То ба кай хомӯш биншинем?
Мо вақтҳои охир дар бораи исрофкорӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва зиёдаравии динӣ зиёд мегӯем: Барои чӣ мардуми мо бо он ҳама фарҳанги волову адабиёту таърихи пурғановат ва бузургони илму ирфон, ки аз маҳсули қалами онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз зиёд баҳра мебаранду аз баракати он пешрафта гаштаанд, ба ин рӯз расидем? Вақте ки мардумони дигар, ба қавли устод Бозор Собир, «даст ба шонаи хуршед» бурда, дар фатҳи кайҳон дастовардҳои рӯзафзун доранд, мо ба ҷойи пеш рафтан амалҳое мекунем, ки аз онҳо бӯйи асрҳои миёна меояд. Сабаб чист, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷойи аз худ кардани илмҳои замона, хусусан илмҳои дақиқ, дар назди муллоҳои чаласавод ба таври хеш «сабақ» гирифта, ба гурӯҳҳои ифротию моҷароҷӯй мепайванданд? Барои чӣ бархе беморон аз табобат дар назди духтурони соҳибкасб, ки дар ихтиёрашон технологияву таҷҳи- зоти замонавию навтарин доранду дар ташхис ва табобати маризон дорои имкониятҳои зиёданд, рӯй тофта, ба назди фолбину муллову табибони ба ном халқӣ мераванд? Ва ё баъзе занони мо бо вуҷуди таъкиди ҳукуматдорону аҳли зиё ва ҳатто қабули қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо исрофкорӣ мекунанд, ба ҷойи ба фарзандонашон илм омӯзондан, шароити хуб барои таълиму истироҳат муҳайё сохтан, дар қарз ғӯтида, тӯйҳои даб-дабанок барпо менамоянд, ки ҳама бар зарари буҷаи оилаашон аст, намоишкориву зиёдаравӣ мекунанд. Чаро бисёр нафарон, ки худ шароити хуби зиндагӣ надоранд, ҳатто дар хонаи иҷора ба сар мебаранд, ба ҳаҷ мераванд ва дигар суолҳои бепосух зиёданд.
Масъалаи ба хурофот дода шудани мардуми мо сабабҳои гуногун ва оқибати нохуб дорад. Зеро хурофот боиси қафомонии ҷомеа ва аз илму фан дур гаштани одамон, хусусан ҷавонон мегардад. Таҷриба борҳо нишон додааст, ки маҳз нафарони аз илм дуру бедониш бештар ба хурофот дода мешаванд. Аз ин нигоҳ ин масъала воқеан ҳам ҷиддист ва он бояд аз тарафи ҷомеа, хусусан аҳли зиё, мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гирад. Бетарафӣ дар ин кор, воқеан ҳам, теша ба решаи худ задан, дидаву дониста худро ба варта андохтан ва билохира бешарафист. То ҳол ҳастанд нафароне, ки хатари ин амали касофатборро то охир эҳ- сос накардаанд ва намедонанд, ки он оқибат боиси нооромии ҷомеа, сар задани мухолифатҳои гуногун ва пархошу ситезаҳо мегардад.
Ба андешаи камина, яке аз сабабҳои хурофотпарастӣ ва ҳам ифротгароиву зиёдаравии динии бархе шаҳрвандон вобаста ба тарбияи хуб нагирифтани онҳо дар оила мебошад. Барои ҳама мусаллам аст, ки инсон нахустин ҳарфҳои тарбияву таълимро дар муҳити оила мегирад. Беҳуда дар байни мардуми мо мақоли “Падар чӣ гуна – писар намуна” ва ё “Модарашро бину духтарашро ба занӣ бигир” пайдо нашудааст. Зеро тифл баъди ба дунё омадану чашм кушодан модару падар ва аҳли оилаашро мебинаду ба ҳар ҳарф ва гуфтору рафтори онҳо пайравӣ мекунад. Агар дар оила хушунат бошад, лаҳни дағалу дурушт ва ҳоказо бошад, ӯ низ ба ҳамин одат мекунад. Ва ё волидайн хурофотпараст бошанд, хоҳ-нохоҳ фарзандон низ ба он хӯ мегиранд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир падару модарон дар тарбияи фарзандони хеш аҳаммияти ҷиддӣ намедиҳанд, бархе тарбияи онҳоро ба кӯча вогузоштаанд. Ва мо борҳо шоҳид будем, ки чунин бепарвоӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ба сари волидайн чӣ гуна мусибату бадномиҳо меоварад. Аз оилаи носолим фарзандони хуб ба воя намерасанд, зеро кӯдак аз овони тифлӣ ба рафтору гуфтори падару модар ва атрофиёнаш аҳаммият медиҳад ва тақлид мекунад. Аз ин нигоҳ волидайнро лозим аст, ки пеш аз ҳама худ намунаи ибрат бошанд барои фарзандон. Дар муносибат, муошират ва рафтор байни ҳам, бо ҳамсояву хешу табор ва дигарон сухани ноҷо нагӯянд, қадами каҷ нагузоранд; дағалӣ накунанд, мунофиқ набошанд, фиреб надиҳанд ва ҳоказо. Аммо, бадбахтона, имрӯз дар ҷомеаи мо кам нестанд нафароне, ки дар назди писару духтарони хеш дашном медиҳанд, дар ҳаққи нафари ғайр ғайбат мекунанд, даст ба дуздӣ мезананд ва ҳоказо. Ин ҳама амалҳои зишт ҳатман ба фарзанди онҳо таъсири бад мерасонад. Баъдан, имрӯз бисёр нафарони доро мехоҳанд, ки фарзандашон дар роҳат ба воя расад, ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надошта бошад ва кор накунад. Албатта, бароҳат зистан бад нест, аммо онҳо намедонанд, ки ин тарзи тарбия нодуруст аст. Чиниҳо дар ин бобат масале доранд ба ин мазмун: Боре марде шоҳиди он гашт, ки чӣ тавр шапалаки дохили пилла кӯшиши аз тарқиши борикаки он баромадан мекунад. Пас аз кӯшишҳои зиёд шапалак хаста шуда, аз кӯшидан бозмонд. Мардро ба ҳоли шапалак раҳмаш омаду хост ба ӯ ёрӣ диҳад ва ба ҳамин ният бо чоқу тарқишро васеъ кард ва шапалак ба осонӣ зуд берун шуд. Аммо вай бисёр беҳол ва қанотҳояш нозук буданд, базӯр ҳаракат мекард. Мард ҳамоно ба он назора менамуд ва умед дошт, ки дере нагузашта қанотҳои шапалак кушода ва бақувват мешаванду парвоз мекунад. Аммо ҳайҳот! Дигар тамоми умр шапалак дар рӯи замин базӯр ҷисми лоғару қаноти наёзидаашро кашола карда мегашт. Дигар ӯ парвоз карда натавонист. Сабаби ин бадбахтӣ нофаҳмии ҳамон марде буд, ки ба нияти ёрмандӣ тарқиши пилларо калон кард. Дар асл он ҳама ҷонканиҳои шапалак ҳангоми аз тарқиши борик баромадан ба ӯ барои он лозим буд, ки моеъ аз бадани вай ба қанотҳояш гузарад, то вай паридан тавонад. Яъне зиндагӣ шапалакро маҷбур мекард, то бо мушкилӣ аз он тарқиши борик берун шуда, инкишоф ёбад, ба камол расад. Тарбияи фарзанд низ ба ҳамин монанд аст.
Агар волидайн аз хурдӣ кӯдакро эрка калон кунанд, ҳар хостаашро зуд ба ҷо оранд, дасташро, ба қавле, ба оби хунук задан намонанд, ба ҷойи вай корашро анҷом диҳанд, вай аз рушди маънавӣ бенасиб мемонад. Кӯдак бояд аз хурдӣ кӯшиш карданро омӯзад, то дар ҳаёти оянда барои бартараф намудани монеаҳо душворӣ накашад.
Чанд сол пеш дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуда буд ва ки аз номаш пайдост, масъулияти волидайнро дар тарбияи фарзандони худ бештар кард. Ба қарибӣ ба ин қонун аз ҷониби намояндагони халқ тағйирот ворид карда шуд. Пеш аз ҳама номи он тағйир ёфт, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак». Акнун тибқи ин қонун дар таълиму тарбияи кӯдак на танҳо волидайн, балки аҳли ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон низ масъуланд, ки ин гувоҳи таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати кишвар ба тарбияи насли наврас мебошад.
Воқеан, дар замони пешин дар баробари падару модар аҳли ҷомеа низ дар тарбияи кӯдакон нақши муҳим доштанд. Алалхусус дар деҳот ин кор хуб ба роҳ монда шуда буд ва он як ҷузъи фарҳанги миллии тарбия низ ҳисобида мешуд. Масалан, агар ягон нафар наврасу ҷавон дар вақти дарс дар кӯча гаштугузор кунад ва ё дар ҷойи ҷамъиятӣ, кӯчаю маъракаҳо ягон рафтори ношоиста кунад, одамони бегона низ ӯро танбеҳ медоданд ва ё насиҳат мекарданд, ки дигарбора ин амалро такрор накунад. Аммо вақтҳои охир мебинем, ки дар рустоҳо низ одамон нисбат ба якдигар бефарқ шудаанд. Сабаби ин дар ҷомеа паст рафтани ҳисси коллективизм ва боло гирифтани фардгароӣ аст, ки оқибати хуб надорад. Дар дини ислом низ таъкид мегардад, ки тарбияи фарзанд кори бисёр муҳим ва дастҷамъона аст.
Дар адабиёти классикиамон, ки саршор аз панду насиҳат мебошад, мисолҳои зиёде дар ин маврид ёфтан мумкин аст. Масалан, пайдо шудани байти зерин гувоҳи ин гуфтаҳост:
Агар бинӣ, ки нобиною чоҳ аст
В-агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Сабаби дигари пайдо шудани ин амалҳои номатлуб аз мактабу таълим дур мондани наврасону ҷавонон мебошад. Зеро баъд аз оилаю ҷомеа кӯдак дар тарбияи мактабу муаллим ба воя мерасад. Сардафтари адабиёти муосири мо устод Садриддин Айнӣ дар як шеъри худ мақоми мактабу муаллимро дар тарбияи атфол нишон дода, аз ҷумла гуфтааст:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям:
Одам нашавад касе, магар аз мактаб.
Ба қарибӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид намуданд, ки “… таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд”.
Аз ин нигоҳ бояд кӯшиш кард, ки ягон кӯдак аз таълим дар мактабҳои миёнаи умумӣ дур намонад. Дар акси ҳол волидайн бояд барои дар мактаб таҳсил накардани фарзандони хеш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро мактаб аст, ки моро ба сӯйи илм ва касбу ҳунар раҳнамун мегардад. Мо бори аввал дар мактаб ба коллектив ҳамроҳ мешавем, муомила ва рафторро бо дигарон меомӯзем. Барои он ки мо ба мактабу хондан ва омӯзиш дил бандем, нақши асосиро муаллимон мебозанд. Муаллими бомасъулияту ботаҷриба натанҳо меҳри хонданро дар замири кӯдак бедор мекунад, балки аз овони хурдӣ ба ӯ одоб меомӯзонад, ҳамчун шахсият тарбия менамояд, дар вуҷудаш меҳри китоб, Ватан, дӯст доштани Меҳану миллати хеш, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ, ифтихор кардан бо таъриху адабиёти пурғановат ва шахсиятҳои бузурги миллатро бедор мекунад. Ва бояд пеш аз ҳама худи муаллим дорои чунин хислатҳо бошад. Аммо як чизи дигарро низ бояд қайд кард, ки агар кӯдак дар оила тарбияи хуб нагирифта бошад ва ё дар раванди таҳсил падару модар ба донишомӯзии фарзандашон таваҷҷуҳ зоҳир накунанд, натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан душвор аст. Волидайн бояд ба муаллиму мактаб алоқаи зич дошта бошанд, ҳамеша аз донишомӯзии писару духтари хеш огоҳ шаванд. Аммо ҳанӯз ҳам падару модароне ҳастанд, ки ба ин кор диққат намедиҳанд ва ҳатто агар муаллим фарзанди ноқобилу духони онҳоро коҳиш кунад, бешармона ба сари ӯ арбадаю ҷанҷол мекунанд, ки ту чаро фарзанди маро коҳиш кардӣ, дар назди дигарон таъна задӣ ва ё шарм дорондӣ. Дигар муаллими бечора дилёб намешавад, ки ба қавле, пишаки чунин фарзандони эркатулфорро “пишт” бигӯяд. Магар ба ҳамин гуна муносибат фарзанд тарбия карда мешавад?! Магар мо аз ёд бурдаем, ки гузаштагонамон фарзандони худро ба мактаб назди муаллим бурда мегуфтаанд: устухонаш аз мову гӯшту пӯсташ аз шумо. Яъне коре кунед, ки фарзандамон илм омӯзанд. Ё Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро имрӯз муаллим, омӯзгор, устод он обрӯе, ки дар ҷомеа дошт, аз даст дода истодааст ва талаба натанҳо ба сабақи баъзе омӯзгорон гӯш намедиҳад, балки эҳтиромашонро ба ҷо намеорад. Барои чӣ ба муаллим, ки миллатро тарбия мекунад, чунин рафтор мекунанд имрӯз? Сабабҳо гуногунанд. Ба ин ҷомеа ва баъзе муаллимон низ гунаҳкоранд. Аввал ин ки чи тавре гуфтем, гурӯҳе аз волидайн ба таври бояду шояд заҳмати муаллимро қадр намекунанд. Баъдан, бархе омӯзгорон худашон эҳтироми хешро ба ҷо намеоранд, рафторҳое мекунанд, ки ба номи омӯзгор иснод меорад. Бархе донишгоҳро хатм намуда, соҳиби диплом гаштаанд, аммо дониши казоӣ надоранд. Албатта чунин устодро шогирд эҳтиром намекунад. Имрӯз вақти он расидааст, ки донишгоҳу коллеҷҳо дар тарбияи омӯзгорони оянда ва муассисаҳои томактабӣ ҷиддӣ бошанд.
Устод Садриддин Айнӣ, ки мақоми муаллиму мактабро дар зиндагии ҳар инсон аз ҳама боло мегузорад, нақши онро дар мубориза бар зидди хурофот низ бориз медонад. Барои мисол ин ҷо пораеро аз мактуби ӯ, ки 31 январи соли 1949 ба адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев навиштааст, меорем: “Дар тобистони соли 1946 дар Самарқанд як студенти ленинободӣ, ки дар Москва таҳсил мекунад, омад. Аз рӯи шуниди ман, он студент бародари хурдтараки худро, ки “кокулаш ба Шоҳи зинда назр будааст”, гирифта овардааст, то гӯсфанде харида, ба сари мазори мазкур бурда кокули бародарашро тарошонад. Ин корро ягон касе аз аҳолии ҳозираи Самарқанд ва Бухоро намекунад. Ин факт ҳаминро нишон медиҳад, ки агар шумо бинои сари мазори шайх Маслаҳатро вайрон карда партоед ҳам, хурофотпарастон аз ҷоҳои дур ҳам бошад, барои қонеъ кунонидани орзуи хурофотпарастии худ мазоре меёбанд ва инчунин ин факт ҳаминро ҳам нишон медиҳад, ки дар Ленинобод – дар мактабҳо ҳанӯз тарбияи советӣ-коммунистӣ дуруст ба амал монда нашудааст, вагарна як студент ин корро намекард. Бинобар ин, аз ҳама пештар ба воситаи мактабҳо муборизаро ташкил кардан лозим аст ва аз ҳама пештар муаллимонро аз назари тавфиқ гузаронидан даркор аст”.
Имрӯз низ дар ҷомеаи мо чунин муаллимоне, ки бо хурофотпарастон ҳамдастӣ мекунанд, ҳастанд. Бисёрии онҳо озодии виҷдонро дигар хел мефаҳманд, хурофотро аз дини асил фарқ карда наметавонанд. Бояд аз хотир набаровард, ки ҳама гуна динҳо танҳо ба хотири тарбияи инсон, ахлоқи хубу покизагӣ арзи вуҷуд кардаанд. Аммо дар ҷаҳони имрӯза бадтинатон динро парчам намуда, мақсадҳои нопоки хешро амалӣ кардан мехоҳанд. Хусусан баъзе муллову имомҳои дастудилашон нопок барои манфиати шахсии худ мардумро гумроҳ намуда, деги хурофоту зиёдаравиҳои диниро меҷӯшонанд. Ҳол он ки онҳо бояд пеши ин амалҳои хилофи дини мубини исломро бигиранд.
Бо дигаргуниҳои ҷамъиятӣ муносибати байни одамон низ тадриҷан тағйир меёбад ва ин алабатта ба кори тарбияи насли наврас бетаъсир намемонад. Бино бар ин, моро лозим аст, ки вобаста ба вазъияту талаби замон фарзандони худро тарбия намоем, барои донишандӯзӣ, касбёдгирии онҳо ҳеҷ чизро дареғ надорем. Аммо тавре дар боло гуфтем, баъзе волидайн хароҷоти беҳудаю нодаркори зиёд мекунанду дар харидани китобу дигар ашёи барои таълими кӯдакашон зарур дасташон меларзад. Имрӯз дар баробари тараққиёти рӯзафзуни воситаҳои техникӣ, аз қабили теле- фони мобилӣ, интернет, шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ таъсири беруна ба ҳама ҷабҳаҳои зиндагии мо бештар мегардад. Ин кор ҷиҳати мусбат ва манфӣ низ дорад. Манфӣ аз он ҷиҳат, ки бисёр гурӯҳҳои ифротию тахрибкор ба воситаи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ наврасону ҷавононро ба доми худ дароварда, барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки хеш истифода мебаранд. Ва ё абарқудратҳо бо ин роҳ ҷавонони бетаҷрибаро осон мубталои фарҳанг ва тарзи зисти хеш мегардонанд. Ин хатари ҷиддист ба сулҳу суботи ҷомеа ва ба фарҳангу урфу одатҳои миллии мо таъсири бад мерасонад, наврасону ҷавононро бероҳа карда, ба кӯи бегонапарастӣ меандозад. Бино бар ин барои пешгирии ин амалҳои номатлуб падару модарон ва муаллимон бояд истифодаи кӯдаконро аз телефонҳои мобилию интернет ҷиддӣ назорат намоянд, то онҳо ба доми ифротиёну гурӯҳҳои ҷинояткор наафтанд.
Хулоса, ҳарчанд баъзе нафарон тарбияи фарзандро кори содаву осон мегиранду бо таъбири дигар “фарзанд худаш афтидаву хеста калон мешавад, фарзандро Худо, ки дод ризқашро низ медиҳад” ва ғайра худашонро дилпур мекунанд, бояд дониста бошанд, ки фарзандро ба дунё, ки овардӣ, масъулияти бузурге, яъне тарбияи ӯро ба дӯш мегирӣ, то вай дар оянда як нафари ба ҷамъият, халқу ватани хеш нафърасон ба воя расад. Агар бемасъулиятӣ бикунӣ, ҳам худат бадному рӯсиёҳ мешавӣ ва ҳам нафареро дарди сари ҷамъият мекунӣ.
Равшан Махсумзод