Толиби Луқмон. Ба ёди устоди равоншод Саттор Турсун
Бо шукӯҳу виқори зебанда
Ҳар гаҳ аз кӯчаҳо гузар мекард,
Файласуфона роҳ гаштанҳош
Бар муҳиту фазо асар мекард.
Буд дар ӯ фари Улуғзода,
Бо таанниву тоқату тамкин,
Порае аз нубуғи Икромӣ,
Партаве аз фурўғи Фазлиддин.
Зоҳиран гарчи кӯҳпайкар буд,
Андар ин кӯҳ рӯди нолон дошт.
Ҳалқа-ҳалқа чу дуди сигораш
Оҳи бар авҷи чарх печон дошт.
Ў иҷозат надод, то ғаму дард
Бишканад андаке ғурурашро.
Дар бағалкисааш нигаҳ медошт
Акси фарзанди роҳдурашро.
Гоҳ дар хилвати ғамолудаш
Бо ҳамин акс гуфтугӯ мекард.
Пора-пора гузаштаҳояшро
Дар ҳамин акс ҷустуҷӯ мекард.
Дар бағалкисааш нигаҳ медошт,
То мабодо фитад ба панҷаи бод.
Оҳ, шояд ки дар дами охир
Чашм бар сурати писар ҷон дод…