Тақвияти ҳамкории ЭКО бо адибони тоҷик

 Тақвияти ҳамкории ЭКО бо адибони тоҷик

7 август дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохўрии намояндагони Муассисаи фарҳангии ЭКО бо адибон доир гашт. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба чорабинӣ оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти созмони адибон ба меҳмонон маълумот дод. Номбурда, аз ҷумла, чунин зикр намуд:

«Иттифоқи нависандагон имсол 90-сола мешавад. 450 узви барҳаёт дорад, ки дар риштаҳои гуногун – назму наср, драмаву нақди адабӣ кор мекунанд. Чанд зерсохтор, нашрияҳо ва Маркази тарҷума дорад, ки асарҳои адибони тоҷикро ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, туркӣ,  ўзбекӣ ва ғайра тарҷума мекунад. Созмони ҳамкории ЭКО дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имкон дорад, ки бо Иттифоқи нависандагон, Маркази тарҷума ва нашрияҳои он ҳамкории зич ба роҳ монад. Мо метавонем, ки маҳфилҳои эҷодии адибони кишварҳои аъзои ин созмонро дар Иттифоқи нависандагон ташкил намоем».

Масъули Муассисаи фарҳангии ЭКО Саад Хон ҳам оид ба фаъолияти ин созмон сухан карда, чунин гуфт:
«Дар Созмони ҳамкории ЭКО 10 кишвар – Эрон, Покистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия ва ғайра шомиланд. Сиюмин солгарди муассисаамонро ба наздикӣ ҷашн мегирем. Ҳадафҳои мухталиферо дунбол мекунем, аз ҷумла, ҳамкориҳо бо радиову телевизионҳои ҷумҳуриҳои аъзои ЭКО, китобхонаҳои миллӣ ва адибони ин кишварҳо. Ният дорем, ки Тоҷикистонро ба аъзои дигари ЭКО наздиктар созем ва онҳоро ба Тоҷикистон. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои зиёде навиштаанду дар пойтахт китобхонаеро ба ин бузургӣ сохтаанд. Нақша дорем, ки дар маросимҳои фарҳангие, ки муассисаи мо доир мекунад, дар баробари китобҳои адибони Тоҷикистон, китобҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро низ рўнамоӣ кунем. Мо бо Вазири фарҳанги Тоҷикистон М. Сатториён ҳам мулоқот доштем ва масъалаи ҳамкориҳои пурсамари фарҳангиро баррасӣ намудем».

Сипас коршиноси муассисаи мазкур, шоир Аҳмади Шаҳриёр, ки ба забони форсии тоҷикӣ низ шеър мегўяду муаллифи чанд китоби ашъори форсӣ аст, дар бораи ҳамкориҳои фарҳангиву адабӣ сухан гуфт ва чанд шеъри худро қироат кард.

Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар хусуси чопи намунаҳои осори адибони покистонӣ дар  Тоҷикистон, аз ҷумла дар нашрияҳои адабии ИНТ, сухан гуфта, тақвияти ҳамкориҳоро муҳим донист.

Дар охир шоирони ҷавон Толиби Луқмон, Бузургмеҳр Тоҷиддин, Насимбек Қурбонзода ва Бузургмеҳри Ҳаким барои меҳмонон шеър хонданд.

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Дигар хабарҳо