Тағойназари Бақо
Шоири шинохта Тағойназари Бақо 70-сола шуд/
МЕҲРИ ДИЁР
Холӣ шуд аз кишти деҳқон домани дашти кушод,
Ёл афшонад чу аспи ҳайдаву сарҳуй бод.
Бар димоғам бӯи форам мерасад аз хоки тар,
Тоқа-тоқа аз ҳаво борида борони шибод.
Даштҳо дар зери пои қуллаҳои сарфароз
Дар нигоҳи гарми ман тобад мисоли ҷонамоз.
Мешавад лабрез қалби покам аз меҳри Ватан,
Мекунам бар дашту саҳрояш назар дуру дароз.
Марзи аҷдодии мо озода асту тоза аст,
Ганҷҳои бебаҳояш дар ҷаҳон овоза аст.
Аз тамошояш нагардад сер асло дидаам,
Меҳри ман бар ин замину хок беандоза аст.
Тоҷикистони азизам, мулки беҳамтои ман,
Шодам аз рӯзе, ки зад бар хоки покат пои ман.
Лаҳзае дурӣ зи оғӯшат намефорад маро,
По набардорам зи хокат, кишвари зебои ман.
ХУРШЕД
Хуршед равад бегаҳӣ бо чеҳраи маҳзун,
Аз ранги шафақ сурх шавад домани гардун.
Чун лола дамад абри парокандаи поиз,
Дар чашми тарам ҳаст фалак косаи пурхун.
Кӯҳу камар аз ҳар су кунад сояфурорӣ,
Ҳар сангу кулӯхе бикунад соягузорӣ.
Дар чеҳраи ман дарду алам соя гузорад,
Вақте нигарам аз паси рӯзони фирорӣ.
Аз рӯи замин ҷилваву ҷавлони саҳар рафт,
Умре, ки зи ман рафт, сад афсӯс, ҳадар рафт.
То хам шудаму хестам аз ҷои худ имрӯз,
Хуршед аз ин кунҷ ба он кунҷи дигар рафт.
Ҳоло зи сари кӯҳ ҳам ин шед баланд аст,
То шиштани ӯ дар паси куҳ фосила чанд аст.
Беҳуда макун сарф дигар як нафасеро,
Биштоб, дило, зиндагӣ чун аспи даванд аст.
МОҲИ САФАР
Ба пушти қуллаҳо бо милаи сурх
Панаҳ шуд офтоб аз чархи гардун.
Ба домони шафақ абри парешон
Мисоли пахтаи олуда бар хун.
Кунад аз дур дар чашмам сиёҳӣ
Ба вақти говгум аз кӯҳу ёна.
Чу гову моли монда дар адиранд
Дарахти саддаю туғу дулона.
Туман чун фахманак бигрифта саҳро,
Ҳаво шуд туршрӯю заҳрполо.
Димоғам сӯхта, ашкам чаконад
Шамоли сарди деҳ сар карда боло.
Дами моҳи сафар тез аст гарчанд
Ба болои сарам мисли табарзин,
Вале азми сафар дорам раҳи дур,
Чӣ чора? Зиндагӣ сахт асту вазнин!
БАҲОРИ ВАҲДАТ
Навбаҳор омад, ки аз домони сони субҳи ӯ
Теғ зад бар қасди сармо Офтоби оташин.
Барф пинҳон гаштааст аз чашми тези офтоб
Дар канори дарраю деворҳои сояшин.
Сардмеҳрии зимистон аз сари олам гузашт,
Кӯҳу дашти рустоям мекашад оҳи сабук.
Медамад ҷонам ба зери боли гарми Офтоб,
Нестам акнун зи меҳри зиндагонӣ дилхунук.
Кӯҳи Себистони ман чун модари нуроние,
Докаи абри сафеди навбаҳорон бар сараш.
Чашмаҳои соф чун шири равон аз синааш,
Теппаҳои сабз чун тифлони хандон дар бараш.
Осмони софро бо меҳру армон ин саҳар
Духтаре дорад назора аз сари боми баланд.
Баҳри ин соҳибватан андар ягон ҷои замин
Чун диёри дилрабояш нест мулки дилписанд.
Мурғакон оянд аз ҳар сӯ ба парвози баланд,
Чун фирорие, ки гардад маст аз бӯи Ватан.
Бо сахои навбаҳору ваҳдату сулҳу сафо
Сабз шуд оғӯши саҳро, сабз шуд рӯи Ватан.