мегӯянд эшон дар сари роҳ».

Аҷаб ҳавсалае доштанд муаллим. Ҳамеша аз хабарҳои охирин огоҳ буданд, қариб тамоми рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳриро ҳамарӯза мехонданд, мақолаҳои ҷолибро ҷудо карда, дар лифофаҳои махсус ҷо медоданд. Шояд дар Хуҷанд ва дар тамоми ҷумҳурӣ ҳеҷ кас ин миқдор китобу аксҳо, дӯхтаҳои рӯзномаву маҷалла ва дафтарҳои пури хотирот надошта бошад. Сиёсату таърих, адабиёту фалсафа, рассомиву мусиқӣ – роҷеъ ба тамоми ин соҳаҳо аз бойгонии шахсии профессор Усмонҷон Ғаффоров метавон маводи нодир пайдо кард. Ва хеле муҳим, ки ин ҳама манобеъ дар зери чанги фаромӯшӣ намонда, мавриди истифодаи ҳамешагии худашон ва дӯстону шогирдонашон қарор мегирифтанд.

Профессор Усмонҷон Ғаффоров аз олимони хеле пурмаҳсул буданд ва дар тӯли фаъолияти илмиашон беш аз 85 китоб, зиёда аз 1500 мақолаи илмиву тадқиқотӣ, илмиву оммавӣ таълиф ва нашр кардаанд.

 Як равияи тозае, ки Усмонҷон Ғаффоров дар таърихнигории тоҷик шуруъ кардаву пайгирона онро идома бахшидаанд, бозшинохти шахсиятҳои маъруфи замон буд. Таълифи осори алоҳида дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров, донишмандони мумтоз Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ ва Муҳаммад Осимӣ, ходимони машҳури давлатӣ Турсун Ӯлҷабоев, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Назаршо Додхудоев ва дигарон далели равшани ин нукта аст. Дар тамоми ин осор кӯшиши муаллиф барои ворид шудан ба ҷаҳони маънавии ин ашхоси таърихӣ ба мушоҳида мерасад. Китобҳои устод «Матбуот ва мухбирони коргару деҳқон», «Қадри нон», «Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллат», «Турсун Ӯлҷабоев», «Нобиғаи айём», «Миллат аз афрод меёбад мақом», «Лоиқ Шералӣ», «Фурӯғи ҳиндшиносии тоҷик», «Хистеварз», «Кишваршиноси асили Хистеварз», «Ҳодӣ Кенҷаев», «Сотим Улуғзода», «Саъдулло Асадуллоев» ва ғайра аз доираи густардаи мавзуот, мутолиот ва таълифоти ӯ дарак медиҳанд.

Яке аз мухтассоти услубии таълифоти профессор Усмонҷон Ғаффоров бозгӯи зиндагиномаи афроди маъруф тавассути абёти ниёгони бузург аст. Агар ашъори шуароро аз китоби эшон гирд оварем, фикр мекунам, гулчини беҳтарин абёти андарзӣ хоҳад шуд. Муҳаббати устод ба адабиёт, хоса ба шеър беҳудуд буда, ин хусусият дар он падида низ зуҳур карда, ки ҳар фикр бо шеъре тақвият ёфтааст. Чунончи, дар мавриди накӯном зистан эшон борҳо аз гуфтаҳои бузургон, ки хеле ҳамоҳанганд, ёдовар мешаванд:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
                                                                                  Ҳофиз

 Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
                                                                                 Саъдӣ

 Намурд он касе, к-аз ҷаҳон ном бурд,
 Ки марди накӯном ҳаргиз намурд.
                                                          Амир Хусрави Деҳлавӣ

Ин се байт, ки ҳамеша дар зеҳни устод мечархид, далели қаробати рӯҳии ӯ бо бузургони адабиёт ва таворуди назар дар андешаи ин се нобиға ҳам ҳаст.

Дар китоби «Алломаи замон», ки ба рӯзгор ва корномаи илмии академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, муаллиф борҳо аз таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба шахсияти ин олими фарзона сухан ронда, таъкид кардааст, ки абёти зерин дар тарбияи маънавии ӯ ҷойгоҳи махсус доштанд:

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,
Дигар ҳар чи бошад, намонад ба кас.
Сухан гуфтани нағзу кирдори нек
Бимонад чунон то ҷаҳон аст рек.
 Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Ба назари мо, абёти мазкур дар таҳаввули шуур ва ҷаҳони маънавии қаҳрамони мо низ басо муассир ва коргар будааст.

Зимнан, ҷои зикр аст, ки профессор Усмонҷон Ғаффоров муаллифи як силсила мақолаҳо дар бораи адибони тоҷик низ ҳастанд, ки аз он миён панҷ мақола дар бораи Раҳим Ҷалил, чаҳор мақола дар бораи андешаҳои Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба масоили мухталифи адабиёти тоҷик, чанд асари дигар дар бораи Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Розия Озод, Сотим Улуғзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Лоиқ ва Фарзонаро метавон ном бурд.

 Нахустин китоби профессор Усмонҷон Ғаффоров дар бораи Лоиқ, чунонки ёдовар шудем, таҳти унвони «Султони диёри сухан» соли 2001 ба муносибати 60-солагии шоир аз чоп баромад, ки онро метавон чун кӯшиши нахустини гирдоварӣ ва таҳлили мавод дар бораи ин шоири зиндаёд муаррифӣ кард. Ошноии шахсӣ бо қаҳрамони асар ва нақли лаҳзаҳои ҷудогона аз зиндагии ӯ, ки муаллиф шоҳиди онҳо будааст, китобро басо арзишманд намудааст. Дар асар марҳалаҳои муҳимтарини зиндагии шоир аз овони кӯдакӣ то соати падруд ва ибтикороти ин фарди соҳибсухан дар ҷодаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, бузургдошти забони модарӣ, арҷгузорӣ ба хидматҳо ва меҳрубониҳои модар, посдории ниёгон, ситоиши меҳан ва ишқ дар ашъори ӯ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Муддати зиёде сипарӣ нагашта, муаллиф ин китобро хеле такмил доданд, ба он асноди фаровон афзуданд ва соли 2007 дар нашриёти «Адиб» онро таҳти унвони «Шаҳбози осмони сухан» дар ҳаҷми 840 саҳифа интишор намуданд, аммо бо ин ҳам қонеъ нашуда, соли 2012 нашри сеюми китобро бо номи хеле сода ва пурмаънии «Лоиқ Шералӣ» бо иловаву таҳрир тайёр карданд. Беҳуда нест, ки муаллифи пешгуфтор Фарзона ин китобро «Хизонаи саршор» ном гузоштааст, зеро воқеан ҳам он мисли қомуси зиндагӣ ва ашъори Лоиқ Шералӣ аст, ки танҳо номгӯи адабиёташ беш аз 900 адад буда, дар он зикри номи беш аз 5000 шахс мушоҳида мешавад. Чунин асар барои муҳаққиқони осори Лоиқ дар ҳақиқат манбаи бебаҳост.

 Пас аз нашри китоби сеюм ҷустуҷӯҳои У. Ғаффоров дар шинохти Лоиқ идома ёфтанд. Чанде нагузашта китоби нави эшон таҳти унвони «Дурдона ва дарё» дар иртибот бо мақоми устодии Лоиқ ва хулуси шогирдонаи Фарзона аз чоп баромад ва чандин санади тозаи дигарро роҷеъ ба зиндагӣ ва равобити ҳасанаи устоду шогирд дар ихтиёри мухлисони шеър гузошт.

Хусусияти дигари осори профессор Усмонҷон Ғаффоров дар он зуҳур меёбад, ки дар паси сатрҳои муаллиф ҳамеша як нафари хеле ҳассос, ки тамоми воқеаву ҳодисоти мавриди тасвирро аз дили худаш мегузаронад ва ба ҳамаи ашхосу воқеот назари хоси худро дорад, падид меояд. Муаллиф дар бораи ҳар касе, ки менависад, хеле бо ихлосу муҳаббат сухан мегӯяд. Маълум аст, ки танҳо дар сурати эҳтирому хулус доштан ба касе қалам ба даст мегирад ва ҷолибтарин лаҳзаҳои зиндагии қаҳрамони худро рӯи саҳифа меоварад, зеро бо ҳиссиёти саршор ва меҳру ихлос дар бораи инсонҳо навиштан ва асноду арқоми тозаро ба кор гирифтан хоси таълифоти ӯст.

Устод Усмонҷон Ғаффоров ба ҷуз он ки муаррих, омӯзгор, нависанда ва рӯзноманигор буданд, инсони хеле хушсуҳбату дилёб, зираку пурзарофат, дилбохтаи шеъру мусиқии миллӣ ва рақсҳои мавзуни тоҷикӣ буданд. Касе буданд, ки тамоми вуҷудашон пур аз меҳру сидқу ихлос ба бани башар, хоса ба ашхосе буд, ки барои миллати мо ва тамоми мардуми ҷаҳон ҷоннисорона хидмат кардаанд.

Устод насиҳати падарро, ки «зоғ мабош, булбул бош, яъне ба мардум ҳамеша пайки некӣ бубар» гуфтаанд, ҳама умр бо камоли майл иҷро мекарданд. Дар ҳақиқат қосиди шодӣ ва фархундабашорат буданд, ки имрӯз, мутаассифона, ҷояшон холист. Дар ин рӯзҳо, ки 80-солагии ин муаррихи накӯном таҷлил мешавад, бори дигар меҳнати фидокорона ва шахсияти наҷиби эшон пеши назар меояд ва дуои хайр ба равони покашон мефиристем ва ёдашонро гиромӣ медорем.

Матлубаи МИРЗОЮНУС

Дигар хабарҳо