Тоҷикистон дар фурӯғи зарҳалин

Ба бузургдошти Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Менависам номи тобони туро бо оби тилло
Дар фарози симгуни чархи мино,
Дар фарози тоблуи чархи гардун,
Дар ҷилои ормонҳои фарогири ҳазоронсолаи халқам
Бо фари хуршеди дил, бо ашку бо хун…

Менависам
Бо дурахши лолязолии муҳаббат,
Бо фурӯғи зарҳалини ишқ,
Бо ҳазорон сӯзу таф,
Сози шааф,
Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Эй адолат, эй ҳақиқат, эй муҳаббат,
Эй шараф!

Аз ҳазоронсола таърихи банангат,
Аз ҳазорон сахраи сангину аз ҳар резасангат,
Аз ҷилои чеҳраи ранги ба рангат,
Аз фурӯғи офтоби озарангат.
Ҳамчу тандеси муҳаббат
Рустаам бо орзуҳои фалакпеч,
Бо иродатҳои ҳар нахли зарангат.

Рустаам ман аз зулоли чашмаҳои кӯҳсоронат,
Рустаам аз ҳар гули хор, аз навои обшор,
Аз сиришти арчаҳои бехазонат.

Рустаам аз ҳулбаву райҳону барги зуф
Ҳамчунон, к-аз ҳасрати дарди ниҳонат,
Рустаам ман аз садои чаҳ-чаҳи булбул,
навои кабки сур

Ҳамчунон, к-аз сӯзу сози ҷисму ҷонат,
Рустаам аз мағз-мағзи хоки пурфайзу баэҳсонат,
Тоҷикистон!

Ман паёми сатр-сатри шеъри волои бузургони туям,
Ман фари дасти дуои модарону мӯсафедони туям,
Ман ҳама саршор аз ангезаҳои бӯйи нонат,
Файзу эҳсони туям!

Рустаам ман аз ту, яъне, аз сиришти пок.
Рустаам ман аз ту –
аз кирдору аз гуфтору аз пиндори
неки родмардон,
Аз тани хуншори Шерак дар набарди ҳифзи Меҳан,
Аз фари Испетамон, аз фитрати озодагон.

Ман намегӯям, ки тӯмори танам аз байтҳои Рӯдакист,
Ман намегӯям, ки дар ҷону дилам хуршеди Мавлоност,
Ман намегӯям, ки дар пуштам фари Синост,
Ҷоми хайёмии ман дар ростои гунбади мино
Гашта лабрези майи маъност.

Парчами пирӯзии ман офтоби Ховарон аст,
Манзили хушрӯзии ман
Соҳати Боми ҷаҳон аст,
Мулки худафрӯзии ман
Аз Карон то бекарон аст.

Қимату нерӯи ман, дороии ман
Шаъни инсон, шаъни инсон, шаъни инсон аст!
Ин ҳама ҷамъи хуҷаста
Ҳифз дар як вожаи оганда аз меҳру садоқат,
Вожаи зарҳалкашида аз сиришти ман —
Тоҷикистон аст!

Сӯхт оташ, сӯхт оташ,
Гашт хокистар, равони ман насӯхт,
Об шуд санг, об дар маҷрои вақт,
Ҷони ман аз марги қисмат зиндагӣ омӯхт.
Эҳтиромамро, саломамро, каломамро
ба алфози биҳиштӣ
Мефиристонам ба паҳнои башар,
Мурғи Симурғе, ки ман эҷод кардам,
парваридам, болу пар додам,
Мебарад пайки маро бар баҳру бар.

То туро ёбам, нигоҳам асрҳо бедор монд,
Маҳв шуд олам, валекин ишқи ман подор монд,
Ҳастии ман
Ёдгорӣ чун муҳаббат
Аз сиришти Одаму Ҳавво ба сад озор монд.

Шаъни ман чун рамзи Мансур
Бо ҳама сӯзу сурур,
Бо аналҳақ дар канори дор монд.
То ҷаҳон фаҳмад, ки аз симои ман
Рафт озори ҷаҳон, осор монд,
Ишқ монду шаън монду нанг монду ор монд!

Меҳани ман – Миллати ман
Дар намои Тоҷикистони биҳиштосо шукуфон
Бо фурӯғи лоязолӣ,
Посдори шаъни худ подор монд,
Дар паноҳи хилқати хуршедии худ
Дар фурӯғи раҳмати Додор монд!

Камол НАСРУЛЛО

*  *  *

Зи ҷону дил сухан гӯям: Муборак бод Истиқлол!
Ба ҳар як анҷуман гӯям: Муборак бод Истиқлол!
Бувад ин вожаи ширин чу номи дилбари дерин
Ватан гӯям, Ватан гӯям! Муборак бод Истиқлол!

Сафои обҳои ӯ ҷило бар дидагон бахшад,
Ҳавои ӯ, сафои ӯ тавон бар нотавон бахшад.
Самои ӯ гулафшону фазои ӯ дурахшон аст,
Раҳи уммеди фардоро фурӯғи Каҳкашон бахшад.

Бифахрам аз чунин миллат, ки дар дил меҳру маҳ дорад,
Ҷавону пири ӯ хуршед дар нури нигаҳ дорад.
Ба мисли қуллаи Помир ҳар фарзанди дилбандаш
Ба сар аз сарфарозӣ, аз ҷавонмардӣ кулаҳ дорад.

Ба ҳар сӯ бингарӣ, ӯро бафайзу дилрабо бинӣ,
Заминашро фараҳафзо, фазоро босафо бинӣ.
Ҳама бо дасти шафқат, рӯйи неку орзуи нек,
Паёми сулҳ бар лаб, аз хусуматҳо раҳо бинӣ.

Ба ҳар як ҷода нақши ваҳдати дилҳо асар дорад,
Бифахрад раҳгузар, гар аз чунин роҳе гузар дорад.
Зи меҳри ин Ватан дар дил ҳарорат он қадар беш аст,
Ки ҳар гуфтори мо дар васфи ӯ нуру шарар дорад.

Фузун гардад тавону зӯри мо бо номи Истиқлол,
Нагун созад ғаму андӯҳро пайғоми Истиқлол.
Забуну лол монад душмани пирӯзии миллат,
Парафшон парчами иқболи мо дар боми Истиқлол.

Зи Истиқлол равшан зиндагиву субҳи фардо бод!
Зи анвору фурӯғи ӯ ҷилои бахт пайдо бод!
Умеди фатҳи мо бо ӯ бувад, ин фатҳи бетаслим,
Ҳамеша дар радифи кӯҳсорон пойбарҷо бод!

Рӯдобаи Мукаррам

*  *  *

Атои бахти беҳамтост Истиқлол,
Рухи сурху сари болост Истиқлол.
Сафои зиндагӣ бошад агар Ваҳдат,
Ба Ваҳдат ҳамраҳу якҷост Истиқлол.
Чӣ ҷӯйӣ беш аз ин шодии дилҳоро?
Бақои шодии дилҳост Истиқлол.
Ба пеши дида метобад ба садҳо ранг,
Чи рангоранг худ дунёст Истиқлол.
Ҷаҳон равшан шавад аз нури хуршедаш,
Дурахши олами фардост Истиқлол.
Ба мулки дил намонда ормон дигар,
Камоли ормони мост Истиқлол.

Гурез САФАР

*  *  *

СУРУДИ ҶАВОНОН

Ханда зад толеъи фархундаи мо,
Ахтари саъди дурахшандаи мо.
Шуд парафшон алами Истиқлол,
Гашт равшан раҳи ояндаи мо.

Мо ҷавонони баландиқболем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Соҳиби дидаи фардонигарем,
Молики неруи бунёдгарем.
Ватан уммедгаҳи равшани мост,
Ҳомии ин Ватан, ин бому дарем.

Мо Ватанро сипару шаҳболем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Парчамаш пояи давлатмандист,
Ҳар каломе зи Сурудаш пандест.
Ҳафт ахтар, ки Нишонаш дорад,
Равшан аз нури шарофатмандист.

Аз чунин шаъни Ватан меболем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Мо ба ин мулк сару сомонем,
Ҷумла содиқ ба раҳи паймонем.
Ҳама дар шаҳраҳи эҳёи Ватан
Пайраву пайсипари Раҳмонем.

Якдилиро гараву тимсолем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Насли андешавару ҷӯёем,
Аз пайи маърифати дунёем.
То ба ганҷинаи асрори хирад
Бештар дурру гуҳар афзоем,

Бо замон ҳамқадаму ҳамболем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Ҳар куҷое, ки қадам бигзорем,
Раҳ ба раҳ нури шарофат борем,
Пайи сарсабзию таъмири Ватан
Кору пайкору ҷадалҳо дорем.

Насли фаррухпаю некӯфолем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Рӯдакихилқату синонасабем,
Маърифатпарвару доништалабем.
Ҷумла ороста бо фазлу ҳунар,
Ҳама шодоб зи илму адабем.

Равшан аз партави истиқболем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Мо зи аҷдод нишонем ҳама,
Ҷогузини падаронем ҳама.
Сархати тозатарин таърихи
Тоҷикистони ҷавонем ҳама.

Дудаи пешсафу фаъъолем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Ҳар яке рӯзи Ватан худ ид аст,
Лаҳзаи пурфараҳу ҷовид аст.
Рӯзи фархундаи Истиқлолаш
Ҷашни эҳё шудану тавлид аст.

Мо ба ин ҷашни Ватан ҳамсолем,
Зодаи давраи Истиқлолем.

Мирзо КЕНҶА

 

Дигар хабарҳо