Устод Айнӣ ва Ғафур Ғулом

Аён аст, ки ин ду намояндаи забардасти адабиёти тоҷику ӯзбек дар асри ХХ устоду шогирд, дӯстони қадрдон, ҳамкору ҳамфикр буданд. Дар асл Айнӣ адиби халқи ӯзбек низ ҳаст. Баъзе асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ эҷод кардааст, асарҳоеро, ки ба забони тоҷикӣ навиштааст, худ ба забони ӯзбекӣ баргардонидааст. Ин амал дар тарҷумашиносӣ “тарҷумаи муаллиф” номида мешавад. Масалан, адиб романи “Ғуломон”-ро аввал ба ӯзбекӣ, баъдан ба тоҷикӣ баргардонида бошад, қиссаи “Одина”-ро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ баргардонидааст. Ҳиссаи арзандаи устод Айнӣ дар пешрафти адабиёти ӯзбек эътироф гардида, соли 2001 ба мукофоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени “Барои хизматҳои шоиста” сарфароз гаштанаш далели ин мебошад.
Ғафур Ғулом Айниро устоди худ медонист, ҳар вақте ки гузораш ба Самарқанд, баъдан ба Душанбе меафтид, устодро зиёрат накарда барнамегашт. Дар навбати худ Айнӣ низ ҳар вақте ба Тошканд меомад, албатта, дар хонаи шоир меҳмон мешуд. Ин ду аллома дар суҳбатҳояшон бедилхонӣ ҳам мекарданд. Ғафур Ғулом дар баробари забони модарияш забони тоҷикиро низ аз худ намуда, осори Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилро фаро гирифта буд.
Ғафур Ғулом бахшида ба осор ва шахсияти Садриддин Айнӣ мақолаҳо навиштаву шеърҳо эҷод кардааст, дар мақолаву шеърҳое, ки дар дигар мавзуъҳо дошт, бо сабабҳои гуногун ба устод ишора кардааст, меҳру муҳаббату эҳтиромашро иброз намудааст ва ба эҷодиёташ ҳеҷ гоҳ бетафовут набудааст. Чунончи, дар мақолаи “Олим ва нависандаи машҳур” бахшида ба 75-солагии Айнӣ навишта буд:
“Садриддин Айнӣ адиби соҳибистеъдодест, ки осораш бо ҳаётиву воқеӣ будан фарқ мекунад. Зеро ӯ адибест, ки бо халқи меҳнаткаш зиста, зиндагиро амиқ омӯхта аз ҷиҳати назарӣ ба камол расидааст”.
Дар номае, ки бо унвони “Ба ширкаткунандагони ҷашни ботантанаи 80-солагии Садриддин Айнӣ” фиристода буд, ба чунин суханҳои самимона дучор меоем:
“Афсус, ки аз сабаби бо супориши зарурии Академияи фанҳои Ӯзбекистон банд буданам ба тӯйи шодиёнаи муаллимам, қадрдони бисёрсолаам, бобои азизи фарзандонам шахсан иштирок варзида натавонистам…
Ман аз он фахр менамоям, ки чанд мактубе, ки устод ба номи ман навиштаанд ва шеъру достонҳое, ки дар хонаи ман тавлид шудаанд, бо фотоҳуҷҷатҳояшон дар Музейи адабиёти Академияи фанҳои Ӯзбекистон ҷило медиҳанд…”.
Дар мақолаи “Имтиҳони зӯр” Ғафур Ғулом дар хусуси дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои ӯзбеку тоҷик сухан меронад ва аз ҷумла қайд мекунад, ки “асосгузори адабиёти нави тоҷик Садриддин Айнӣ дар тарбияи адабиётшиносони ҷавони ӯзбек саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва шахсан устоди худам низ мебошанд”. Духтари шоир Олмос низ инро таъкид кардааст: “Падарам нависандаи бузург Садриддин Айниро устоди худ медонистанд”.
Дар хотираи бахшида ба Абулқосим Лоҳутӣ навиштаи Ғафур Ғулом “Дӯстимни эслайман” (“Дӯстамро ёд мекунам”) чунин омадааст:
“Устодони муҳтарамамон Айнӣ ва Лоҳутӣ хонаи маро чун хонаи худ медонистанд. Ҷои зисташон дар Тошканд кулбаи ман буд. Суҳбатҳои мо бисёр вақт ба мушоира табдил меёфт… Дар суҳбати мо гӯё Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Лутфӣ, Алишер Навоӣ… ҳузур доштанд. Суҳбатҳоямон бебаҳс, бемунозира намегузашт, албатта”.
Дар маҷлисе, ки бахшида ба 30-солагии эҷодиёту фаъолияти Садриддин Айнӣ 13 декабри соли 1935 дар Тошканд гузаронида шуда буд, Ғафур Ғулом шеъре бо номи “Садриддин Айнийга” (“Ба Садриддин Айнӣ”) бадеҳатан навишта, аз минбар мехонад.
Моҳи феврали соли 1947 Ғафур Ғулом ҳамроҳи Ҳамид Ғулом ба вохӯрӣ бо интихобкунандагони самарқандӣ рафта, дар хонадони Садриддин Айнӣ меҳмон мешаванд. Ғафур Ғулом дар ин хусус бо як ҳиссиёти баланд менависад:
“…Мо то шом дар хонаи устод меҳмон шудем. Дастархон пур аз нозу неъмат буд. Айнӣ ба ваҷд омада, “Шумо, мулло Абдуғафур, аз нишоллои бозор нахӯред. Онҳо қаллобанд. Худам ба шумо нишолло омода мекунам”, – гӯён ба мо бо дастони худ нишолло пухта дод”.
Вақти омода кардани нишолло бедилхонӣ мекарданд, таърихи пайдоиши бархе аз вожаҳоро муҳокима менамуданд. Дар сари вожаи “нонушта” ба хулосае меоянд, ки калимаи ӯзбекии “нонушта” дар асли тоҷикӣ “ношто” буда, он шакли вайронгашта дар гӯиши мардум мебошад. Саид Аҳмад, ки нишоллои таёркардаи Айниро хӯрдааст, эътироф кардааст, ки чунин нишоллои бомаззаро дар ҳаёташ начашидааст. “Э, ҳоло шумо ҳалвои равғании бухороиро начашидаед!”, – гуфта, устод дар ҷавоб қавл медиҳад, ки дафъаи дигар ҳалво мепазад.
Хотироту ёддоштҳои Садриддин Айнӣ ва Ғафур Ғулом ҳамчун устоду шогирд мавзуи ҷолибест, ки бояд ба пуррагӣ омӯхта шавад. Ғафур Ғулом ба устод Айнӣ “устодам, муаллимам, устоди калонам” – гуфта, муроҷиат мекард, дар асарҳояш пайваста аз эшон ёдовар мешуд ва ҳамчунон аз асарҳои устод Айнӣ таъсир мебардошт ва ин таъсирпазирӣ мумкин набуд, ки дар осори Ғаффур Ғулом нақш нагузошта бошад.
Эргаш Очилов
Тарҷумаи Интизор Умарова,
корманди маркази тарҷумаи ИНТ