Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 ноябр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии муштараки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Меъмори давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Ҳамоишро Сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон оғоз бахшида, дар бораи талошҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронданд. Зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик рӯзи баҳамоӣ, саодату сарбаландӣ ва фатҳу зафар аст.

Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанг, адабиёт ва ҳунар аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи нависандагон ва аҳли илму адаб таъкид гардид. Гуфта шуд, ки бо сиёсати оқилона ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ фазои мусоид барои эҳё ва густариши арзишҳои миллии фарҳангӣ ва адабӣ фароҳам оварда шудааст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ирода ва маҳорати худ натанҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки поягузори саодати халқ ва ифтихори миллат низ маҳсуб мешаванд.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо ва дигарон дар идомаи ҳамоиш суханронӣ ва шеърхонӣ карданд.

Ба қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндагони ҷавон таровати дигар бахшиданд.

Дигар хабарҳо