Тору пуди шеъри ӯ аз риштаи нур аст

 Тору пуди шеъри ӯ аз риштаи нур аст

Аслан равшании андешаҳои наҷиб ва мазмунҳои латиф бар қоби ҳарфҳои сиёҳ мисли нури маҳ дар торикӣ ме­тобад. Ва ба ростӣ, ҳангоми хондани шеърҳои Нуқраи Суннатниё ҳам дар китоби “Атри гули ёс” бӯи ин наҷобати равшан ба димоғат мезанад ва риштаи хаёлат гӯиё ба калобаи маҳтоб мепе­чад. Ӯ гоҳо ҳамнишини шеърҳояшро ба сояи нури латифи моҳ мекашад ва ба андешаҳои мунири маҳтобияш шарик месозад. Дар намунаҳои зиёди чакомаҳои ин шоири хушхаёлу хуша­до, латифэҳсосу нозукпардози тоҷик хаёли маҳтоб дар ҳавзаи андешаи шоир ҷойгоҳи вежа дорад. Тасвире марғуб аз ин ҷирми рӯшанипазир дар чандин варақи оганда аз атри гули ёси дафтари ашъораш равшан метобад. Дар партави андешаҳои маҳтобии шоир доғу сӯзи ишқи як тан ба Ватан ва “қиссаву ғуссаҳои зан” аён мегардад.

Ситоиши зодгоҳ Ванҷ, васфи кӯҳистон, тараннуми ишқи Тоҷикистон ва баёни дардҳои иҷтимоиро дар ростои шеъри ватанпарварона метавон ба шумор овард. Нуқра менависад:

Номи ту бар лаб наорам беш,
То наафтад аз даҳон,
Номи ту, ки ояти ишқ асту нур,
Ибтидои зиндагониву сурур,
Марҳами ҷон,
Тоҷикистон!

Шеъри ватандӯстӣ аслан ва табъан дар тору пуд пайванде бо таърих ва масоили иҷтимоӣ дорад ва масалан, ба рағми рангбохтагиҳои миллӣ дар шеъри ба қавле “патриотикӣ”-и ки­швари гуногунмазҳабу гуногунмиллате чун Амрико, ки имрӯз доираи вуҷуди назм дар фазои адабиёташ танг аст ва шеъри ватандӯстӣ хусусиятҳои дигар касб намудааст, моҳияти дӯст доштани Ватан ва ситоиши он дар шеърҳои тоҷикӣ одатан дар барра­сии дардҳои доғи миллат ва кишвар ифода меёбад. Дар ашъори Нуқраи Суннатниё низ дардҳои зани тоҷик дар мисоли муаммоҳои иҷтимоӣ баён мешаванд, чунончи дар ин шеър, ки мухотаб маҳтоб аст:

Бо ман ситам макун,
Бар ман ситам макун!
Дидӣ? Дилам дупора шуд аз
                                                 инфиҷори яъс:
Аз сарнавишти тираи
                                    дӯшизагони аср!
Аз доғҳои қалби худ
З-имрӯзу аз гузашта бароям
                                                         рақам макун,
Бар ман ситам макун…

Дар нигоҳи шоир, доғҳои дили моҳ аз гирифториҳои дӯшизагони замони мост, балки ҳамаи замонҳо. Дарвоқеъ, дар навиштаҳои яке аз пажӯҳишгарони шеъри Нуқраи Суннатниё, донишман­ди адабиёт Анзурат Маликзод ин нукта таъкид мешавад: “Мавзуи аксари шеърҳои Нуқраро қиссаву ғуссаҳои духтари тоҷик ташкил медиҳанд, ки онҳо гоҳ зери бори сангини рӯзгор, гоҳе зери таҳқиру фишор ва гоҳи дигар танҳои зор мондаанду дилфигор.”

Дар ин дилфигориҳо қалби ин зани танҳо гоҳе моили қиссаҳои маҳтобист:

Дар дили зимистонам, эй Худо, баҳорам деҳ,
Қиссаҳои маҳтобӣ дар шабони торам деҳ.

Ё худ дар “Шаби гирифтани моҳ” ба шакли ҷаззобу бадеъ дилашро холӣ мекунад:

Шаби гирифтани моҳ асту моҳ хира шуда,
Саҳоби ғам ба ҷамоли шаҳоб чира шуда.
Зи чор сӯй замин тиратар зи уқёнус,
Хаёли туст париву дилам ҷазира шуда.
Биёву истгаҳи барқии ҷаҳонӣ соз,
Зи оби чашми ғамам инчунин захира шуда.

Байти хаёлангезу эҳсосбарангези охир ин андешаро дар зеҳни мо қави­тар мекунад, ки Нуқра шоири замони худ аст ва рӯҳи замонро ба шеърҳояш медамад.

Мо дар ҷараёни баъзе ҷусторҳо, ки перомуни шеъри дигар бонувони шоир ба сомон расидаанд, мутаваҷҷеҳ шудаем, ки ин вежагии шеъри рӯзро бо лаҳни имрӯз гуфтан дар эҷодиёти устодон Гулрухсор ва Фарзона барҷа­стагӣ дорад. Ин барҷастагӣ дар шеъри Гулрухсор дар интихоби масоили муҳимми рӯз ва талқини онҳо ба лаҳни тоза ва дар шеъри Фарзона дар ша­кли баёни ҷозибадору тозаи ашё ва истилоҳоти имрӯза намудор мегардад.

Нуқраи Суннатниё низ дар ин самт тозагӯю комёб аст. Истифода аз истилоҳоти имрӯза ва талқини баде­ии онҳо дар шеъри ӯ моҳирона сурат гирифтааст, чунончи дар шеърҳои “Хабарнигор”, “Суратгир”, “Обуна” ӯ тавонистааст шоирона аз шуғли худаш дарак диҳад:

Ман ҳам хабарнигори яке ҳастам,
Аз рӯзгори ишқ хабар орам,
Рӯи ҷаридае, ки шуда шуҳра
Аз қиссаи муҳаббати ғамборам.

Ошиқонаҳои шоир гоҳе гармию ҷӯши эҳсосот, ҷасорати баёни Фурӯғ ва Симинро ба ёд меоваранд:

Агар ман моҳ будам, пушти бомат
Тамоми шаб ба хиргаҳ менишастам.
Фалак бар бурданам гар қасд мекард,
Диламро рӯи бомат мешикастам.
Агар ман моҳ будам, аз фазоят
Туро оғӯш мекардам ба нурат.
Дареғо, Маҳ наям, як маҳвашам ман,
Дар оғӯши хаёлат аз ту дурам.

Моҳ дар ин шеър дар фазои роман­тикӣ қарор дорад, аммо дар шеъри дигар ба фазои фаротари устуравии ирфонӣ мекӯчад. Дар шеъри “Нахуст­ватан” Нуқра ба сайёраи Моҳ меан­дешад, ки тибқи фалсафаи қадимаи Ҳинд, оғози ҳастии одам аз Моҳтоб аст ва майли одамӣ ба Моҳ гӯиё ба ин хотир будааст. Дар банди охири шеър чунин натиҷагирӣ мешавад, ки инсони озими баргаштан ба Моҳ оё комёб хоҳад шуд ва пайванд дар фарҷоми кор чӣ гуна хоҳад буд:

Ҷустуҷӯ дорад раҳи баргаштанаш,
Ту бигӯ, меёбад охир коми худ?
Аз ту буд оғози ҳастияш агар,
Чун шавад пайванд дар фарҷоми худ?

Бо ин ки гуфтаанд “Нуқра майл ба лафзбозиву такаллуфот надорад, шеъри ӯ бо содагиву бепироягӣ дар ҳолати табиӣ ва сода иттифоқ афтода­аст”, шоир дар шеъри “Доротарин” бо камтар пайравӣ аз сабки Доро Наҷот, ки равиши хос ва содагиситез дорад, бахусус дар шеъри сапед, Нуқра ҳам дар ин сабк таҷриба андӯхтааст ва собит намудааст, ки омӯзиш, варзиш дар гуфтан ва ҳамгомӣ бо шоирони дигар воқеан метавонад ба сабки шо­ири дигар асаргузор бошад. Порае аз шеъри номбурдаро меоварем:

Мебинам, мебинам!
Хилъати ту
сарири нилии Сайҳун аст,
                            хилқатат софии гардун.
Иродаат
матонати Куруши Кабир
ва ибодатгоҳат
паҳнаи Хуросони қадим…

Агар шеър он бошад, ки ба қавли Фурӯғи Фаррухзод, шоир битавонад бигӯяд, ки “ман ҳастам, ман ҳам будам”, пас шеъри Нуқраи Суннат­ниё рози будан ба содагии зебоӣ ва камоли некӯист, рози ҳастие, ки дар шабони сиёҳаш шоире менишинад ва аз риштаҳои нури маҳтоб ба тану ҷони “ҷигарзодагон”-и худ (“Одамизо­да ҳама ҳаст ҷигарзодаи ман”) ҷомаи чома мебофад.

Дилшода ҲАЗРАТҚУЛИЁН,
устоди Донишгоҳи давлатии
 шаҳри Самарқанд

Дигар хабарҳо