Устод Айнӣ дар Британияи Кабир ва Амрико

 Устод Айнӣ дар Британияи Кабир ва Амрико

«Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва  Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»

Тақрибан беш аз панҷ сол пеш Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагон аз профессор Абдусалом Мамадназаров, ки дар тарҷумаи мат­нҳои илмӣ ва адабӣ ба забони англисӣ таҷриба ва малакаи хуб дорад, баргардонидани ду очерки таърихиву бадеии устод Айнӣ – “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ”-ро хоҳиш карда буд. Ӯ бо камоли майл хоҳиши моро пазируфт ва дар оғози соли 2021 матни тарҷумаи ҳарду очеркро ба мо пешниҳод намуд. Мо, мутаасссифона, барои чоп ва гузаронидани тарҷума аз назари коршиносони касбӣ имкон надоштем. Бинобар ин, аз профессори муҳтарам хоҳиш кардем, ки мо, албатта, мекӯшем, ки илоҷе барои чоп пайдо бикунем, вале худашон низ дар фикр ва аз пайи ин кор бошанд.

Инак, чанде пеш нашриёти бонуфузи осори илмӣ-таърихӣ ва фарҳангии ҷаҳони муоси­ри воқеъ дар Лондон ва Ню-Йорк «Роутлиҷ» («Routledge», London and New York) шоҳкориҳои Садриддин Айниро бо номи «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (Tajikistan’s National Epics. Muqanna’s Rebellion, and The Tajik People’s Hero Temurmalik, 2024) ба забони англисӣ ба унвони як монографияи илмӣ бо сифати баланд аз чоп баровард, ки ин як рӯйдоди фарҳангии бузург барои миллати тоҷик мебошад. Монографияи мазкурро профессори Донишгоҳи миллии Тоҷи­кистон Абдусалом Мамадназаров аз забони тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардааст ва про­фессор Ҷонатан Зартман (ИМА) онро таҳрир ва муаррифӣ намудааст.

Ба қавли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, «Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои шукуфоии фардии ҳар як мил­лату давлат зарур аст. Яъне, миллат бояд аз гузаштаи худ – хоҳ дурахшон бошад, хоҳ хира, – сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад». Мо ин монографияро ба 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон Тоҷи­кистон мебахшем, — таъкид мекунад мураттиб ва мутарҷими ин рисола.

Аз ин рӯ, асари мазкур натанҳо тарҷумаи осори таърихии С. Айнӣ, балки як монографи­яи илмиеро мемонад, ки илова ба тарҷумаи асарҳои мазкур, аз маводи таҳқиқ ва таҳиянаму­даи муҳаррир ва мутарҷим иборат мебошад ва пеш аз ҳама, барои хонандагони англисизабони дунё пешбинӣ шудааст. Асари мазкурро доктор Ҷ. Зартман (ИМА) ба сифати баланд таҳрир ва муаррифӣ кардааст ва итминони комил дорем, ки мавриди писанди хонандагони бурунмарзӣ ва ҳамватанони худамон хоҳад шуд.

Академик М. Имомзода ба ин асар бо унвони «Рисолати хидмат ба Ватан» пешгуфтори пур­муҳтаво навишта, аҳаммияту арзиши асарҳои устод Айниро таъкид кардааст ва ноширу муқарризон ҳам, пеш аз ҳама, таҳлилу баррасии пешгуфтори М. Имомзодаро баланд арзёбӣ ва таъкид кардаанд. М. Имом­зода аз ҷумла хотиррасон месозад: «Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки ҳар як шӯриши сокинони Мовароуннаҳру Хуросон бо сарнавишти родмардони ватанпараст робитаи мустаҳкам до­шта, дорои ҳадафҳои озодихоҳона ва истиқлолталабона буданд».

Монография бо муқаддимаи про­фессор А. Мамадназаров оғоз шуда, дар он таърихи инъикоси симои Муқаннаъ ва Темурмаликро дар адабиёти тоҷик, рус ва дигар халқҳо дар қарнҳои бистум ва бисту якум мавриди таҳлил қарор додааст. Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки дар ада­биёти ин давра доир ба ҳамин мавзуъ шоиру нависандагон, аз ҷумла С. Айнӣ, Сотим Улуғзода, Меҳмон Бахтӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Ӯрун Кӯҳзод, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Низом Қо­сим, Фарзона, Аҳмадҷон Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Маҷид Салим, Додохон Эгамзод ва дигарон асарҳо эъҷод намудаанд.

Муҳаррир профессор Ҷонатан Зартман ба ин асар пешгуфтори пурмазмуне навиштааст, ки дар он аҳаммияти асарҳои устод С. Айниро барои донишҷӯён ва хонандагони англисизабон таъкид карда, истифо­даи С. Айниро аз асарҳои таърихӣ – «Таърихи Табарӣ», «Равзат-ус- сафо», «Таърихи Наршахӣ» ва чан­де дигар, яъне, зиёда аз дувоздаҳ асари таърихӣ, мавриди таҳлили интиқодӣ қарор дода, дуруст инъикос гардидани санадҳои таърихиро дар ин асарҳои С. Айнӣ ҳамаҷониба ба шакли як мақолаи пурарзиши илмию таҳлилӣ пешниҳод намудааст. Бояд таъкид созем, ки муҳаррир ҳамаи иқтибосҳои С. Айниро аз асарҳои таърихӣ, ки онҳо дар давраи муосир ба забони англисӣ ва дигар забонҳои Ғарб тарҷума ва интишор шудаанд, муқоиса ва аслияти онҳоро собит кардааст. Ин яке аз талаботи корши­носони ношир «Роутлиҷ» ва муқарри­зон мебошад.

Ҳангоми таҳияи ин монография мураттиб ва мутарҷим профессор Абдусалом Мамадназаров итминони комил доштааст, ки бе зиндагиномаи муфассали устод Айнӣ, бе баррасии ҳаёт ва фаъолияти ӯ, бе таъкиди саҳми арзандаи С. Айнӣ дар адабиёти мусири тоҷик муаррифии ин асарҳо ба забони англисӣ ба хонандагони Ғарб ва Амрико нокомил хоҳад буд. Аз ин рӯ, бо ҳамкории муҳаррир, шарҳи ҳоли муфассали ҳаёт ва эҷодиёти муаллифро дар заминаи асарҳои илмии солҳои охир интишоршуда, аз ҷумла асарҳои илмии муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ – Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аълохон Афсаҳзод, Муҳам­мад Осимӣ, худи устод Айнӣ, Иржи Бечка, Паул Бергне, Евелин Грасси, Ҷон Перри, Атахон Сайфуллоев, А. Набавӣ ва дигарон пешкаш намуда­аст. Метавон гуфт, ки ин шарҳи ҳол пурратарин зиндагиномаи устод ба забони англисӣ мебошад.

Аҳаммият ва моҳияти ин ду аса­ри таърихии устод С. Айнӣ барои кишварамон ба ҳамагон маълум аст. Мутаассифона, то имрӯз асарҳои устод С. Айнӣ, ки фарҳангу адабиёт ва таърихи халқамонро муаррифӣ ме­намоянд, ба забони англисӣ хеле кам тарҷума шудаанд. Мақсади тарҷумаи нахустини ин асарҳои таърихӣ ба забони англисӣ, ба қавли мутарҷим, аз шиносонидани хонандагони англи­сизабони ҷаҳон бо таърих, адабиёт, фарҳанг ва фарзандони қаҳрамони халқи тоҷик – «Темурмалик ва Муқан­наъ, ки бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, қурбон шудаанд” (С. Айнӣ) иборат мебошад.

Тарзи баррасӣ, услубу сифати тарҷумаи «Ҳамосаи миллии Тоҷи­кистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳра­мони халқи тоҷик Темурмалик» ба забони англисӣ аз тарафи муқарризи «ғайрирасмӣ» (ки онро маъмулан муқарризи «сиёҳ» меноманд) баҳои баланд гирифтааст. Яъне ношир, «Роутлиҷ», пеш аз интишори ин асар онро барои арзёбӣ ва муайян кардани зарурати чоп ба муқарризи «сиёҳ» фиристода, пас аз гирифани тақризи мусбат барои чопи ин китоб тасмим гирифтааст.

Маводи иловагии илмие, ки пеш аз асарҳои тарҷумашуда ҷой дода шудаанд, – пешгуфтори академик М. Имомзода, муқаддимаи тарҷу­мон профессор А. Мамадназаров, пешгуфтори муҳаррир Ҷ. Зартман, зиндагиномаи С. Айнӣ (ҳамагӣ дар ҳаҷми 42 саҳ.) ва маводи замимагар­дидаи илмӣ-фарҳангӣ-таърихӣ (дар ҳаҷми 135 саҳ.) арзиши таърихиву фарҳангӣ ва таълимии асарро дучанд меафзоянд.

Сифати баланди тарҷума, тарзи таҳияю ҷобаҷогузории мавод, ди­зайн, иқтибосоварӣ ва истинод ба асарҳои илмӣ, феҳристи асарҳои истифодашуда (зиёда аз 200 номгӯй) ва индекси китоб, ба иборати дигар, «аппарати илмии асар» намунаи дараҷаи баландеро мемонад, ки ба талаботи стандартҳои байналмила­лии нашриётҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мисли Оксфорд, Принстон, Роутлиҷ ва ғ. ҷавобгӯй буда, намунае барои дигар муҳаққиқону муаллифон мета­вонад бошад.

Аз байни маводи иловагии зами­магардида, пеш аз ҳама, луғатномаи шарҳиҳолии шоирон, нависандагон ва мутафаккирон, чеҳраҳои таърихӣ, ки С. Айнӣ ба унвони сарчашмаҳои таърихии асарҳояш истифода карда, ба онҳо истинод намудааст, аз ҷумла, Абумуслими Хуросонӣ, Алп Арслон, Атсиз Хоразмшоҳ, Бармакиён, Ума­ри Хайём, Маҳмуди Ялавоҷ, Язди­гурд ва ғайра, зиёда аз 80 номгӯй, дар ҳаҷми то як саҳифа барои ҳар яке иттилоот оварда шудааст (саҳ. 111–160). Метавон таъкид кард, ки ин мавод нафақат барои хонандаго­ну донишҷӯёни хориҷӣ, балки барои хонандагону муҳаққиқони кишвари мо низ муфид аст, зеро маводи фарово­ну парокандаи илмӣ дар як нашрия гирд оварда шудааст. Барои ҳар яке аз ин номвожаҳои таърихӣ ва адабӣ адабиёти истифодашудаи иловагӣ зикр шудааст, ки хонанда метавонад иловатан онҳоро мутолиа кунад.

Дар замимаи баъдӣ (саҳ. 160–165) хронологияи рӯйдодҳои таърихии он давра, аз ҷумла сана ва таъри­хи фатҳи Самарқанд аз тарафи лашкари Қутайба ибни Муслим дар соли 93/712, оғози исёни Муқаннаъ дар соли 161/777, фатҳи Хоразм аз тарафи Маҳмуди Ғазнавӣ дар соли 416/1025, забти Осиёи Марказӣ аз тарафи муғулон ва туркон дар соли 1221 ва ғ., умуман, санаи зиёда аз 200 рӯйдодҳои таърихӣ пешниҳод мешавад.

Замимаи сеюм (саҳ. 166–194) «Глоссари» унвон дорад, яъне, шарҳи вожа ва истилоҳоти фарҳангии миллӣ, ки устод Айнӣ истифода бур­дааст ва фақат тарҷумаи онҳо кофӣ набуда, ба хонандаи англисизабон дарки онҳо мушкилие ба бор оварда метавонад (56 вожа ва истилоҳ), гир­доварӣ ва шарҳу тафсир шудаанд. Барои намуна метавонем вожаҳои барбат, корвонсарой, чойхона, чарх, шуштагарӣ, дарвеш, деҳқон, дирҳам, ҷизя ва ғайраро номбар кард, ки доир ба ҳар яке дар ҳаҷми то ним саҳифа иттилооти пурра барои хонандагони хориҷӣ бо адабиёти тавсияшаванда пешниҳод шудааст.

Дар замимаи чорум ба унвони «Маълумотномаи таърихӣ» (саҳ. 195–233) шарҳу тафсири 56 ҷою ма­кон, яъне шаҳру минтақаҳои таърихӣ, ки С. Айнӣ дар асарҳои худ номбар кардааст ва ба хонандаи англиси­забон номаълум буда метавонанд, шарҳу тафсир ва феҳристи адабиёти иловагӣ ҷой дода шудааст. Ин бахш низ барои дарки маводи китобҳои тарҷумашудаи С. Айнӣ хеле муфид мебошад. Масалан, нисбати номво­жаҳои таърихӣ – Абевард, Балҷувон, Балх, Бенакат, Чағониён, Ғиждувон, Ҳулвон, Истаравшан, Хатлон, Марв, Кӯҳи Сиём, Пайканд, Самарқанд ва ғ. барои ҳар кадом дар ҳаҷми то як саҳифа иттилооти таърихӣ оварда шудааст.

Дар замимаи панҷум ба унвони «Феҳристи адабиёт» (саҳ. 234–241) номгӯйи адабиёте, ки С. Айнӣ ба­рои навиштани осори таърихии худ истифода бурдааст ва муҳарриру мутарҷим барои таҳияи ин моногра­фияи илмӣ (зиёда аз 200 муаллиф) истифода кардааст, гирдоварӣ шу­дааст. Чунин феҳристи беназири адабиёт хонандаи англисизабонро бо сарчашмаҳои таърихии асар, осори илмии муҳаққиқони хориҷӣ, ки ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ, фа­ронсавӣ ва итолиёӣ ва дигар забонҳо интишор шудаанд ва марбут ба ин асар ҳастанд, шинос мекунад ва ба­рои фарҳангиёну адабиётшиносони кишвар низ ниҳоят муфид аст.

Яке аз навгониҳои ин асар боз дар он зоҳир мешавад, ки дар он се ха­рита, ки муҳаррир Ҷ. Зартман омода кардааст, ҷой дода шудаанд. Инҳо: харитаи самтҳои ҳаракат ва истилои арабҳо аз Осиёи Марказӣ (саҳ. 12), харитаи сафарҳои Абумуслим (с. 20) ва харитаи нокомиҳо ва фирори Султон Қутбиддин Муҳаммад Хораз­мшоҳ (с. 75) мебошанд. Ин харитаҳо хонандаро бевосита бо рӯйдодҳои таърихии минтақа шинос менамоянд.

Замимаи шашум ва ниҳоӣ индекс, яъне номвожаҳо (саҳ. 242-247) унвон дорад, ки он қисми таркибӣ ва ҳатмии ҳар як асари илмии муосир ба шумор меравад. Дар таҳияи ин бахш нақши муҳаррир ва муаррификунандаи он Ҷ. Зартман ниҳоят калон аст, зеро номвожаҳо аз забонҳои мухталиф ба забони англисӣ тарҷума мешаванд ва тарзи навишти вожаҳою исти­лоҳот гуногунранг аст. Маҳз саҳми муҳаррир буд, ки ин вожаномаро бо як стандарти ҷаҳонӣ, ки фарҳангно­маҳои Оксфорд онро талаб доранд, мувофиқ намуда, ба хонанда пеш­каш кардааст.

Дар охир метавон зикр кард, ки ки­тоби «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», чопи Лондон ва Ню-Йорк, бо ҳуруфи хурд чоп шуда­аст ва албатта, ин сабабҳои худро дорад, ки ба пӯшондани хароҷоти ношир вобастаанд. Дар нусхаи ав­валӣ ин монография аз 360 саҳифа, бо аксу суратҳои ранга ва маводи бештар иборат буд, вале бо дархости ношир онҳоро хеле кӯтоҳ карда, ба чоп пешниҳод намуда будем.

Расонаҳои Интернетии ҷаҳон, аз ҷумла “Google”, ин китобро аллакай дар сайтҳои худ барои фурӯш ҷойгир кардаанд ва дар муддати кӯтоҳи дар фурӯш будан, бо вуҷуди нархи гарон доштан (аз $170 то $230), зиёда аз 92 китобхонаю донишгоҳи ҷаҳон онро харидорӣ намудаанд, ки дар байни онҳо китобхонаи Конгресси ИМА, донишгоҳҳои Пенсилвания, Мейсон, Питсбург (зиёда аз 60 донишгоҳи ИМА), Китобхонаи музейи Брита­ния, чандин донишгоҳи Британияи Кабир, Донишгоҳи Эразмуси Ротер­дам, Донишгоҳи Кронигени Ҳоланд, Донишгоҳи Базели Шветсария, Ки­тобхонаи Абу-Дабии Аморати Мут­таҳидаи Араб, Донишгоҳи Истанбул, Донишгоҳи Грифитии Австралиё, Донишгоҳи Турини Италия, Дониш­гоҳи америкоии Кувайт, донишгоҳҳои Монреал, Алберта ва Квибеки Кана­да, Донишгоҳи Квидади Мексико ва ғайра аллакай харидорӣ намудаанд.

Умедворем, ки Китобхонаи мил­лии Тоҷикистон ҳам чанд нусхаи ин китобро харидорӣ карда, ба муҳаққиқон дастрас менамояд.

Барои дарёфти маълумот дар бораи китоби «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурма­лик» ба сайти: https://www.worldcat. org/title/1389616524 ва барои харид ба сайти https://www.routledge.com/ Tajikistans-National-Epics-Muqannas- Rebellion-and-The-Tajik-Peoples/ Zartman-Ayni/p/book/9781032486086 муроҷиат кунед.

Абдураҳмон Абдуманнон,

муовини сармуҳаррири Маркази тарҷумаи ИНТ

Дигар хабарҳо