ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ ШОҲМУЗАФФАР ЁДГОРӢ
22 январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии зодрӯзи рӯзноманигор ва шоири зиндаёди тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил адибон, рӯзноманигорон, дӯстдорони каломи бадеъ, ҳамсафон ва шогирдони Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҷамъ омада, аз фаъолияти эҷодии ӯ хотираҳо баён намуданд.
Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз намуда, зикр кард, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз ҷавоншоирони пешсафи солҳои шастуми асри бист буда, Устод Мирзо Турсунзода соли 1968 дар мақолаи хеш («Садои шарқ») ба шеърҳои Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо самимият баҳо дода, онҳоро «… се шохаи пургули адабиёт» номидааст.
Нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад, ки солҳои тӯлонӣ бо Шоҳмузаффар Ёдгорӣ риштаи дӯстиву ҳамкорӣ дошт, ашъори пурмазмуни шоирро шарҳ дода, аз фазилатҳои хоссаи мавсуф ҳамчун роҳбари ҳайати эҷодӣ қиссаҳои ҷолиб намуд.
Таъкид гардид, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо назардошти ҷафоҳои таърих Тоҷикистонро ҳамсону ҳамтақдир бо модари пири худ медонад ва дар бузургиҳои ӯ бузургиҳои модарро мебинад ва барои ин модар ҷонашро армуғон меоварад:
Тоҷикистон, модари пири манӣ,
Ҷони ман бодо фидои номи ту.
Ман бароят шеър иншо мекунам,
Мекунам бо ҷони худ инъоми ту.
Ба хаёли зебои шоирона, сарафрозии қуллаҳо сари баланди ӯст, ки чун гузашти солҳо медурахшанд:
Бингарам бар қуллаҳои барфпӯш,
Ёд ояд мӯсафеди модарам.
Нӯш бодам оби чашми чашмаҳо,
Об не, шири сафеди модарам!
Дар маҳфил зикр шуд, ки роҳи эҷоди Шоҳмузаффар Ёдгорӣ шебу фарози зиёд дошт ва ӯ аз худ китобҳои шеъру достон, очерку мақолаҳои публисистии пурмуҳтаво ба мерос гузошт.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ соли 2000 аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нафақа баромад. Чун нишони миннатдорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз шумораҳои рӯзнома, ки баъди сармуҳарририяш нашр шуд, силсилаи шеърҳои кӯдаконаи «Эмомалӣ-бобои мо»-ро чоп намуд.
Солҳои охири умр, пас аз шоҳид шудану чашидани заҳри ҷанги шаҳрвандӣ романҳои «Васваса» ва «Талош»-ро навишт, ки аз тарафи аҳли адаб хеле хуш қабул гардиданд.
Ёдгорӣ тавонист бо ин романҳои хонданбоб насри муосири тоҷикро ғанӣ гардонад ва барҳақ барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ шавад.
Дар маҳфил ҳамчунин шоирон, нависандагон ва рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Раҷаб Мардон, Иброҳим Усмон ва дигарон, ки бо Ёдгорӣ ҳамкориву дӯстӣ доштанд, аз хотираҳои худ дар бораи ӯ қисса карданд ва шеърҳо қироат намуданд.
Иброҳим Усмон ва Раҷаб Мардон аз фазилатҳои беҳтарини Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ҳамчун роҳбар дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки номбурда тақрибан 8 сол сармуҳаррири онро ба зимма дошт, ёд оварданд.
«Нафаре ёд надорад, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ касеро ҷанг карда ё мушт ба миз кӯфта бошад. Ҳамеша орому ширингуфтору суҳбаторо буд. Ва ҳамин хел дар ёдҳо боқӣ мондааст. Ҳамаро, ки дӯст медошт, ҳама дӯсташ медоштанд ва то имрӯз дӯсташ медоранд. Ёдаш ба хайр!», — баён намуд рӯзноманигори шинохта Нозир Ёдгорӣ.
Ёдовар мешавем, ки шоир, нависанда, публитсист ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо эҷоди мақолаҳою асарҳои бадеии мондагор, хамчунин бо мусоидат ба тарбияву соҳибкасб гардидани як зумра рӯзноманигорон дар рушди адабу фарҳанг ва матбуоти тоҷик нақши босазо гузоштааст.
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ солҳои зиёд сармуҳарририи рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» ва «Ҷумҳурият»-ро ба уҳда дошт. Дар ин муддат Неъматуллои Худойбахш, Марями Қодирдухт, Мақсуд Ҳусайн, Хурсанд Ҷумъазода, Нозир Ёдгорӣ, Садриддин Ҳасанзода, Садриддин Ёрзод, Сармад, Мирзо Шукурзода, нависандагони соҳибном Абдулҳамид Самад, Бароти Абдураҳмон, инчунин даҳҳо адибони дигар аз мактаби тарбияи ӯ баҳра бурдаанд.
«Ба подоши хидматҳои мудаввом ва мондагор устод бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ ва чандин нишону ифтихорномаҳо сазовор гардид.
Ин унвонҳо ва подошҳои ба маротиб баландтар аз инҳоро дигар олимону адибон низ дарёфт намудаанд, аммо он хислате, ки Худованд афзун ба истеъдоди расои шоириву нависандагӣ ба Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ато намуд, дили покизатар аз булӯр, синаи соф, нигоҳи гарм ва хушбинона ба инсонҳо буд», — иброз дошт яке аз шогирдони устод Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирзо Шукурзода.
Манбаъ: АМИТ “ХОВАР”