Умри баракатбор
Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон 85-сола шуд
Нависандаи маҳбуб устод Сорбон ба синни мубораки 85-солагӣ расид. Ӯ шаст соли умри пурбаракати хешро ба рушду густариши насри тоҷик бахшида, ҳамеша саргарми эҷоди асарҳои марғуб будааст, ки метавон онҳоро ба сифати беҳтарин дурдонаҳои насри тоҷик арзёбӣ кард.
Устод Сорбон замоне ба майдони адабиёт гом ниҳод, ки таълифи осори адабӣ дар чаҳорчӯби реализми сотсиалистӣ ҳукми ҳатмӣ дошт. Аммо ӯ аз ибтидо роҳи дигарро пеш гирифт. Тасвири воқеиятро бо ҳама бурду бохташ авло донист. Ҳамин буд, ки таваҷҷуҳи нақди адабӣ ба осори нависанда дар ибтидо хеле камранг ба назар мерасад.
Маъмулан дар ҳошияи таҷлили чунин санаи фархунда бо фарогирии тамоми ҷабҳаҳои эҷодиёти соҳибҷашн аз ҷониби адабиётшиносону ноқидони касбӣ мақолаҳо рӯйи чоп меоянд. Мо риояи ин қоидаро зарур надониста, ба оғози масири эҷодии нависанда рӯ овардем. Ба он даврон, ки устод Сорбон шаст сол қабл яке аз нахустин ҳикояҳои худро ба хонандагон ироа намуд. Он замон ҳамагӣ биступанҷ ё бистушаш сол дошт. Вақте ки ҳикояро бозхонӣ мекардам, дар зеҳнам ҳикояҳои насрнависони ҷавони имрӯзамон рӯшан мешуд. Аз нигоҳи банду баст, гирумони қаҳрамонҳо, забону баён ва ҷанбаҳои ҳунарӣ онҳоро қиёс намудам. Аз замин то само тафовут дидам. Дарёфтам, ки Сорбони ҷавон ҳамчун як нависандаи хушсалиқа, пухтарасида, аз нозукиҳои эҷоди асари бадеӣ огоҳ, донандаи хуби забон, бо нигоҳу равиши тоза ва гомҳои устувор ба майдони адабиёт ворид гардидааст.
Ҳикоя “Хоб” (соли таълиф 1966) ном дорад, хобе, ки аз ҳақиқат дур нест. Ҳақиқате, ки дар он даврон ҳамарангии рӯзгори аксари мардум ба он ба мушоҳида мерасад. Ҳарчанд оид ба замони вуқуи рӯйдоде, ки тасвири бадеии худро ёфтааст, дар ҳикоя ишора нест, аммо хонандаи ҳушманд дармеёбад, ки ровӣ, яъне писарак худи муаллиф буда, як лаҳза аз даврони бачагии худро, ки ба даҳаи охири нимаи аввали асри гузашта рост меояд, дар қолаби асари бадеӣ рӯйи коғаз овардааст.
Ҳикояи мавриди назар тӯлонӣ нест, вале хеле пурбор аст. Дар он аз рӯзгори як оилаи музофотӣ, ки зиндагии миёнаҳолона дорад, сухан меравад. Нависанда дар ҳеҷ ҷой ба камбизоатӣ ва бисоти хароби рӯзгори қаҳрамони худ ишора намекунад, аммо хонанда сатҳи пасти иҷтимоии хонаводаи ӯро аз кору пайкораш дармеёбад.
Оғози ҳама кор мушкил аст. Эҷодкорӣ ҳам истисно нест. Нависанда саъй мекунад, ки оғози асараш хуб барояд. Гоҳо чунин ҳолат ҳам рух медиҳад, ки асар хуб оғоз меёбад, аммо рафта-рафта ба ҷойи ҷолибияти бештар пайдо кардан ва шиддат бахшидан ба завқи мутолиа дилбазан мегардад, ки боиси қатъи мутолиа аз сӯйи хонандаи баландзавқ мегардад. Ин ҷанбаи эҷод, яъне даст ёфтан ба оғози хуб, бо андӯхтани таҷриба қавитар мешавад. Аммо ҳикояи мавриди назари мо, агарчи яке аз аввалин ҳикояҳои нависанда аст, оғози бисёр ҷолиб дорад. Ҷумлаи аввали он хонандаро мисли оҳанрабо ба худ ҷалб мекунад: «Ман ба хоби заргӯшӣ рафтаам». «Хоби заргӯшӣ» аз руйи маъно муродиф ба нимхобу нимбедор аст, вале нависанда дар корбурд маҳз ҳамин таъбири мардумиро беҳтар донистааст. Чун ба асарҳои баъдан таълифнамудаи нависанда назар мекунем, мебинем, ки аз вожаву ибораҳои дар забони гуфтугӯйӣ ва лаҳҷаву шева маъмул ба таври фаровон истифода бурда, чунин шеваи корро дар эҷоди асари бадеӣ зарур шумурдаву ҳамеша аз он пайгирӣ кардааст.
Ровии ҳикоя писарбачаи тахмин даҳ-дувоздаҳсола ҳам бошад, вале хеле мушоҳидакор аст. Ҳама он чиро, ки аз пеши назараш мегузарад, бо нозуктарин ҷузъиёташ дар зеҳни худ ҳифз мекунад. Фаҳму даркаш пухтаву расидаасту орзуву хаёли рангину аҷиб дорад: «Чӣ нигоҳе, чӣ осори хирадест, ки дар симои падари ман падид меояд, ҳамчун гули зери буттаҳо бӯй мебарораду рух нишон надиҳад. Агар ман наққош мебудам, ҳамин ҳолати падарамро, ки як китоб маънӣ дорад, дар сангу чӯбҳо тарошида, дар қуллаи кӯҳ мегузоштам».
Симои модар, агарчи дар ҳикоя барҷаста нест, вале бо ҳузур ёфтанаш дар се ҷузъиёт меҳрубонӣ ва дилсӯзиаш бозгӯӣ мешавад. Дуруштии кафи дасти ӯ ба заҳматқаринӣ ва дар анҷоми кори сангини рӯзгор дар паҳлуи ҳамсар буданаш далолат мекунад: «Ҳис мекунам, ки сояи дасте ба болои сарам наздик мешавад. Оқибат дасти шахшӯле ба рӯям мерасад. Чӣ навозише. Паҳлу гашта, чашмамро нимроғ мекунам, «хез, ба ту нигоҳ карда истоден»… Ин суханони модарам ба гӯши мани нимбедор чун мусиқии форам мерасад… Вале ба хона расида, чизе ба даҳон набурда, дароз мекашам. Бори харҳоро модарам мефурорад».
Образи падар дар ҳикоя ба ҳадде ҷолиб тасвир ёфтааст, ки хонанда, хоса хонандае, ки дар кӯҳистон ба дунё омадааст, аз миёни ҳамдиёронаш даҳҳо касро бо доштани шеваи рафтору гуфтору кирдори ҳамсони ӯ пеши назари худ мебинад. Ба ибораи дигар, характеру хислати падар, ки дар рафти мутолиа маълум мегардад, танҳо хоси ӯ – қаҳрамони асосии ҳикояи «Хоб» нест. Ӯ прототип ва ё тимсоли ҳазорҳо марди одии кӯҳистонист, ки бо меҳнати ҳалол, бо рехтани арақи ҷабин ва таҳаммули анҷоми кори сангин нони даҳонашро меёбаду рӯз мегузаронад. Ба худ иҷозат намедиҳад, ки дастнигари каси дигар бошад.
Падар барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ меравад, то баъдан онҳоро дар бозор савдо карда, ниёзи худро бароварда созад. Нависанда ба чи ниёзманд будани ӯро дар охири ҳикоя нишон медиҳад, ки дар рафти мутолиа ҳатто аз гӯшаи хаёли хонанда намегузарад. Танҳо нависандаи боҳунар метавонад хонандаи худро дар чунин ҳолат гузорад. Дар ҷамъоварии ҳезум писар падарро ҳамроҳӣ мекунад. Дар ҷараёни ба маркабҳо бор кардани дарзаҳои ҳезум ҳолати рӯҳии падар, ки аз набудани дастёр эҳсоси танҳоӣ карда, гоҳе ин норасоӣ то ҳадде аламашро меорад, ки ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад, ноқобилию бетаҷрибагии писар ва ҳамзамон нозукию душвории кор дар муҳити кӯҳистон барои хонанда алано мегардад: «Аз полон даст мегирам, падарам ресмонро мепартояду болои он ҳезум мечинад. Ман рӯйи дастон, бо сару манаҳам зер карда, онро медорам. Дасту поям меларзад. Ҷойи нишеб. Харро магас мегазад. Вай бетоқатӣ мекунад. Пойи ман ҳам мелағжад. Падарам маро сарзаниш мекунад. Ба чашмонаш ашк медавад. Лабони ларзонашро зери дандон гирифта, ҷигот меандозад ва ба уфуқи дури назарфиреб чашм медӯзад». Меҳтари хона кори муҳим дар пеш дорад. Медонад, ки чи қадар ҳезум бояд ҷамъ биёрад, то пули аз фурӯши онҳо бадастомада барои баровардани ниёзаш кифоят кунад. Мебинад, ки таҳаммули кашондани бори сангин барои маркабҳо осон нест, вале раҳму дилсӯзиро канор мегузорад. Ҳатто аз баҳри ҳезуми сарборӣ намегузарад, зеро зарурат дорад. Дар баробари ташвиши хонаводагӣ дар колхоз кор мекунад. Бояд шабона ҳезумҳоро ба бозор бурда, фурӯшаду ба хона пас гардад, то «аз кори колхоз пайиҳам намонад».
Бо вуҷуди ин қадар ташвиш ва ҳолати харобии рӯҳӣ саъй мекунад дар муносибат ба фарзандаш меҳрубон бошад. Аммо гоҳе ғазаби худро фурӯ бурда наметавонад. Тунд мегӯяд. Бо вуҷуди он, ки падару писар барои расидан ба шаҳр шитоб мекунанд, аммо дер мерасанд. Дар наздики даромадгоҳ таваққуф мекунанд. Чойхоначӣ, ошнои падар, Одина хабар медиҳад, каме пештар се хар ҳезум харидааст. Дуд аз димоғи падар мебарояд. Маънидор ба писар менигарад. Писари зирак ҳолати ногувори падарро дарк мекунад: «Нигоҳҳои ӯ (падар) таҳдоранд. Гӯё дар ҳар як мижгони ӯ кӯдаке пайдо шуда «нон» мегӯяд». Одинаи чойхоначӣ ҳолати ӯро дармеёбад. Аз меҳрубонӣ кор мегирад. Намехоҳад ҳезумфурӯш ноумед равад. Ҳезумҳояшро бо чил сум мехарад. Гардиши зебои ҳикоя дар ҳамин ҷост: хонанда гумон мекунад, ки падар бо пули аз фурӯши ҳезумҳо бадастомада ҳоҷати рӯзгорро мебарорад. Писар низ ҳамин гуна андеша дорад. Чойхоначӣ ҳам. Аммо нависанда сабаби хоби худро ҳаром кардан, чашми рӯз накафида ба кӯҳ рафтан, ба бехи чолбурсҳо табар задану дар таги обу арақ мондан, ҳезум ҷамъ овардан, бо мушкилӣ онҳоро ба харҳо бор кардан, таҳаммули азоби то хона овардан ва шабошаб роҳи шаҳрро пеш гирифтани қаҳрамонашро ба муҳаббати падар нисбат ба фарзанд рабт медиҳад. Фарзанде, ки дар хидмати аскарӣ аст. Падар камбуди рӯзгори худро нодида мегираду ғами писари ғарибашро мехӯрад. Мехоҳад, ки дур аз ватан аз меваҳои диёр ком ширин кунад. Донад, ки аҳли хонавода бе ёди ӯ нестанд. Қуттии «посилка» ва сипас аз бозор каме мавизу чормағз мехарад. Онҳоро ба даруни қуттӣ мегузорад. Аммо пур намешавад он. Илоҷи корро дар гузаштан аз баҳри миёнбандаш медонад. Онро чорқат карда, даруни қуттӣ мегузорад. Дилаш таскин меёбад. Бо оҳанге, ки дар он ризоят, хушҳолӣ ва осудагӣ эҳсос мешавад, ба писари хурдӣ мегӯяд: «Адресашро навис. Нумури аскариашро хато накун…».
Ирсоли миёнбанд ба фарзанди раҳдур дар поёни ҳикоя ба назар намодин ҳам метобад. Зеро миёнбанди ҷавонмард дар фарҳанги мардуми мо нишони нерӯ ва тавони мард аст. Худи падар дар ҳикоя мегӯяд:
“Миёнашро маҳкамтар мебандад…” Яъне, дигар мард шуда, неруманд ҳам бояд бошад ва ин амали ӯ ишора ба пайванди наслҳо низ ҳаст, ки баъдтар дар дигар осори ин нависандаи чирадаст, аз ҷумла қиссаи “Шинел” — ба таври рӯшантар инъикос ёфта, масъалаи умдаву меҳварӣ ба шумор меравад.
Нашри ҳикояи мавриди назар муждае буд ба дӯстдорони каломи бадеъ аз омадани нависандаи нигоҳаш тоза, забонаш фасеҳ, ҳунари нигорандагиаш хоса, қадамаш устувор ва тасмимаш қавӣ. Имрӯз бо дарназардошти кӯлвори пурбори нависанда – сӣ номгӯй маҷмуаи ҳикоя, қиссаҳо, достон ва романҳо, ки насри моро рангу таровату намои тоза бахшида, ганҷинаи адабиёти моро ғанӣ гардонидаанд, метавон бо итминон ақида кард, ки устод Сорбон ҳамчун нависанда рисолати хешро дар назди миллати сарбаландаш ба беҳтарин ваҷҳ анҷом додааст.
Сироҷиддин ИКРОМӢ
* * *
СОРБОН дар шинохти суханварон
Повести Сорбон “Санги сипар”… ба ҳаёти деҳоти тоҷик бахшида шудааст.
Воқеа дар аввали солҳои панҷоҳ вусъат меёбад. Муаллиф зимни тасвири образҳои Ҳаким, Ашӯра ва дигарон кӯшиш кардааст, ки ҷараёни зиндагиро дарк кунад, ба моҳияти воқеаҳои ҷамъиятӣ сарфаҳм равад.
Чунон ки маълум аст, дар адабиёти бадеӣ характери қаҳрамони мубориз ба тарзи гуногун возеҳу равшантар зоҳир мегардад, қаҳрамон мувофиқи ғоя ва мазмуну мундариҷаи асар амал карда, бо урфу одатҳои куҳна мубориза мебарад, ба фаъолияти худ ба пешрафти ҷамъият мадад мерасонад. Ҳаким ва Ашӯра аз ҳамин қабил қаҳрамонҳоянд.
Колхоз дар солҳои ҷанг суст шудааст. Қомати онро бардошта, хоҷагиро ба сомон даровардан лозим. Ба ин кор ҷанговари собиқ Ҳаким ва рафиқонаш камар мебанданд. Меҳнатдӯстию ҳалолкории Ҳаким, оштинопазирии ӯ нисбат ба қаллобон, ҳаннотон, мансабпарастон ва тороҷгарон таваҷҷуҳи касро ба худ мекашад. Ашӯра ҳам ба мисли Ҳаким аз қаҳрамонҳои фаъол буда, барои ба роҳ мондани кори фермаи чорводорӣ ҷидду ҷаҳди бисёр мекунад.
* * *
Яке аз нависандагони ҷавони сермаҳсул ва умедбахши мо Сорбон аст. Аcарҳои ӯро ман дӯст дошта мехонам ва медонам, ки аз ин одам нависандаи дуруст мебарояд. Соли гузашта «Ҷӯгӣ» ном повести ӯро бодиққат хондам. Ин повест яке аз acарҳои диққатангези вай аст… Ба қавли мардак, Сорбон дар ин ҷо говро аз ҳар ду шохаш маҳкам дошта гирифтааст, вале афсӯс, ки ҳанӯз гов зӯр аст ва ӯро ба ҳар тараф такон дода мепартояд.
Сорбон дар повести «Ҷӯгӣ» образи Чинӣ ва шавҳари ӯро хеле барҷаста додааст. Кас ба кирдор ва рафтори ин персонажҳо бовар мекунад ва ҳамаи хислатҳои чӯгиҳои Осиёи Миёна дар ин ду шахс дода шудааст. Дар повест лавҳаҳои моҳирона тасвиргардида бисёранд. Хусусан воқеаи бо сагҳои дайду барои лошаи aспи ҳароммурда талош кардани шавҳари Чинӣ драматизмро ниҳоят баланд мебардорад…
Мирзо ТУРСУНЗОДА
* * *
Сорбон аз аввалин ҳикояҳое, ки дар маҷмуаи “Гап дар дил” гирд омадаанд, ба тасвири экспрессивии ҳисиёти зӯр, ба қувваи ҷисмониву рӯҳонии инсон, ба бузургиву устувории рӯҳи вай майл дошт. Аз ҳамон вақт ӯро қувваи ҳиссиёт ва зиддиятҳои он, тобиши нозуки ҳиссиёте, ки зуд дигар мешавад, ба худ мекашид. Дар “душвориҳои зиндагӣ”, ки дар ҳикояҳои ӯ бисёранд, аксари қувваи шахсияти инсон, меҳру муҳаббат ва нафрату адовати вай, иродаву қатъияти ӯ намоён мешавад. Озмоиши устуворӣ дар повестҳои Сорбон “Занги аввал” (1970), “Санги сипар” (1971), “Ҷӯгӣ” (1973), “Буд набуд” (1974) боз амиқтар мазмуни ҳаётӣ пайдо кард. Он санҷишҳо дар ин повестҳо барои нишон додани рӯҳияи қаҳрамонони замон ва ҳамзамонони мо замина ҳозир кардаанд.
Муҳаммадҷон ШАКУРӢ
* * *
Ман адабиёти тоҷикро аз Айнӣ сар карда, то повестҳои Сорбон дӯст медорам…
Анвар ОЛИМҶОНОВ,
нависандаи қазоқ
* * *
… Дар ҳақиқат забони асарҳои нависанда ғанист, аз фолклор моҳирона истифода мебарад, дар тасвири ҷузъиётҳо бозёфтҳои аҷиб дорад. Дар асарҳояш бисёр характеристикаи конкрет, портретҳои боварибахш офаридашудаи қаҳрамонон, тасвири манзараҳои дилфиреби табиат мушоҳида мешавад. Қариб дар аксари повесту ҳикояҳои Сорбон инкишофи воқеа ва амалиёти персонажҳо дар як мавзеъ, чи навъе ки мегӯянд, аз як минтақа ба вуқуъ меояд…
* * *
Сорбон усули хоси баён дорад. Тасвирҳояш воқеӣ, равону руҳбахшанд. Образу характерҳоро хеле зиндаю боварибахш, бо ибораҳои маҷозӣ ва серрангубор меофарад. Ин хусусияти эҷодиёти нависандаро мунаққидону адабиётшиносони тоҷик борҳо қайд кардаанд…
Фазлиддин МУҲАММАДИЕВ
* * *
Ман агар дар шеър як мартабае ёфта бошам, устод Сорбон дар наср… ҷояш мусаллам аст… Сорбон нависандаи воқеан боасолат аст. Ҳар чи медонад, ҳар чи мушоҳида кардааст, ҳар чи ба назари вай мерасад, барои насри бузург истифода мебарад…
Лоиқ ШЕРАЛӢ
* * *
…Сорбон кӯшиш дорад, ки ба воситаи ба ҳам рӯбарӯ кардани одамони гуногунхислат ва гуногунният, ба воситаи диалогҳое, ки кию чӣ будани одам ва чӣ муроду мақсад доштани онро хеле хуб ошкор месозад, ба воситаи ҷузъиёти саршори рамзу маънӣ зиндагиро мукаммал намоён кунад. Дар асарҳои ӯ характерҳо вусъати ботинии худ, амиқии худро ба зуҳур оварда, ба фикру эҳсосоти хонанда таъсири қавӣ мегузоранд.
Раҷаб АМОНОВ
* * *
Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон аз ҷумлаи адибони камназири тоҷик мебошад, ки аз мактаби бузурги устодони каломи бадеъ – Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода сабақи эҷодӣ гирифта, дар ҷодаи суханварӣ заҳмати зиёд кашида, сабки худро пайдо намуд ва ба дараҷаи устодони хеш расида, дар тарбияи маънавии хонандагони сершумор ҳиссаи худро гузошт.
Дар асарҳои нависанда масъалаҳои муҳимми ахлоқиву маънавӣ тасвир шуда, рӯзгори мардуми тоҷик дар давраҳои мухталиф таҷассум ёфтаанд. Қиссаҳои Сорбон – «Буд, набуд», «Ҷӯгӣ», «Шинел», «Сабо», «Санги сипар», «Қумрӣ» ва «Дашти морон» дар миёни дӯстдорони насри бадеӣ мақоми хоса дошта, дар онҳо зиндагии табақаҳои гуногун ба таври воқеӣ ва самимӣ тасвир ёфтаанд. Нависанда аз рӯзгори мардуми одӣ, ки дар кӯҳистон умр ба сар бурдаанд ва дунёи рангин доранд, нақл карда, як қатор масъалаҳои маънавию ахлоқии замони муосирро ба риштаи тасвир мекашад.
Дар романҳои «Актёр», «Зарафшон», «Достони писари Худо», «Кадевар», «Росу», «Туғрал», «Барзгар», «Шаҳрбону» адиб ба дунёи маънавии зиёиён ва таърихи рӯзгори мардуми тоҷик чашми таҳқиқи бадеӣ дӯхта, беҳтарин хислатҳои одамонеро, ки тамоми амалу рафторашонро некиву накӯкорӣ ташкил медиҳанд, бо ҳунари воло таҷассум кардааст.
Муносибати Сорбон ба ҷаҳони мураккаби инсон ва диди ӯ ба зиндагӣ ниҳоят хайрхоҳона буда, барои кушодани дунёи вай заҳмати зиёд мекашад. Ҳар як персонажи ӯ хислати ба худ хос дошта, дар рафтору кирдори хеш сифатҳои неку писандидаи халқи тоҷикро ифода менамояд. Дар сабку услуби нависанда таровати забони зиндаи халқ эҳсос шуда, воқеъбинона мебошад ва халқияти асарҳои ӯ ниҳоят қавӣ аст.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА