Таҷлили 30-солагии Суруди Миллӣ
8-уми октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти унвони «Тафсири ватандӯстонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корбурди он дар таҳкими худшиносии миллии насли ҷавон» ба ифтихори 30-солагии қабули он баргузор шуд. Дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ адибон – муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, мудири Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии ИН Абдуллоҳи Раҳнамо, Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш иштирок карданд.
Семинарро раиси ноҳияи Айнӣ ифтитоҳ намуда, дар хусуси аҳаммияти тасвиби Суруди миллӣ дар замони душвори низоъҳои шаҳрвандӣ ва ҳадафҳои баргузории чорабинии мазкур иттилоъ дод.
Адибон дар мавзуи матраҳ суханрониҳо намуда, шеърҳои ба ин муносибат эҷодкардаи худро хонданд.
Шоир ва сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо матни Суруди миллиро барои ҳозирон бо шеваи ҷолиб сатр ба сатр тафсир кард.
Ба муносибати ин санаи муҳимми таърихӣ дар зодгоҳи муаллифи Суруди миллӣ устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ низ маҳфили бошукӯҳ доир гардид.
Адибон ҳамчунин оромгоҳи шоири шаҳир Нақибхон Туғрали Аҳрориро зиёрат намуда, нигораҳои осорхонаи шоир дар деҳаи Зосунро тамошо намуданд.
Дар маҳфилҳо ҷонишини раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ва муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистони ноҳия Абдушукур Хокирозода иштирок ва суханронӣ карданд.