То тавонӣ, дӯстонро гум макун!

Борҳо дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар доштаам ва таассуроти ҷолибе бардоштаам. Сариосиёву Тирмизу Қаршиву Урганҷу Андиҷону Бекободу Когону Нуқусу дигар мавзеъҳо. Ҳатто боре дар истгоҳи роҳи оҳани Болдир аз қатора фуромада, сипас ба он дер кардаму чанд рӯз меҳмони маҷбурии сокинони он шудам. То омадани қатораи навбатии Душанбе – Маскав аз меҳмондории олиҳимматона ва муносибати меҳрубононаи болдириён бархурдор гаштам ва дар ин бора саргузаштномае ҳам навиштам. Аммо ба Самарқанди қандманд гузорам ҳамагӣ ду бор афтода буд ва он ҳам сарироҳӣ. Агарчи ҳамеша орзуи ба серӣ дидани ин шаҳри овозадорро ба сар мепарваридам, он даст намедоду ҳар боре нийяти сафари Самарқанд мекардам, кори муҳимме мебаромаду аз баҳри он мегузаштам.
Шумораи 13-ро бисёр мардумони олам хуш надоранд. Гӯё хосияташ хуб нест. Ман ба ин бовар, ба мисли боварҳои мутааддиди дигар он қадар побаста нестам. Боварам ин аст, ки тақдири инсонро на маҷмуи рафторҳо ва донишҳои ӯ муайян месозанд, на бемаҳал ҷеғ задани хурӯсу на аз пеши роҳаш баромадани пишаки сиёҳу на ба василае рӯбарӯ омаданаш бо шумораи 13. Ин бор шумораи 13 боиси амалӣ шудани орзуи деринаам гашт – маҳз рӯзи 13-уми феврал сафари ҳайати бонуфузи аҳли зиёи Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд сурат гирифт! Ба сабаби пурбору самаранок ва бомуваффақият гузаштани ин сафар тасаввури камина дар хусуси шумораи 13 билкул дигар гашт. Акнун бо дили пур гуфта метавонам, ки 13 шумораи саъд аст – ба ин далел, ки моро дар ин рӯзи саъд Самарқанди бостонӣ ва достонӣ ба оғӯши гарми худ пазируфт!
Рӯзи 12-уми феврал аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дастур гирифтем, ки бегоҳи ҳамин рӯз дар шаҳри Панҷакент шавем ва субҳи рӯзи дигар аз он ҷо ба шаҳри Самарқанд ҳаракат кунем. Намояндагӣ дар ин ҳамойиши бонуфуз аз Иттифоқи нависандагон ба дӯши камина ҳамчун муовини аввали раиси ин созмон ва Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким гузошта шуда буд. Мо бо ҳам тамос гирифтем ва пас аз зуҳр роҳи шаҳри Панҷакентро пеш гирифтем.
Ҳамин тавр сафар ба шаҳри орзуҳоям ногаҳон сурат гирифт. Бар замми ин ҳол бояд дар конфронсе, ки аҳли зиёи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар он иштирок меварзиданд, маъруза мекардам, ба Хона-музейи устод Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд китоби адибони муосири тоҷикро тақдим намуда, дар базми назм низ шеърҳо мехондем. Хушбахтона, чанд моҳ пеш Иттифоқи нависандагон тибқи даъвати Осорхонаи миллии кишвар дар хусуси таъмин намудани осорхонаи Айнӣ бо китоб, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дастгирӣ ёфта буд, беш аз сад номгӯй осори адибони муосирро омода нигоҳ медошт, ки бори вазнин бошанд ҳам, бо худ гирифтем. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим, ки ба сабаби ранҷур будан дар ҳамойиш ширкат карда наметавонист, бо камоли рағбат китобҳои дар солҳои охир чопнамудаи худро бо соядастҳои муҳаббатомез ба унвони Хона-музейи устод Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба армуғонҳои мо илова намуданд.
Раҳораҳ матни маъруза таҳриру тасҳеҳ ва то аз шаҳри Панҷакент ҳаракат кардан комилан омода гашт. Дар чунин ҳолат дар паҳлуи кас будани устод Аскар Ҳаким дилро қувват мебахшад. Устод таҷрибаи бузурги суханронӣ ва маърӯзанависӣ доранд. Бар замми ин беҳтарин рафиқ дар сафар мебошанд. Зиндадиланду дӯстдори ашаддии ҳазлу шӯхӣ! Боз кони ҳикоёти латиф аз ҳаёти азизону бузургони миллат ва ҷаҳон. Чун аз даврони навҷавонии худ шарафи ҳамнишинӣ бо устодони забардасти адабиётамон – Мирзо Турсунзодаву Сотим Улуғзодву Мирсаид Миршакару Ҷалол Икромиву Лоиқ Шераливу Фазлиддин Муҳаммадиеву даҳҳо адиби дигарро доштаанду ба муддати сездаҳ сол раиси Иттифоқи нависандагон будаанд ва қариб дар бораи осори ҳамаи адибони номвари замони худ таҳқиқе анҷом додаанд, донишномаи зиндае мебошанд, ки аз он бояд истифода намоем. Зимнан, ба назари мо, вақти он расидааст, ки устод ба навиштани хотираҳои пурқимати худашон шуруъ кунанд; бовар дорам, ки он пурхонандатарин китоби натанҳо тоҷикон, балки форсизабонони олам хоҳад шуд.
Аз Душанбе то Панҷакент ҳушамон ба чи тавр баргузор шудани якчунин конфронси бошукӯҳ ва тавсеаи робитаҳои ҳасанаи адабӣ бо Ӯзбекистон банд буду суҳбатамон низ аз ҳар даре, ки бошад, охираш ба ҳамин мавзуъ мепечид. Пас аз сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар соли 2018-ум, ки бо даъвати бародаронаи Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифту тамом яхҳову шахҳоро шикаст, болу пари адибони Тоҷикистону Ӯзбекистон фарох кушода шуд; бо иштироки онон чандин маҳфилҳо дар Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳад баргузор шуда, нахли муҳаббати қадимсолаи шоирону нависандагони ҳар ду ҷониб аз нав сабз гашту шукуфо гардид. Дар муддати шаш соли ба тасвиб расидани созишномаи сулҳи абадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 нафар адиби ӯзбекистонӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 4 нафар адиби тоҷикистонӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта ва даҳҳо асар ба ҳар ду забон тарҷума ва чоп шуданд. Агар дӯстӣ байни тамоми давлатҳову миллатҳои олам бар иқтисоду тиҷорат асос ёфта бошад, решаи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар фарҳангу тамаддуни муштараки онҳост. Лиҳозо ин навъи ҳамбастагиро на тоҷирону соҳибкорон, балки шоирону нависандагон ва ҳунармандону фозилон тақвият мебахшанду аз маъниву мазмунҳои тоза ба тоза саршор месозанд. Суханони пурҳикмати Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ёдам мерасанд, ки дар ишора ба ҳамин маънӣ дар маҳфили муҷаллои “Шоми дӯстӣ”-и соли 2018-ум дар Кохи Борбад баён дошта буданд: “Вақтҳои охир ҳис карда мешавад, ки сокинони шаҳру деҳоти мо оҳангҳои қадимаи мардумии худро ёд кардаанд ва дилашон ба ин орзу метапад”. Ин суханон амвоҷи кафкӯбии тӯлонии ҳуззори маҷлисро ба бор оварданд. Чунин пазироӣ Раҳбари давлати моро ба эҳтирос овард. Он кас дасти Мирзиёевро гирифтанду лутф фармуданд, ки “бубинед, ба сухани самимии шумо мардуми мо чи гуна қарсак мезананд, ки ҳатто рашк кардан мумкин аст”. Шавкат Мирамонович дар ҷавоб лутфи аҷибе карданд: “Бародари азизам, Шумо ба Ӯзбекистон ташриф фармоед, халқи мо аз Сариосиё сар карда, то Фарғонаву Тошканд шуморо ба по истода, бо чапакзаниҳои пурмавҷ истиқбол хоҳад гирифт”.
Пешвои миллати мо низ дар хусуси моҳияти фарқкунанда доштани муносибати байни ин ду миллат дар ҳамон сол чунин ибрози назар кардаанд: “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.
Самимиятеро, ки сарони ҳар ду давлат дар “Шоми дӯстӣ”-и соли 2018 нишон доданд, яқинан, дар таърих собиқа надорад. Онҳо ҳамдигарро на рафиқ, на дӯст, на шарик, балки бародар хонданд ва дар назди ҳар ду миллат қавл доданд, ки ин бародариро марҳала ба марҳала амиқтару беҳтару пурмаънотар хоҳанд кард.
Бешубҳа, ташкили ҳамойиши мазкур низ занҷирае аз шаддаи бузурги чунин тадбирҳост. Чорабиниҳое ҳам, ки дар доираи он ба нақша гирифта шуда буданд, аз он дарак медиҳанд, ки муносибатҳоямон ба сатҳи сифатан нав ворид мегарданд: 13-уми феврал Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “То тавонӣ, дӯстонро гум макун”, дидани Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ, рӯзи 14-уми феврал кушодани кабиети забон ва адабиёти тоҷикӣ ва Маркази фарҳанги Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва баргузории маҳфили шеъру сухан дар толори ин донишгоҳ.
Чи қадар тадбирҳои муҳим!
Иқдомҳое, ки солҳои тӯлонӣ зиёиёни ду мамлакат онҳоро интизор буданд!
Яку якбора чиҳил нафар аҳли зиёи тоҷик дар Самарқанд – дар дили гоҳвораи тамаддуни қадимии мо!
Раисии ҳайат ба дӯши президенти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвахтзода гузошта шуда, ҳамчунин директори Агентии ҳифзи мероси фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафар, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, котиби якуми раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷӣ Фарангис Бекзода, атташеи раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шуҳрат Қозиев, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, директори Осорхонаи миллӣ Зафар Иброҳимзода, аксбардори маъруф Шуҳрат Шуҳратёр, як идда олимону адибони номвар, аз шаҳри Тошканд бо роҳбарии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, котиби якуми сафорат Хусрав Мирзоев, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” Тоҷибой Икромов, мухбири махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар Ӯзбекистон Мирасрор Аҳроров, шоирон Пайванду Абдулло Субҳон ва хабарнигорон ба ҳамойиш ҳозир шуданд.
Дар шаҳри Панҷакент раиси он муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода шоми рӯзи 12-уми феврал меҳмонони ҳамойишро гарму самимӣ истиқбол гирифта, зимни зиёфати саховатмандона маҷлиси шеъру суруд орост ва барояшон сафари бобарор хост.
Субҳи рӯзи 13-уми феврал сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода моро дар пости сарҳадии Ӯзбекистон бо чеҳраи хандону қалби пурмеҳр пешвоз гирифт ва ба ҷониби Самарқанд роҳ гирифтем. Шаҳри зебои бостонӣ моро бо хуршеди тобон ва ҳавои софу руҳбахши баъди борон ба оғӯш кашид. Намояндагони ҳукумати вилоят моро дар қасри дӯстии “Нурафшон” бо нону намак пазироӣ карданд ва Конфронси илмию амалии “То тавонӣ, дӯстонро гум макун” оғоз ёфт. Ин ҳамойиш бо он мумтоз буд, ки ҳамаи баромадкунандагон бо маърӯзаву гузоришҳои илмиву оммавии худ иқдомоти наҷиби сарварон ва иродаи неки мардуми ҳар ду кишварро бо мисолҳои мушаххас таъкид намуда, заминаи ҳамкориҳои судманди ояндаро устувортар гардонданд.
Дар ҳақиқат, тасаввур кунед, дар ҷаҳоне, ки имрӯз нооромиҳои пайдарпай ва муноқишаҳои иттилоотиву мусаллаҳона онро ба ларза андохтаанд, аз сулҳу сафо ва аҳду вафо дам задани Тоҷикистону Ӯзбекистон амали ҳайратоваре ба назар мерасад. Аммо ин ду миллату ин ду давлат, ба қавли Мавлоно, ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ чизи дигаре бо ҳам дар миён гузошта наметавонанд. Зеро чун ду дарахт дар решаи ҳам сабзидаанд, обу шираи худро дар бадани ҳам равондаанд ва меваҳои рангоранги муштарак расондаанд. Ба қавли сафири ҷумҳурии мо дар Ӯзбекистон, донишманди фарҳехта академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, ба муносибатҳои байни тоҷикону ӯзбекон имрӯз на аз зовияи догмаҳои даврони Шӯравӣ, балки аз зовияҳои даврони истиқлол назар бояд андохт. Мо бояд воқеияти вазъшударо ба ҳисоб гирем, на тасаввуроти мавҳуму хаёлҳои номаълуму номафҳумро.
Гузаро бояд ишора кард, ки устод Абдуҷаббор Раҳмонзодаро бо он ғайрату матонате дидем, ки ҳангоми ифои вазифаҳои гуногуни давлатӣ дар Тоҷикистон шоҳид шуда будем. Ҳамон тавр пурҳаракат, ташаббускор, оянданигар, хушбин, заҳматписанд. Бо воҳидҳои ками кории сафорат дар муддати кӯтоҳ ташкил кардани чунин ҳамойиши байналмилалӣ ҳунар, таҷриба ва малакаи бузурги созмондеҳӣ мехоҳад. Хушбахтона, устод Раҳмонзода ин ҳама сифатҳоро дорад. Ба ҷуз дипломат ӯ адабиётшиноси шинохта, омӯзгор, узви раёсати Иттифоқи Тоҷикистон низ мебошад. Барои ҳамин бо аҳли адабу илм ва матбуот зуд забон меёбаду дар байни онҳо обрӯи зиёд дорад. Ба туфайли кордонии ӯ тоҷикон ба ин ҳамойиш дастёб шуданд, Хона-музейи устод Айнӣ сифату моҳияти тоза касб кард, дар Донишгоҳи Самарқанд кабинети забони тоҷикӣ ва Маркази фарҳангии тоҷикон ифтитоҳ гардид! Як худи таҷҳизондани кабинет ва Маркази фарҳангӣ чи қадар неруву маводу хароҷот мехоҳад. Айни замон Маркази фарҳангӣ дорои 3000 нусха китоб, садҳо сабтҳои видеоиву овозӣ мебошад, ки ҳар алоқаманди маданияти тоҷикиро ба таври вофир аз таърих, адабиёт, забон санъату ҳунари миллати мо баҳравар карда метавонад. Назар ба маълумоти сафир, ҳоло дар бештар аз 10 минтақаи тоҷикнишин маҳфилҳои фарҳангӣ амал менамоянд, ба тадриси забони тоҷикӣ дар мактабҳо, ба рушди матбуоту расонаҳои хабарии тоҷикизабон диққат дода мешавад. Ҳамкориҳои зич дар пешанд. Нақшаҳо бисёранд, онҳо ҷонфишониву азхудгузаштагӣ мехоҳанд. Ҷаноби сафир итминон дорад, ки сафорат ба манфиати ҳар ду давлат корҳои бузурги ҳамгироиву ҳамнавоиро сомон дода метавонад.
Мо ҳам ба ин бовар дорем. Зимни суханрониҳои хеш баромадкунандагон аз ҳар ду ҷониб ба сафир Раҳмонзода барои корҳои анҷомдодааш изҳори сипос намуданд. Камина низ аз минбари баланди конфронс ба устод миннатдории раёсати Иттифоқи нависандагонро расман баён дошта, барояш комёбиҳо таманно кардам.
Ӯ дар ҷавоби ин ҳама хушгӯиҳо даст рӯи дил гузошта, чунин гуфт: “Маро мактаби Пешвои муаззами миллат чунин тарбия кардааст. Аҳсан ба Пешво бояд гуфт, на ба ман”.
14-уми феврал низ рӯзи пурбор доштем. То зуҳр дар Донишгоҳи Самарқанд дар ифтитоҳи Кабинети забони тоҷикӣ ва Маркази фарҳангии Тоҷикистон иштирок кардем. Донишгоҳи қадима намуди идона дошт. Муаллимону донишҷӯён моро бо хотири болида пешвоз гирифтанд. Муовини якуми ректор оид ба таълим Аҳмадҷон Солиев нутқи пурмазмуни ифтитоҳӣ эрод кард. Вай кушода шудани кабинет ва марказро қадами устувор ба сӯи ҳамкориҳои ояндаи боэътимод арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки маъмурияти таълимгоҳ барои самарабахш истифода бурдан аз муасисаҳои ифтитоҳгардида омода мебошад. Декани факултети филология Ҷолибой Элтазаров низ бо суханони муҳаббатомез ва самимӣ аз ба ихтиёри фарҳанги тоҷикӣ гузоштани синфхонаҳои факултети худ изҳори масаррат намуд. Раиси ҷамъияти Тоҷикистон, мудири кафедраи забонҳо устод Равшан Ҳамро бо забони шевои тоҷикӣ сухан ронда, ин воқеаи таърихиро барои ҳозирон муборакбод гуфт.
Бори нахуст дар таърихи беш аз панҷоҳ соли охир забону фарҳанги тоҷикӣ ба донишгоҳе роҳ ёфт, ки дар солҳои аввали таъсиси он дар баробари забони ӯзбекӣ ба он низ дар синфхонаҳояш таълим сурат мегирифт.
Пас аз буридани лентаи рамзӣ муовини ректор меҳмононро ба марказу кабинети тоҷикӣ даъват кард. Устод Абдуҷаббор Раҳмонзода чун роҳнамо дар хусуси таҷҳизоти онҳо маълумоти муфассал дода, дар бораи тақвияти онон дар оянда нақшаҳои сафоратро баён дошт.
Пас аз зуҳр дар толори донишгоҳ базми шеър таҳти унвони “Ганҷи сухан” баргузор шуд. Устод Раҳмонзода бо суханони шакарину лутфҳои ширин онро оғоз намуд ва ба ҳамин тартиб то охир ба он сарварӣ кард. Дар он муовини ректори донишгоҳ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Акмал Аҳатов иштирок намуд.
Маҳфил ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ҷараён гирифт. Забон монеа набуд. Тоҷикон ба тоҷикӣ, ӯзбекон ба ӯзбекӣ шеър мехонданд, сухани дилашонро мегуфтанд. Шоироне ҳам буданд, ки анъанаи қадимаи тоҷикону ӯзбекон – дузабонӣ ё зуллисонайниро дар миён андохта, ба ҳар ду забон чакомаҳо хонданд. Дар маҳфили унсу дидори деринтизор президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, сарвари шуъбаи самарқандии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тӯйчиев, раиси Маркази тоҷикони ш. Тошканд Гуландом Субҳонова, раиси маҳфили адабии “Ганҷи сухан”-и ш. Хуҷанд Саидумрон Саидов, шоирон Аскар Ҳаким, Абдулло Субҳон, Дилшода Фарҳодзода, Хосият бобомуродова, Паймон, Баҳром Раҳматзод, Нуралӣ Нурзод, Раҳмоналӣ Шерализода, Хоҷа, Асадулло Шукурзода, Самар, Зикрулло, нависанда Ӯринбой Усмон ва дигарон забон бар ситоиши дӯстиву бародарӣ, ҳамгироиву ҳамдамӣ, ёриву бародархондагии ду миллати қадимиошно баркушоданд ва гомҳои устувор дар ҷодаи ба даст овардани дилҳо ниҳоданд.
Вақте акси лаҳзаҳои хотирмон аз ҳамойишро дар сафҳаи фейсбукии худ гузоштам, ба унвонам аз чанд корбар суол омад, ки маҳфилҳо дар Самарқанд ба кадом забон сурат гирифтанд. Посухи банда чунин буд: бо забони дил! Оре, вақте дар чанд ҷой ба тоҷикӣ сухан кардам, аслан фикр намекардам, ки дар Самарқанд тоҷикии маро намефаҳманд ва ҳангоме ки баромадкунандагон ба ӯзбекӣ сухан мегуфтанд, ҳеч фикр намекардам, ки муддаои эшонро намедонам. Ҳама фаҳмо буду равшан! Зеро дилҳо ба забон омада буданд, зеро муҳаббат забон надорад, зеро тоҷикону ӯзбекон шаш аср боз бо ҳам мезиҳанду ба ҳар ду забон яксон гуфтугӯ мекунанд. Ин ду миллат забони ҳамдигарро шашсад сол қабл ёфта буданд ва ба он адабиёти бузурге ҳам сохтанд!
Ба мо – пасовандони Ҷомиву Навоӣ ва Айнӣ фақат бошарафона идома додани ин анъанаву суннатҳо лозим асту халос. Роҳро бузургтарин намояндагони ин ду миллат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дубора ҳамвор намуданд. Тақозо аз мо ин аст, ки дар он бебокона қадам занем, сангҳои тасодуфан дар он афтодаро сари вақт барчинем ва ба манзили саодат бирасем. Чунонки устод Айнӣ дар оғози асри 20-ум ин корро анҷом доданд. Барои ҳарду миллат баробар хидмат карданд, ба ҳарду забон навиштанд, дарс гуфтанд, аз ҳарду миллат шогирдони зиёде тарбия карданд, ки яке аз онҳо сиёсатмадори барҷастаи ӯзбек, нависанда ва арбоби саршиноси ҷамъиятӣ Шароф Рашидов аст. Оне, ки Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номаш мавсум аст ва руҳи бузургвораш ба ифтихори шод гардондани равони устодаш – Айнии хирадманду олитабор, барои забону фарҳанги тоҷикӣ дар ин таълимгоҳ ҷойгоҳи тозае сазовор донист.
Шиор ва унвони ҳамойиш мисраи машҳури шогирди дигари устод Садриддин Айнӣ – дӯсти қарини Шароф Рашидов, Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузурги тоҷик бо шуҳрати ҷаҳонӣ устод Мирзо Турсунзода – “То тавонӣ, дӯстонро гум макун” интихоб гашта буд, ки руҳу фазои онро комилан ифода мекард. Ҳақиқат чунин аст: дӯстро пайдо кардан осон, вале онро гум кардан ниҳоят осон аст. Барои гум накардани дӯст бо ӯ ҳамеша дар муошират, дар шодиву андӯҳ дар паҳлуи вай будан, мутаассил ба дидораш расидан лозим аст. “Меҳр дар чашм аст” – таъкид мекунад ҳикмати ҳазорсолаи мардум, “он, ки аз дида рафт, аз дил ҳам меравад” – ҳушдор медиҳад халқ.
Зиёиёни соҳибноми тоҷик ба ҳамин мақсад ба Самарқанд рафтанд: гум накардани риштаи дӯстӣ, бо нахҳои наву боқувват мустаҳкам намудани он! Зеро ҳамсояро интихоб намекунанд, бо ӯ дӯстӣ меварзанду дар мудорову муросо зиндагӣ ба сар мебаранд.
Дар анҷоми ин мақола мо аз номи тамоми меҳмонони тоҷикистонии ин ҳамойиши муҷалло ба ҳокими вилояти Самарқанд, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ҳамаи онҳое, ки иқдоми Тоҷикистонро пазируфтанду барои татбиқ намудани он коре анҷом доданд, миннатдорӣ баён карда, бо ин порчаи шеърӣ, ки устод Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамойишро ҳусни хотима бахшид, ин муҳаббатномаро низ ба поён мебарем:
Захмҳои куҳнаро марҳам кунед,
Ошноиро ба сар парчам кунед.
Кинаро аз сина берун афканед,
Фикри як рӯзу шаби беғам кунед.
Марҳами асрор агар пайдо нашуд,
Ишқро бо ақли сар марҳам кунед.
Шаб агар бигзашт бо ёру сабӯ,
Субҳгоҳон ғусл дар шабнам кунед.
Умри одам кай тавон бо зар харид?
Ҳар нафас андешаи одам кунед!
Ато МИРХОҶА