“Умри ҷовидони сеҳри қалам”

Ба ифтихори 90-солагии нависанда ва публисист Қурбон Алӣ дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо ибтикори рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Умри ҷовидони сеҳри қалам” баргузор гардид. Дар кори конфронс аҳли илму адаби вилояти Суғд, рӯзноманигорон, ҳамкорону шогирдон ва пайвандони адиб иштирок намуданд.

Конфронсро сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода ифтитоҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, саҳми Қурбон Алӣ дар рушди рӯзноманигорӣ ва насри солҳои 70-уми асри гузашта назаррас мебошад. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид. Раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ зимни суханронӣ аз ҷойгоҳи эҷодии нависанда дар матбуоти миллӣ ёдовар шуда, хидматҳои ӯро дар тарбияи насли рӯзноманигорон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, муҳаққиқ Сурайё Ҳакимова дар мавриди вижагиҳои ҳунарӣ ва шеваи нигориши повести “Пораи дили ман”-и Қурбон Алӣ маърузаи худро ироа намуд.

Дигар хабарҳо