Ӯлмас Ҷамол: «Тоҷикам гуфто писар…»
Ба муносибати 90-солагии шоир маҳбуб Ӯлмас Ҷамол
Манзараи боҳашамати кӯҳсор бо қуллаҳои баланд, барфҳои сафед аз утоқи кории ман намоён мешавад. Офтоб дар осмон медурахшад, аммо тафти ӯ баргаштааст. Иқлими муътадил ба кас лаззат мебахшад. Ин муъҷиза аст. Нигоҳи ман ба минтақаҳои васеъи қаторкӯҳҳо меафтад, ки аз чор тараф пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо иҳота кардаанд. Ба ин кӯҳҳо нигоҳ карда, дӯстии шоири маъруфи доғистонӣ Расул Ҳамзатов ва Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба ёд меояд. Воқеан, эҷодиёти ҳарду шоир аз ҷониби ӯзбекҳо низ қадр карда мешавад ва онҳоро ҳамчун шоири халқи худ эҳтиром мегузоранд…
Аз тиреза ба Душанбе нигариста, сӣ соли охири ҳаётам дар пеши назарам зинда мешавад. Аз фаъолияти журналистиям дар рӯзномаи «Халқ овози» сӣ сол пушти сар шудааст. Дар ин миён бо шахсиятҳои бузурги адабу фарҳанг суҳбатҳо оростам, дӯстӣ пайдо кардам.
«Халқ овози» даргоҳест, ки дар он намояндагони адабиёти ӯзбекзабони Тоҷикистон ба камол расидаанд. Фаъолият намуда, шуҳрат ёфтаанд.
Яке аз онҳо шоири зуллисонайн, дорандаи ордени «Дӯстӣ», мунодии дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек устод Ӯлмас Ҷамол мебошад.
Ӯлмас Ҷамол 17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба дунё омада, ду соли аввал дар мактаби миёнаи ҳамон ҷой таҳсил кардааст.
Соли 1947 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом мерасонад. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо баҳои аъло хатм менамояд. Чанд сол дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.
Фаъолияти баъдияш ба эҷод ва рӯзноманигорӣ тавъам аст. Корро аввал аз рӯзномаи «Регар» (ҳоло «Диёри Турсунзода») ба сифати котиби масъул шуруъ намуда, баъдан ба шабакаи Радиои Тоҷикистон гузаштааст.
Давраи бисёр пурмаҳсули эҷодии Ӯлмас Ҷамол ба нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» марбут аст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромадан дар он дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Бештари осораш маҳз дар давраи фаъолияташ дар рӯзномаи мазкур иншо ва чоп шудаанд. Аввалин маҷмуааш бо номи «Чашмаи муҳаббат» соли 1969 ба табъ расида, баъдан маҷмуаҳои «Гӯш ба дил» (1973), «Даъват ба дуродур» (1978), «Дар васфи Офтоб» (1980), «Фасли накукорӣ» (1984), «Эҳсос» (1985), «Ситораи орзу» (1988), «Гули ороста» (1988), «Дӯстнома» (2001), «Сарҳисоб» (2002), «Як нигоҳ» (2002) ва ғайраро ба ихтиёри хонанда гузоштааст. Ӯлмас Ҷамол соҳиби чор девон — «Сурур» (2004), «Масрур» (2009), «Манзур» (2011) ва «Маъмур» (2013) мебошад, ки дар нашриётҳои шаҳрҳои Душанбею Тошканд чоп шудаанд.
Устод Ӯлмас Ҷамол дар баробари публитсист ва шоир будан, маҳорати баланди тарҷумонӣ низ дошт.
Шеърҳои алоҳидаи Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Қутбӣ Киром, Мавҷуда Ҳакимова, Гулназар, Гулрухсор, маҷмуаҳои ашъори Аскар Ҳаким ва Меҳмон Бахтиро бо маҳорати биланд ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
Ҳамчунин, драмаҳои Раҳим Ҷалил, М. Назаров, А. Атобоев, Ҳоҷӣ Содиқ, Ш. Қиёмов, Ш. Солеҳ ва дигаронро хонандагони ӯзбек дар тарҷумаи Ӯлмас Ҷамол хондаанд.
Ман солҳои зиёд бо устод дар рӯзномаи «Халқ овози» якҷоя фаъолият намудаам. Хонанда ва шунавандаи аввалини ашъори нави шоир мо, ҳамкорон, будем. Ҳар як шеъри навашро аввал ба мо мехонд, фикру мулоҳизаҳои моро мепурсид.
Ӯлмас Ҷамол бо шоирони пешсафи Ӯзбекистон – Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов, Ҷамол Камол ва дигарон робитаҳои наздики эҷодӣ дошт. Дар даҳаҳои абадиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамеша иштирок карда, мунодии дӯстӣ ва сафири адабии ду халқи баробар гардида буд.
Ба эҷодиёти устод Ӯлмас Ҷамол дар баробари адибону нависандагони тоҷик, адабиётшиносон, аз ҷумла, академикҳо Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, дотсент Муртазо Зайниддинов ва дигарон баҳои баланд дода буданд.
Дар ҷашни 60-солагии устод Ӯлмас Ҷамол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок карда, шоирро табрик намуда буданд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии халқи узбек мебошад.
Эҷодиёти Ӯлмас Ҷамол, фаъолияти эшон дар роҳи рушди муносибатҳои дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардида, бо ордени «Дӯстӣ», унвони Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ шуда буд.
Устод Ӯлмас Ҷамол дар шеъри машҳури худ бо номи «Дар васфи як халқи дузабона» барҳақ қайд кардааст:
Ӯзбекистон ӯғлидурман,
тоҷикам гуфто писар,
Рост гӯям ҳар кадоме
севгилимдир жон қадар…
Мардуми тоҷик устод Ӯлмас Ҷамолро ҳамчун фарзанди худ дӯст медоранд, эҳтиром мекунанд ва ба эҷодиёташ арҷ мегузоранд.
Бизгор дӯстии халқҳо поянда ва ашъори шоири зуллисонайни мо Ӯлмас Ҷамол садсолаҳо гиромӣ бошад.
Ёқубҷон Абдуманнонзода,
сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон