Унвон муборак!
Шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гурез Сафар ба ифтихори 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода мукофоти мазкурро ба адиб, ки дар бистари беморист, тақдим намуда, иброз дошт, ки «дар арафаи солгарди ин иди фархунда бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, нишони қадршиносии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин табақаи ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат, саҳми эҷодкорон дар рушду равнақи забон, фарҳанг ва тарбияи аҳли ҷомеа назаррас аст».
Ёдовар мешавем, ки 25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.