Тоҷикистон, бо Пешвои Миллат ба пеш!
Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун таҳти шиори “Тоҷикистон, бо Пешвои миллат ба пеш!” ҳамоиш баргузор гардид. Ба ин ҳамоиш муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ роҳбарӣ намуд.
Ҳамоиш ба Рӯзи забони давлатӣ, мавлуди шарифи Пешвои муаззами миллат ва ба муносибати 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 33-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд.
Субҳгоҳон намояндагони шаҳри Душанбе ба ҷониби Роғун раҳсипор гардиданд, ки дар ҳайати онон кормандони масъули КИМ ҲХДТ, раисони созмонҳои ҳизбии пойтахт, навоҳии он ва дигар фаъолон буданд.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исматулло Холиқов, овозхони бомаҳорат Қобилҷон Зарифов, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо, мудири шуъбаи тарғиби адабиёти ИНТ Абдуллоҳи Раҳнамо ширкат доштанд.
Намояндагони Роғун дар даромадгоҳи шаҳр бо шиорҳо ва кафкӯбиҳои гарму самимона меҳмононро пешвоз гирифтанд. Сипас аҳли ҳамоиш бо нидоҳои ватандӯстонаи “Тоҷикистон, бо Пешвои миллат ба пеш!”, “Зинда бод забони ноби тоҷикӣ”, “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – роҳнамои мо!” баҳодурона қадам ниҳода, ба майдони Истиқлоли шаҳр омаданд ва дар пояи ҳайкали шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар ҳамин ҷо қисмати якуми ҷаласаи ҳамоиш оғоз гардид. Муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ суханронии пурмуҳтавое карда, ҳозиринро бо Иди забони тоҷикӣ, рӯзи таваллуди Пешвои миллат ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод гуфт.
Раиси шаҳри Роғун Суннатулло Саидзода дар нутқи худ аҳли ҳамоишро ба ин ҷашнҳо табрик карда, роҷеъ ба дастовардҳои шаҳри Нурофарон таваққуф намуд.
Адибон низ суханронӣ карда, аз асарҳояшон пораҳо қироат намуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аҳли ҳунар Миралӣ Достиев, Исматулло Холиқов, Қобилҷон Зарифов ва дигарон ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро сурур бахшиданд.
Қисмати дуюми ҳамоиш дар минтақаи сохтмони сарнавиштсози миллати тоҷик — Неругоҳи барқи обии Роғун баргузор шуд. Гуруҳи калони намояндагони шаҳри Душанбе бо роҳбарии Абдуҷаббор Азизӣ бо нақбканон дар коргоҳ суҳбат намуданд. Гурӯҳи дигар дар минтақаи аввали сохтмонсозӣ дар майдони фарҳангу фароғат бо коргарони кохи беназири нуристони Тоҷикистони маҳбуб, ки бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мегардад, мулоқот намуданд.
Ҳамоиш дар шаҳри Роғун басо шавқовар, пурмуҳтаво ва хотирмон баргузор гардид.