УСТОД АЙНӢ – МУҲАҚҚИҚИ ОСОРИ АЛИШЕР НАВОӢ

Яке аз муҳимтарин вежагиҳои осори адабиётшиносии устод Садриддин Айнӣ инсонпарварӣ ё ба истилоҳ гуманизм мебошад, ки махсусан дар мақолоти мухталиф ва рисолаи бузурге, ки бахшида ба ҳаёту эҷодиёти асосгузори адабиёти классикии ўзбек Алишери Навоӣ таълиф намудааст, ба хубӣ аён аст.

Нахустин маротиба ҳаёту эҷодиёти Навоиро устод Айнӣ дар тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» ба мулоҳиза гирифта, маҳз ў дар адабиётшиносии навини тоҷик Навоиро ба доираи адибони классики форсу тоҷик дохил намуд: «Ҳарчанд амир Алишерро дар зайли шуарои форсу тоҷик навиштан мувофиқи ризои худам нест, аз он ҷо ки дар форсӣ ҳам ба бисёртарин шуарои форс баробарӣ, балки фузунӣ мекард, дил нахост, ки ин маҷмўа аз намунаи ашъори обдори ў бебаҳра бимонад» [Намунаи адабиёти тоҷик, 2010. — с. 65].

Дар «Намуна…» дар фасли «Низомуддин Амир Алишери Навоӣ ва дар форсӣ Фонӣ, таваллуд — 844, вафот — 906» намунаҳое аз «Туҳфат-ул-афкор», бархе қитъаҳо ва матни мактуби Навоӣ ба Хоҷа Фазли Девон ва Хоҷа Абдуллоҳи Марворид оварда шуда, маъхазҳои он низ зикр гардидааст [Намуна…, 2010. — с. 63-65].

Гузашта аз ин, устод Айнӣ дар тазкирааш асарҳои Алишери Навоӣ, махсусан «Маҷолис-ун-нафоис»- ро чун маъхази муътабар ба таври фаровон истифода кардааст, ки мо инро аз ҷумла дар фаслҳои «Абулқосим Бобурмирзо ибни Бойсунқур ибни Шоҳрухмирзо», «Сайфии Бухороӣ», «Хаёлии Бухороӣ», «Риёзии Самарқандӣ» ба мушоҳида мегирем.

Устод Айнӣ баъд аз нашри «Намуна…» дар «Ҷавоб ё ин ки мусоҳаба» ном мақолаи ба тариқи тақриз навиштаи худ дар қатори ҳафт масъалаи гуногун аз ҷумла оид ба тахаллуси Навоӣ баҳс мекунад. Андешаҳои устодро дар ин бора ба мулоҳиза гирифта, адабиётшиноси шинохта Ҳ. Шодиқулов қайд карда буд, ки «аз ҷавоби Айнӣ ба  Б. Азизӣ дар гирди тахаллуси тоҷикии Навоӣ асосан ду хулоса пеши назар меояд: устод ҳамон вақт дар ҷараёни омўзиши дақиқкорона ва ҳаматарафаи таърихи адабиёти ўзбек буда, ба тадқиқи фундаменталии муҳимтарин масоили ин мероси гаронбаҳо тайёрӣ медидааст» [«Тоҷикистони Советӣ», 18.IХ.1981. — № 218]. Яъне,  солҳои бистум, ҳангоми таълифи «Намуна…» барои устод Айнӣ як давраи омодагӣ буд, то ин ки баъдан фаъолияти илмии худро дар навоишиносӣ ривоҷ диҳад.

Устод Айнӣ ба таҳқиқи амиқи ҳаёту эҷодиёти Навоӣ ба таври муназзам аз соли 1938, дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни панҷсадсолагии шоир шуғл варзидааст. Баъдан, соли 1941 монографияи худ «Алишер Навоӣ»-ро таълиф намудааст, ки ба сабаби ҷанг танҳо соли 1948 ба шакли китоби алоҳида чоп шудааст.

Дар мақолаи нахустин — «Мир Алишери Навоӣ» (1938), ки аз чор қисмат иборат аст, устод Айнӣ ба таври мухтасар оид ба тарҷумаи ҳол, авзои иҷтимоиву сиёсии замони шоир маълумот дода, андаке хусусиятҳои мухталифи эҷодиёт ва вежагиҳои ғоявию эстетикии ашъори Навоиро таҳлил намудааст. Ў дар ин мақола бавежа робитаи Навоиро ба адабиёти форсу тоҷик ба мулоҳиза гирифта, махсус таъкид намудааст, ки «Мир Алишери Навоӣ бо адабиёти форсӣ тарбия ёфт, Фирдавсӣ, Аттор, Низомӣ, Саъдӣ ва дигар классикҳои адабиёти форсиро омўхт ва аз Ҷомӣ барин классики даври охирини адабиёти форсӣ шахсан тарбия ва таълим гирифт. Дар натиҷа яке аз беҳтарин шоирони замони худ гардид» [Куллиёт. Ҷ. 11, кит. 1. —  С. 204].

Таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти Навоӣ, дўстии Ҷомиву Навоӣ, муҳити адабӣ ва авзои сиёсиву иҷтимоии қарни XV махсусан дар рисолаи «Алишер Навоӣ» (соли таълиф — 1941, соли нашр -1948) хеле вусъат ёфтааст. Рисола аз даҳ боб, хотима ва эзоҳот иборат аст. Дар боби нуҳум намунаи ашъори форсӣ-тоҷикии Навоӣ оварда шуда, сипас таҳлили арзишҳои он аз ҷониби муаллифи рисола ба анҷом расидааст. Устод Айнӣ, чунонки худ хулоса кардааст, дар рисолааш масоили марбут ба «замони зиндагӣ, тарҷумаи ҳол, фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ ва эҷодиёти адабии» [Куллиёт. Ҷ. 11, кит. 1. — С. 266] Навоиро хеле муфассал таҳқиқ намудааст. Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми рисолаи Айнӣ дар он аст, ки ў махсусан ба тарғибу таҳлил ва муайян намудани сифату мазмуни ашъори форсиву тоҷикии Навоӣ диққат дода, бори дигар ба забони форсиву арабӣ таҳсил дидани ўро таъкид кардааст [Куллиёт. Ҷ. 11, кит. 1. —  С. 336, 365].

Бояд тазаккур дод, ки маҳз ба василаи ин намунаҳо нахустин маротиба оммаи хонандагон, махсусан ҷавонон бо ашъори тоҷикии Навоӣ шинос шуданд. Аз ҷумла, устод Айнӣ ба қазияҳои марбут ба жанри муаммо фасли махсус ҷудо карда, маҳз барои ҷавонон тарзи муаммогўӣ ва равиши посух додан ба онро таҳлил намуда, аҳаммияти иҷтимоии вайро дар он замон нишон додааст. Устод Айнӣ кўшидааст, ки тамоми паҳлуҳои эҷодиёти Навоиро таҳлил намояд, аз ин лиҳоз гоҳ муфассал ва гоҳ мухтасар, асосан, тамоми осори ўро тавсиф ё номбар кардааст.

Ғайр аз тарҷумаи ҳол ва таҳлилу тавсифи осори худи Навоӣ устод Айнӣ дар боби панҷуми рисола «хидматҳои илмӣ-адабӣ ва мадании Мир Алишер» — ро баён намудааст, ки дар ин маврид, махсусан, фасли «Китобҳои илмӣ ва адабӣ, ки бо ташаббуси Навоӣ таълиф ёфтаанд» ҷолиби диққат аст. Дар фасли мазкур устод Айнӣ «48 китобро, ки дар ҳақиқат 57 китоб» мебошад номбар намуда, ба таври махсус «ташаббус ва ёрмандии моддӣ ва маънавии Алишери Навоӣ»-ро дар таълифи онон қайд кардааст [Куллиёт. Ҷ. 11, кит. 1. —  С. 377-379].

Бавежа, дар санҷиши фаъолияти эҷодии Алишери Навоӣ диққати устодро таҳлили «Хамса»-и ў, ки аввалин хамса ба забони туркӣ-ўзбекӣ (ё: туркии чағатоӣ) буд, ба худ кашидааст. Устод Айнӣ ҷиҳатҳои тозаи «Хамса»- и Навоиро, ки дар равияи хамсасароии Низомию Амир Хусрав таълиф ёфта буд, нишон дода, баҳои нобиғаи аср Абдураҳмони Ҷомиро аз «Хирадномаи Искандарӣ» барои тақвияти фикраш иқтибос кардааст [Куллиёт. Ҷ. 11, кит. 1. —  С. 358-359].

Агар ба таърихи робитаҳои адабиву дўстии деринаи тоҷикону ўзбекҳо назар афганем, пас мебинем, ки дар ин маврид устод Айнӣ бештар ба масъалаи дўстии Навоӣ ва Ҷомӣ чун таҷассуми дўстии ду халқи бародар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст.

Устод Айнӣ дар ҳамаи таълифоташ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти асосгузори адабиёти классики ўзбек, ба масъалаи дўстиву ҳамкории Ҷомиву Навоӣ диққат дода, онро рамзи дўстиву рафоқати тоҷикону ўзбекҳо чи дар гузашта ва чи замони кунунӣ донистааст. Гузашта аз ин, тибқи ахбори рўзномаи «Ленинский путь» аз якуми январи соли 1941 устод Айнӣ таълифи рисолаеро оид ба ҳаёту эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ ба нақша гирифта будааст [Феҳрасти асарҳои С. Айнӣ ва адабиёти оид ба ў. Душанбе, 1963. —  С. 241], лекин бо сабабҳое ин нақша амалӣ нагардида, китобе, ки дар тафаккури ў тайёр буд, нонавишта мондааст. Вале новобаста ба ин хидмате, ки устод дар мавриди муносиб дар дохили таълифоташ доир ба Навоӣ дар боби омўзиши Ҷомӣ кардааст, сазовори тақдир буда, ба таҳқиқи махсус ниёз дорад.

Ў дар кулли навоиномааш ҳамеша аз муносибати хуби устоду шогирд ёд карда, дўстии онҳоро дар рисолааш бо чунин суханони эҳсоспарвар хулоса кардааст: «Алишер ба Ҷомӣ дар вақти 18-19-сола будани худ шогирд шуда будааст. Ин алоқа рафта-рафта аз дараҷаи алоқаи устодӣ ва шогирдӣ гузашта, ба дараҷаи падарӣ ва фарзандӣ расид. Дар вақти вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ бо вуҷуди он ки ў фарзанди калон ва хешовандони наздик дошт, аз подшоҳ гирифта то оммаи халқ Навоиро соҳиби мурдаи Ҷомӣ медонистанд ва ба ў таъзия мерасониданд» [Куллиёт. Ҷ. 11, кит. 1. —  С. 280].

Ба замми ин устод Айнӣ ошкор намудааст, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ба Навоӣ на танҳо устоду падар, балки роҳнамои сиёсӣ низ ба ҳисоб рафта, Навоӣ бо маслиҳатҳои муфиди ў маъмурияти давлатии худро пеш мебурдааст. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурӣ «Ҷомӣ ва Навоӣ барои иҷрои як вазифаи бузурги таърихӣ камари ҳиммат баста буданд, ки манфиатҳои давлати мутамаркиз ва манфиатҳои халқро ба ҳам наздик биёваранд, давлату миллатро ба пешвози якдигар равона бисозанд, то ки онҳо такягоҳи якдигар бошанд» [Равшангари бузург, с. 157].

Ба василаи дўстӣ, муносиботи устодиву шогирдӣ, муҳовараю муколама ва мукотибаҳои рафиқонаи Ҷомию Навоӣ аз онҳо шеъру асарҳое ба ёдгор мондаанд, ки ба якдигар бахшида навиштаанд ва ё бо илтимоси ҳамдигар таълиф карда, ба посуху тазминҳои ҳамдигарӣ кўшидаанд.

Ба ин хотир, вай дар баробари ғазалиёт, қитъаҳо, рубоиёт ва ғайра қисман қасидаи Навоӣ «Туҳфат-ул-афкор»-ро, ки ба Ҷомӣ бахшидааст, дар рисолааш дарҷ намуда, илова кардааст, ки «Алишер баъд аз навиштани ин қасида боз дар ҳамин вазну қофия як қасидаи дигар навиштанашро дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» ёд мекунад. Аммо аз он қасида асаре намондааст ё ки дар дасти мо наафтодааст» [Куллиёт. Ҷ.11., Кит. 1, саҳ. 418]. Ҳамчунин «Мусаддас бар ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ» ва «Таркиббанд, Марсия дар вафоти Абдурраҳмони Ҷомӣ» -ро оварда, ба андешаи мо аз ин тариқ қадррасӣ ва ихлосмандии Навоиро нисбат ба Ҷомӣ махсус таъкид намудааст. Илова бар ин, аз нақлу қайдҳои устод ҳувайдост, ки вай аз афкори фалсафӣ, ғояҳои баланди иҷтимоию ахлоқии қасидаҳои ҳарду адиби забардаст мутассир шудааст.

Ин тавр, устод Садриддин Айнӣ нахустин шуда таҳқиқи аҳволу осори Мир Алишери Навоиро ба доираи гардиши илмӣ ворид намуд, ки минбаъд ба адабиётшиносони тоҷику ўзбек заминаи муътамад  барои тадқиқоти алоҳидаву мукаммал гардид ва то кунун ин осори устод аҳаммияти худро аз даст надодааст. 

Масрур АБДУЛЛОЗОДА,

профессори  Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия

Дигар хабарҳо