“Теъдоди ғазал ба понсад расид”, аммо…

Имрўз дар майдони адаб муддаиёне пайдо шудаанд, ки ҷои марворид хармуҳраҳоеро ба унвони шеър ба гардани  завқи хонанда овехтан мехоҳанд ва гуфтаҳояшон ба ҷуз фиреби назари ноогоҳон чизе нест. Нодири Нодирпур,  шоири номвари Эрон, дар мусоҳибае шоиронро ба чор даста тақсим карда ва яке аз ин чаҳор даста ҳамонҳоеанд, ки мафҳумро номаънусу суханро бемоя ба хонанда пешкаш мекунанд: «Чаҳорум, гурўҳе, ки зеҳни сода ва андешаҳои сатҳӣ доранд, аммо онҳоро табъан ё амдан буғранҷу печида баён мекунанд. Инон ё нотавонанд ва ё дағал!»

Офаридани шеър аз ҷониби ин гуна касон сатҳиву сарсарӣ ва аз рўи ҳавову ҳавас аст. Дар ин замина метавон Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозодаро намояндаи ҳамин гурўҳ донист. Ў солҳост китобҳои навбанави “шеър” мунташир мекунаду мехоҳад худро ба чашми мардум шоир ҷилва диҳад.
Ба ин пора таваҷҷуҳ кунед:

Кишварам Тоҷикистон – бахшандаи нишотам,
Дар хоки покат бошад ҳам мавту ҳам ҳаётам.
Ҳубби ватан дар ҳадис омад ба мо аз набӣ,
Ҷайҳуну Нилро бидон, Сайҳуну ҳам Фуротам.

Биёед, аз рўи инсоф бигўем, ки оё нависандаи ин сатрҳоро мешавад шоир гуфт? Касе, ки вазнро намедонад, касе, ки дар суханаш мантиқу таносуб нест, касе, ки сухани сусту омиёнаву кўчабозориашро ба қолаби “шеър” мерезад, касе, ки сурудаҳои содалавҳонаашро шеър мепиндорад, чӣ гуна шоир буда метавонад?
Мисоли ҷолибтар:

Бар касе чоҳе макан, дар он бияфтӣ бетаноб,
З-он халосиҳо наояд, ту бимонӣ дар азоб.

Инро чӣ гуна мешавад тафсир кард? “Бар касе чоҳе макан…” – оё ин маъноро ҳазорон бору ҳазорон бор беҳтар аз ин   нагуфтаанд? “Тозакории” ин ҳазённавис ҳамин аст, ки чоҳкан барои баногоҳ ба чоҳ афтодан бояд бо худ таноб гирифта бигардад. “Халосӣ наомадан” оё баёни тоҷикист?

Ин гуна бемантиқию зиштбаёнӣ ва бетаносубиҳо дар саросари шеъри ин “шоир” ҳаст.

Офтоби нури илм пайваста бошад бо само,
Илми барқу пешравии маърифат аз оби соф.
Пешниҳоди Тоҷикистон гашт мақбули ҷаҳон,
Оби рўи тоҷикон, маъруфият аз оби соф.
Инфиҷори ҷамъият аз мушкилиҳои ҳаёт,
Дар ҷаҳон имрўз ҳар маҳдудият аз оби соф.
Сулҳу оромии дунё ваҳдати инсоният,
Эй Ҳусайн, шукре бикун, ин аслият аз оби соф.

Агар аз харобиҳои фаровони вазн ва харобиҳои баёни ин пора бигзарем, бояд иқрор кард, ки ягон солимулақл қудрати тафсири ибораи “хориқулода”-и “офтоби нури илм”-ро надорад, аммо фаҳми ин кашфиёт бароямон муяссар  гардид, ки ҳеҷ чархе дар “илми барқ” бидуни оби соф қодир ба гирд гаштан нест. Яъне, оби гилолуд чархи неругоҳро тобонда наметавонад. Ва ҳамчунон тамоми мушкилиҳову маҳдудиятҳои ҷаҳон бастагӣ ба оби соф дорад,
акнун лозим аст ҳатто барои ба ҷўяҳои зироат об мондан обро аз дастгоҳи обсофкунӣ бигзаронем… Фарз кардем, ки ин таҳлилро ҷиддӣ намегирем, аммо инсофан кадоме аз ин сатрҳоро бо ин содалавҳию бемаъноие,  ки доранд, метавон шеър куҷо, навиштаи мавзун номид?

Равшан мушоҳида мешавад, ки ин гуна “шоирон” “бо ибора ва калимаҳои “баланд”-у “боло” ва баёни хаёлоти худ саргарм мешаванд, ки бо воқеият рабте надоранд” (Раҳим Ҳошим) ва, аз ин рў, аз навиштаҳои онҳо маънии солиме барнамеояд.
Мисоли дигар аз “нодирагуфториҳо”-и Ҳусайн Мўсозода:

Кўшишу рафтори мо пайваста бо гардун бувад,
Роҳи Пайғамбар равам бо динишу афкори худ.

Дар мисраи аввал чӣ гуфтанист, маълум нест, дар мисраи дуюм сохтани калимаи бемаъное чун “диниш” ҳақиқати сухани Раҳим Ҳошимро таъйид мекунад. Аз назари мазмун ҳам қазоват шавад, ҳеҷ аҳаде бо “динишу афкори худ” роҳи Пайғамбарро напаймудааст, ҳар касе, ки роҳи ўро паймудааст ва ё мепаймояд, бояд дар чаҳорчўби “динишу афкори” ў ҳаракат кунад, вагарна на аз умматони ўст.

Ҷойи таассуф аст, ки як гурўҳ адабиётшиносону адибонамон ҳамин гуна байту бандҳоро таърифу тавсиф мекунанд ва мехоҳанд хонандаро ба “шоир” будани як беҳунаре, ки дар кори шоирӣ камтарин  ҷузъиётро намефаҳмаду риоя намекунад, бовар бубахшанд. Ҳамон гуна, ки дар сарсухани китоби “Ҷавҳари ҷовидона”-и ин “шоир” яке аз адибони номдорамон навиштааст: “Ин гуна байтҳои орифонаи олимонаи пур аз ҳикмати ба гуфти худи муаллиф “дорои саҳли мумтанеъ” хеле зиёданд, ки онҳо барои ҳар гуна хонанда, хоҳ пир асту хоҳ ҷавон, равшану фаҳмост… ”.

Ба мисолҳои овардаи муаллифи сарсухан таваҷҷуҳ кунед:

Доварӣ андар сухан чун маънӣ андар маънӣ аст,
Ман намехоҳам сухан бар қалби ту ханҷар кунам.

Ва ё:

Зи нодоне хато ояд, ба нодонӣ занам худро,
Зи иллатҳои ҳамкорон таҷоҳул мекунам доим.

Агар соҳиби ин сарсухан дар қайди ҳаёт мебуд, пораҳои мисоловардаашро пешаш мегузоштему талаб мекардем, ки  чӣ гуна “орифонаи олимонаи пур аз ҳикмати дорои саҳли мумтанеъ” будани онҳоро бароямон арза бидорад. Дар сарсухани ин китоб, ки Ҳусайн Мўсозода як “хирадгаро, панддиҳанда ва як пешвои тарбиятгари ҷомеа” муаррифӣ мешавад, магар далелаш ҳамин аст, ки аз байти дуюм мехонем? Ў, агар тарбиятгари ҷомеа бошад, магар ҳақ дорад  ва метавонад, ки аз кори зишти ҳамкорон таҷоҳул бикунад ва дар баробари нодони хатокоре худро ба нодонӣ бизанад?

Мутаассифона, дар “маъруфияти” чунин шоирмаобон натанҳо ҳамқаламони масъулиятро сарфиназаркарда, балки ҳофизон низ саҳмгузоранд. Магар ҳазали пучу бемояе, як байташ ин аст, сазовори овозу овозаи Ҷўрабек Муродов  аст:

Чун нури хуршед мунъакис гарми зи дил пайдо шавад,
Аз нафси маслумат ҳазар, аз даст ояд некӣ кун.

Ин байт натанҳо аз бадеияту шоиронагӣ  фарсахҳо дур аст, балки аз назари забону баён куллан носолим буда, аслан маъное надорад. “Сурудаи” бемантиқу содалавҳонаест, ки сароянда гулўяшро заҳмат дода, дар минбари баланд мехонаду миёни завқи шунавандаро мешиканад.

“Шеъри” дигари ин қаламбадаст ба Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона эҳдо шудааст:

Сухан гўяд Фарзона, суханаш шоирона,
Дар байни хосаву ом кирдораш олимона.
Дар шеъру назми воло ў ҳодии ягона,
Ўро насиб гашта ашъори доҳиёна…
Бахту тахташ Озарахш — Ҳоҷии соҳибдевон,
Умри тўлонӣ бинад бо раҳми модарона.

Ин чӣ ҳазён аст, бародар! Бо кадом ақл ин музахрафотро ба шоири хушноме “бахшидаӣ”? Наход дар муҳити адабие, ки ҳафтсад сол қабл булбули Хуҷандро ба адабиёти пурмояи мо додааст, нафари гурдадоре пайдо нашавад, ки сари
роҳи ин ҳазёнгўию беҳунариро бигирад?! Бачаҳои синфи як дар озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ” аз ин беҳтар навиштаҳо пешниҳод мекунанд. Ҳақ бар ҷониби Маяковский аст, ки мефармояд: “Чопи як навиштаи ёваву пуч ду тани дигарро ба навиштани чизе бадтар аз он меангезад. Навиштаи ин ду, пас аз чоп шудану ба дасти хонанда расидан, рашки чор музахрафнависро бедор мекунад”.

Ин дард чун заҳрпечак ба шеъри мо печидааст ва музахрафнависоне чун Мўсозода кам нестанд, ки солҳост ёва “месароянду” касе пишакашонро пишт намегўяд. Бемасъулиятии баъзе аз донишмандону адибони манфиатхоҳ, ки дидаву дониста аз беҳунаре “шахсият” месозанд, боиси он шудааст, ки дарди яке аз ин шоирони ҳарзасаро ба беҳунари дигаре сироят мекунаду ўро ба “шеър сурудан” водор месозад.

Чизи бадтар аз ин, ки надонистанаш барои муддаии шоирӣ бояд мояи нанг бошад, фарқ карда натавонистани анвои шеър аст. Мўсозода дар саҳифаи 268-уми китоби “Ҷавҳари ҷовидона”-аш “шеъре” дорад, ки дар он теъдоди “ғазал”-ҳои сурудаашро 500-то медонад (дар маҷмуъ, бишнавед, Хоҷа Ҳофизу Хоҷа Камол, ин “ҳочӣ-шоир” қариб 4000 “ғазал” гуфтааст!):

Шукр, теъдоди ғазал имрўз бар понсад расид,
Шуд иноят аз Худо ҳар нукта  бар мақсад расид.

Аён аст, ки на қаламфарсои аз хеш қонеъу пурдаъво ва на “понсад” ғазалаш (“беҳтарин” намунаҳои 4000!) аз назари ҳунари шоирӣ, бадеият ва мантиқу таносуб ба ягон мақсад нарасидаанд. Дар миёни ин ҳазёнпораҳо, ки бешармона “ғазал” номида шудаанд, дигар анвои шеърӣ ҳам ҳастанд, ки “ғазал” ба ҳисоб рафтаанд ва ин аз бехабарии нависандааш ҳатто аз шаклҳои шеър дарак медиҳад. Таваҷҷуҳ шавад ба “шеърҳои” 293, 294, 313, 314, 325.

Гузашта аз ин, муҳимтарин унсури шеър, бахусус дар қолаби ғазал, ки қофия аст, барои Ҳусайн Мўсозода бегона аст ва дар аксари шеърҳои ў қофияҳо носолиму носозгор ва берун аз доираи қонунҳои қофиясозианд. Солҳост, ки мо алайҳи хурофоти диниву мазҳабӣ ва ифротгароӣ мубориза мебарем, вале дар лобалои “шеъри” ин “ҳоҷӣ-шоир” талқини динпарастиву узлатнишинӣ мавҷ мезанад, ки баҳси онро ба вақти дигар вомегузорем. Беихтиёр, гуфтаи
маъруфе ба забон меояд, ки “мулло (ҳоҷӣ) бошӣ, такрор кун…”

Дар фарҷом ин нуктаро қобили таъкид медонем, ки боре Ҳусайн Мўсозода як линга (!) китоби худро бардошта, ба Иттифоқи нависандагон омад ва мехост ҳамчун шоир ба узвияти ин созмон пазируфта шавад. Бо баррасие, ки шуроҳои ИНТ анҷом доданд, арзандаи узви ин ташкилот набуданаш собит гардид ва, инак, ин мақола метавонад бори дигар сатҳу савияи ўро барои ҳамагон нишон бидиҳад ва ҳамчунон хитобе ба тарафдорони ҳазённависон бошад, ки чӣ касеро сазовори унвони “шоир” донистаанд.

Шуроҳои назм ва нақди ИНТ

Дигар хабарҳо