“Театр дар назди микрофон”

 “Театр дар назди микрофон”

Дар шабакаи интернетии «Ютуб», ки имрӯзҳо дар ҷаҳон ба яке аз пой­гоҳҳои асосӣ ва пурҳаводори нашри филмҳои гуногунмуҳтаво табдил ёфтааст, саҳифаи «Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон» боз шудааст. Аз замони фаъол кардани ин саҳифа муддати зиёде нагузашта бошад ҳам, шумораи пайравони он ба марзи 3000 ҳазор мерасад. Ин таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаи мазкур нишонаи он аст, ки ҳоло ҳам алоқамандони гуфторҳои радиоӣ кам нестанд. Директори Радиои «Тоҷикистон» Обидҷон Са­идзода дар матлабе, ки чанд сол қабл дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гашта буд, дар ин маврид чунин менависад: «Радиои «Тоҷикистон» аз рӯзҳои аввали бунёди худ тарғиб­гари театр буд ва комёбиҳои онро ташвиқ мекард, вале ин маънои онро надорад, ки ин дастгоҳ ҳама гуна намоишҳои театриро сабт ва пахш мекунад, балки аз рӯйи рисолат ра­дио танҳо ҳамон спектаклеро сабт мекунад, ки он мазмунан ва сифатан баланд буда, дар тарбияи ахлоқию маънавии шунаванда саҳм гузошта тавонад. Ходимони театр низ дар ташаккули барномаҳо ва аз ҳар ҷиҳат ҷолиб шудани онҳо саҳм гузоштанд, ки ҳоло маҳсули заҳмати онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”-и радио маҳфуз аст. Шумораи умумии гуфторҳое, ки давомнокиашон аз 45 дақиқа то 3-4 соатро ташкил медиҳад, қариб ба 300 гуфтор мерасад. Маҳз радиои «Тоҷикистон» ба сифати нахустин радиои ватанӣ мазмуни намоиши театриро ба аудиторияи васеъ му­аррифӣ кард, зеро агар намоишро дар саҳнаи театр 200-300 нафар та­мошо карда тавонад, пас тавассути радио, телевизион, интернет, пахши онлайн миқдори алоқамандон садҳо маротиба меафзояд».

Фаъол шудани саҳифаи «Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон» дар «Ютуб» дар ҳолест, ки то чанд соли пеш аз ҳамагонӣ кардани ин хазинаи тиллоӣ парҳез мешуд. Дигар ин ки табдил додани гуфторҳои солҳои пеш аз лентаҳо ба шакли муосири овозӣ як андоза кори сахте буд. Вале чун имрӯз амалӣ кардани ин кор содатар шудааст, метавон аз радиои тоҷик садои бузургоне чун Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғаффуров, Лоиқ Шералӣ ва дигаронро бо кайфияти баланд шунид. Бо истифода аз ин имконот ҳоло гуфторҳои адабӣ дар шакли хонишҳои бадеӣ, радиотеатрҳо ва радиоинсинировкаҳо, ки қабл аз Истиқлол сабт шудаанд, дигарбора ба самъи шунавандагони радио расонида мешаванд. Ҳамзамон маъмурони саҳифаи «Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон» гуфторҳоро бо шеваҳои гуногун, аз ҷумла таҳти рубрикаи «Театр дар назди микрофон» дар шакли суратнавор таҳия карда, пешниҳоди корбарони сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ мегардонанд. То имрӯз шакли гуфтории чанд асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ёддоштҳо» ва «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ, «Куллиёт»-и Шамсиддин Шоҳин, «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ, «Пайроҳаи қисмат»-и Аъзам Сидқӣ, «Палатаи кунҷакӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, «Паррончакҳо»-и Абдулҳамид Самад ва ғайраҳо дар ин саҳифа нашр шудаанд. Агарчи ин гуфторҳо дар ибтидои роҳ бинандаву шунавандаи кам доранд, вале набояд маъмурони ин саҳифаи муҳимми интернетӣ дилсард шаванд ва аз анҷом додани ин кори хайр ва барои миллат аҳаммиятнок даст кашанд.

Бо иншои ин муқаддимаи кӯтоҳ гуфтан мехоҳем, ки, мутаасифона, имрӯзҳо радиои тоҷик бештар китобҳоро дар шакли хонишҳои бадеӣ пешниҳоди шунаванда мегардонанд. Китобро муаллифи он қироат мекунад ё ровие. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки намоишномаҳо бо сабки «Театр дар назди микрофон» пахш гарданд. Дар ҳоле, ки бо ин шева пешниҳод гаштани осори бадеию драматургӣ мисли тамошои филм дар толори синамо барои шунаванда ҷолиби диққат аст. Албатта, шунавандагони радио бештар намоишҳо таҳти рубрикаи «Театр дар назди микрофон»-ро аз радиои «Фарҳанг» мешунаванд, ки қариб тамоми ин гуфторҳо такроранд ва аз лиҳози сифати садо ишкол доранд. Намоишҳои тозаи радиоӣ ба нудрат пахш мешаванд. Бо вуҷуди он шунавандагони солдидае, ки аз ин намоишҳои радиоии солҳои пеш хотираҳо доранд, ҳанӯз ҳам бо садо додани ин гуфторҳои театрӣ ба ваҷд меоянд. Масалан, корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии «Фейсбук», равоншиноси тоҷик Марям Давлатова чунин навиштааст: «Хаёлам ба шаҳри бачагӣ бурд. Барномаҳои «Театр дар назди микрофон», «Духтари оташ», «Супориши ЧК», «Ман гунаҳгорам», «Шаҳло ва Шифо», «Духтари саввум»… Чӣ қироату иҷроҳое буданд. Тавассути радио рӯзҳои якшанбе садо медоданд ва ҳама онро гӯш мекарданд. Ё ташнагии мардум беш буд ё чун имрӯза итилооти бесарунӯг фаровон набуд, ин барномаҳо арзиши баланди маънавӣ доштанду мардумро тарбия мекарданд. Хумори овози Ҳабибулло Абдураззоқов гирифт».

Ҳоло дар дунёи интернет ради­отеатрҳои он солҳо сабтгардидаро дар мисоли «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғ­зода, «Телефончидухтар»-и Ҳасан Сайидбелӣ, «Марги судхӯр»-и Сад­риддин Айнӣ, «Имтиҳон»-и Файзулло Ансорӣ, «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳ­мад, «Ситораи умед»-и Ғанӣ Абдулло ва ғайраҳоро ме­тавон пайдо карду шунид.

Чанд сол қабл маъмурияти Ра­диои Тоҷикистон тавассути сомо­наҳои иҷтимоии интернетӣ хабар дод, ки радиоте­атри тозаеро бо номи «Модар, маро бубахш!» (асари С. Муқаддамов, кор­гардон М. Миров) таҳия карданиянд. Намоиш таҳия ва пахш шуд, вале ин кор давом наёфт.

Солҳои пеш бо вуҷуди сахт будани кори сабти садо ин амали хайр анҷом дода мешуд ва шунавандагон бо шунидани ин намоишҳои радиоӣ ғизои маънавӣ мегирифтанд. Имрӯзҳо, ки имконот бештар аст, бояд ин гуна намоишҳои радиоӣ ба навъи беҳтар таҳияву пешниҳод гарданд.

Бо истифода аз таҷрибаи корие, ки солҳо дар радио доштам, барои муассир ва замонавӣ пешниҳод шудани барномаи «Театр дар назди микрофон» мехоҳам чанд пешниҳоде ироа намоям:

  1. Шояд ба хонаи радио кашидани ҳунарпешагони театр бо ҳаққи қала­ми кам кори сахте бошад. Барои ин кормандони бахши адабии радио бояд ба театрҳо рафта, бо истифо­да аз дастгоҳҳои муосири садогирӣ намоишҳои тозаи театрҳоро сабт намоянд. Садоҳои дигареро, мисоли садои боз шудани дар, боридани бо­рон, шаппотӣ задан ва ғайраҳоро, ки дар интернет фаровонанд, бояд ба қисматҳои даркории намоиш васл намуд. Матнҳои иловагии комилсози намоишҳоро метавон бо ҷалби як ҳунарпеша ва ровие дар худи радио сабт кард.
  2. Ҳоло далели асосии дилгарм набудани ҳунарпешагон барои ҳузур дар барномаи «Театр дар назди микрофон» ночиз будани ҳаққи қалам дар ин боргоҳи эҷодист. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои мудовим анҷом додани ин кор чораҳои зарурӣ андешида шавад.
  3. Ҳоло дар радиои тоҷик бахш ё идораи хосе мисли солҳои шӯравӣ барои анҷом додани корҳои адабӣ вуҷуд надорад. Идораи мусиқии Ра­диои Тоҷикистон ба андозаи тавон ба ин кор машғул аст, ки ин кофӣ нест. Бояд идораи корҳои адабӣ- ҳунариро дар ин боргоҳи эҷодӣ эҳё кард ва пеш бурдани рубрикаи «Театр дар назди микрофон»-ро ба уҳдаи он гузошт.
  4. Солҳои пеш намоишҳо таҳти рубрикаи «Театр дар назди микра­фон» беш аз як соат идома меёф­танд, ки шунавандаи имрӯз таҳам­мули шунидани чунин намоишҳои калонҳаҷмро надорад. Аз ин лиҳоз, беҳтар аст, ки масалан, намоиши як­соатаро ба чанд қисмат ҷудо кунанд ва давоми рӯз чанд навбат пахш намоянд, то шунаванда дар фурсати кӯтоҳ тавонад бишнавад ва қисмати дигарро интизор шавад.
  5. Хуб мешавад, ки бо истифода аз ҳикояҳо радиотеатр таҳия гардад. Радиотеатрҳое, ки кӯтоҳу муъҷаз бошанд ва дар фосилаи барномаҳои хабарӣ ва сурудҳо пахш шаванд. Коре, ки радиои «Ситора»-и Русия анҷом медиҳад ва радиотеатрҳои бадеии низомиро кӯтоҳ ва муъҷаз пешниҳод менамояд.
  6. Чуноне ки қайд кардем, ҳоло радиотеатрҳо бештар рӯйи мавҷи радиои «Фарҳанг» пахш мешаванд. Радиои мазкур ҷуз ин кор рисолатҳои дигаре дорад, ки бояд анҷом диҳад. Аз ин лиҳоз, ин мавҷро пурра барои пахши гуфторҳои хазинаи радио истифода бурдан мантиқӣ нест. Беҳтар аст, ки барои пешниҳоди гуфторҳои адабӣ, дар мисоли радиотеатрҳо радиои дигаре бо номи «Китоб» (шартӣ) таъсис ёбад, то алоқамандони осори бадеӣ бо сабку шеваҳои гуногун пайваста рӯйи ин мавҷ осори назмию насрии адибони гузаштаву имрӯзи ватаниву хориҷиро бишнаванд.

Иттилоъ гирифтем, ки раиси тозатаъйини Кумитаи телевизион ва радиои кишвар Носир Саидзода монеи пахши маводи аз лиҳози садо пастсифати хазинаи тиллоии радио тавассути радиои «Фарҳанг» шудааст. Ин ибтикор матавонад паёми тоза низ дошта бошад. Яъне, шояд раиси нав, ки аз коргардонҳои матраҳи синамост, дар баробари анҷом додани дигар корҳои муҳимми соҳа ба масъалаи таҳия ва пахши “Радиотеатр”, “Театр дар назди микрофон”, “Театри як актёр”, новеллаҳои радиоӣ, портретҳои эҷодӣ, радиоинсенировкаҳо, радиофилмҳо, радиомазҳакаҳо ва хонишҳои бадеӣ ва каломи мавзуни радиоӣ дар шакли ҷолибу муосир ибтикоре анҷом диҳад.

Бахтиёр РАҲМОНИЁН, «АС»

Дигар хабарҳо