Таҷлили Рӯзи Президент бо адибон

 Таҷлили Рӯзи Президент бо адибон

?????????????????????????????????????????????????????????

15 ноябр Иттифоқи нависандаго­ни Тоҷикистон бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Президент – кафили сулҳу амният ва рушди кишвар»-ро баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор низ иштирок карданд.

Чорабинии идонаро муовини ав­вали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ва сардори Хадамоти иҷро, генерал-майори милитсия Бар­но Саидвализода оғоз бахшиданд. Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи дунёи сиёсат дар арсаи байналмилалӣ, паёмовари матини сулҳу ваҳдат, бо беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ, ҳис­сиёти баланди мил­лӣ, чун фарзанди содиқи халқу Ватан сазовори обрӯ ва қадрдонии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва шахсиятҳои сиёси­ву фарҳангии олам гаштаанд. «Пешвои асри XXI», «Меъмо­ри сулҳ» ва дигар унвонҳои бонуфуз бо­иси ифтихору сарба­ландии Ватани азизи мо ва тоҷикони дунё мебошанд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ҷонибек Холиқзода дар суханронии хеш дар бораи талошҳои Сарвари давлат барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ изҳори назар намуд.

Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлол», Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо дар мавзуи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», судяи Суди кон­ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода дар мавзуи «Президент – ҳомии Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷики­стон», сардори раёсати ташкили кори судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ», прокурори калони раёсати назорати иҷрои қо­нунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа», устоди факултети ҳукуқшиносии Дониш­гоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Ҳумоюн Имомов дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва амнияти миллӣ» маърузаҳо пешниҳод карда, суханҳои арзишманд гуфтанд. Ҳам­чунин шеърхони ва сухани табрикии ҷонишини сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ», шоири шинохта Дав­лати Раҳмониён шунида шуд.

Дар дар конфронс таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавишт­созеро бозид. Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пай­вастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид. Дар иҷлосия бо сар­варии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон 74 сана­ди меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун қабул гашт. Қонунҳои Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи Парчами дав­латӣ» ва «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсо­не, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷи­ноят ва амалҳои қайриқонунӣ содир кардаанд» қабул шуданд. Ин қонунҳо ба барқарор шудани сулҳ ва ризоия­ти миллӣ дар кишварамон мусоидат намуданд. Бо ин тадбирҳо Сарвари давлат ба фаъолияти қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштанд.

Дигар хабарҳо