Тахти Шоҳи Тоҷикон дар пойтахти тоҷикон
Барои асари меъмории «Тахти тоҷикон» дар маҷмааи «Майдони Истиқлол» Самӣ Азизиён барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ гардид.
Чанде пеш дӯсти арҷманду қаринам, ки алҳол ба тӯли солиён дар шаҳри Ню-Йорки ИМА кору зиндагӣ мекунад, ба хабаргирии хешу ақрабояш омада буд. Бале, аслан ӯ сокини шаҳри Душанбеи азизи мост. Ин дӯстам пас аз тамошои шаҳр таассуроти худро чунин баён намуд:
– Дувоздаҳ соли охир ба пойтахти Ватани маҳбубамон наомадаам. Бояд зикр намуд, ки Душанбеи ба дилу дидаамон наздик симои худро куллан тағйир дода, ба яке аз шаҳрҳои шукуҳманду зеботарину муҳташами олам бадал гардидааст. Ман сайру саёҳатро дӯст медорам ва бисёр шаҳрҳои мамолики ҷаҳонро дидаам, лекин ҳусну таровати зебои Душанбеи азизамон имрӯз камназир аст…
Воқеан ҳам саноеи меъморӣ, наққошӣ, кандакорӣ, кошикорӣ, ҳаккокии бисёр иморатҳои атрофи гулгашту хиёбонҳои пойтахти кишвари маҳбубамон ниҳоят дилпазир мебошанд. Мо дар ин ҷо ҳам меъмории таърихии ниёгонро мебинем, ҳам рангҳо ва усулҳои навгонии шаҳрсозии бошаҳомати ҷаҳониёни имрӯз пеши чашмонамон ҷилвагар мешаванд…
Суханони дӯстам комилан саҳеҳанд. Симои Душанбе ҳақиқатан ҳам зебо гардидааст, иморатҳои баланду дилнишин, ки бо тарзи меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунён шудаанд, хеле назаррабо ва масарратбахшанд.
Бо ҳидоятҳои хирадмандона ва дурандешиҳои бузургворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Душанбеи азизи мо чунин гулгунқабои нотакрори зебо ва дилрабо ба бар кардааст. Яке аз чунин бунёдкориҳои олишони миллӣ, таърихӣ, бадеӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад, ки дар хиёбони Рӯдакӣ қомат афрохтааст. Ва асари меъмории ниҳоят ҳунармандона офаридашудаи «Тахти тоҷикон»-и ин Маҷмаа ба як китоби таърихию бадеии баландмазмуну пурмуҳтаво баробар гардидааст, ки таърихи миллати арҷманди моро аз замонҳои пешин то имрӯз басо ҷаззобу рангин ҳикоят менамояд. Муаллифи асари «Тахти тоҷикон» меъмори забардаст ва эҷодкори мумтоз Азизиён Самӣ Солӣ мебошад, ки бо истеъдоди ҷибиллат ва фитрати хеш ба мартабаи устодони номвар расидааст.
Устод Самӣ Азизиён фарзанди ҳунарвари хеле шинохта Солии Истаравшанӣ буда, тамоми нозукиҳои меъмориро аз падар ва дигар ҳунармандони маъруфи диёр омӯхтааст ва солҳои мактабхонӣ айёми шогирдиро ба таври шоиста ба ҷо оварда, сипас дар бахши меъморӣ ва сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо муваффақият таҳсил намудааст.
Устод Самӣ Азизиён дар бунёди якчанд биноҳо заҳмати зиёд кашида, барои офариниш ва ороиши онҳо саҳми боризи худро гузоштааст. Дар ҳар минтақа аз нақшҳои дастони ҳунарманди ӯ тобишу ҷилваҳои осори ҳунару санъати ниёгони асили мо бо омезиши рангу намудҳои замонаи нав падид омадаанд.
Хусусан дар бунёди «Чойхонаи Хуррамдара»-и ноҳияи Данғара ва «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе албатта, нақшу нигорҳои миллӣ, шаҳсутунҳои баланду хороию мармарин, истифодаи тасвирҳои дилкашу ҷаззоб, манзараҳои шоистаю мармуз ҳар як бинандаро мафтуну тасхир намуда буданд. Дар эъмори ин қасри муҳташам хидмати устод Самӣ Азизиён хеле бузург буда, санъати меъмории миллии тоҷикро ба оламиён намоиш додааст.
Ҳадафи асосии бунёд намудани асари бузургу беназири таърихию фарҳангӣ ва адабии «Тахти тоҷикон» бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз «21 январи соли 2022 таҳти №13» бо мақсади ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёю таҳкими санъати ниёгон, баланд бардоштани худогоҳӣ ва худшиносӣ, тарғиби санъати миллӣ, хифзи ёдгориҳои таърихӣ, инчунин ба ҷаҳониён ва наслҳои оянда муаррифӣ намудани нигораҳои рамзии истифодашаванда дар шоҳасари «Тахти тоҷикон» мебошад.
Агар асари беназир ва дилпазири «Тахти тоҷикон» дақиқан ва огоҳона мавриди мушоҳида қарор гирад, шаҳомати хеле олӣ ва баланди таърихии ҳунармандони миллати гаронқадри тоҷик возеҳ мегардад. Ҳарчанд ки он дар замони мо офарида шудааст, дар ин асари олии меъморӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, бадеӣ ҳаёти бостонии тоҷикон, ҳунари қадимаи наҷҷорӣ, кандакорӣ, наққошӣ, кошикорӣ, ҳаккокӣ, нигорандагии миллатамон ба таври возеҳ ва бо маҳорати хеле баланд тасвир ёфтаанд.
Албатта, меъмори забардаст, устод Самӣ Азизиён ғояи пурғановати ин асари ҷовидониро эҷод карда, ҳунармандони соҳибистеъдод – кандакор Солӣ Азизов, наққош Муҳаммадкарим Рақибов, рассом Далер Миҳтоҷов, сангтарош Ҷамшед Қаҳҳоров, ҳайкалтарош Рустам Маҷидов, заргар Ҷамшед Расулов барои комилан бунёд гардидани «Тахти тоҷикон» саҳми худро гузоштаанд.
Ҳунармандони халқи бузургвори мо барои сохтани чунин асари таърихӣ ва мондагор тамоми касбу ҳунарҳои аз ниёгон меросмондаро истифода намудаанд. Биноан мо дар бунёди ин асар ҳунарҳои кандакорӣ, меъморӣ, наққошӣ, рассомӣ, ҳаккокӣ, кошикорӣ, тиллокорӣ, заргариро мебинем. Ва бояд зикр намоем, ки дар ҳар қисмати асар осори таърихи диёри мо, афсонаҳо ва ривоёти қаҳрамонона ва пурҳикмати он инъикос ёфтаанд.
Қабл аз ҳама ба назари кас уқоби шохдори паррон ба тахт зебу шаҳомат мебахшад, ки он нишонаи қуввату тавоноӣ ва нерӯмандӣ мебошад ва осори таърихи 6000-солаи миллати мо буда, бори аввал дар силсилаи Хазинаи Амударёи ҳудуди ноҳияи бостонии Қубодиён пайдо гардидааст. Ва ҳоло он ёдгории беназир дар сандуқи сайфи Осорхонаи Британияи Кабир маҳфуз ва ниҳон аст.
Кавкабаи рамзи қудрат ва давлатдорӣ дар байни тахт бо усули зардӯзӣ ҳаккокӣ гашта, аз он хутути мустақим бар амсоли анвори шӯълавар падид меояд, ки ифодагари Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбуб мебошад. Теъдоди шӯълаҳои кавкаба ба миқдори шаҳрҳо ва навоҳии диёри азизамон 68 адади муқаддас аст.
Манзараи кандакорӣ аз бозёфтҳои Бунҷикати қасри Афшини (ҳокимони) Уструшани бостон иқтибос шудааст. Чи тавре ки таҳқиқоти ҳафриёти Академияи миллии Улуми Тоҷикистон тасбит намуд, қасри Афшини Уструшан дар асрҳои VI-VIII бунёд гардидааст. Вале истилогарони араб дар асри IX қасри Афшинро тӯъмаи оташ карда буданд. Баъзе қисмати ёдгориҳои ин қасри афсонавӣ аз тарафи эҳёгари Эрмитажи Санкт-Петербург В.М.Соколовский барқарор гашта, он дар Осорхонаи бостонии Тоҷикистон гузошта шудааст ва ҳамон навъе, ки мебинем, ин дар ороиши асари «Тахти тоҷикон» истифода гардидааст.
Тасвироти 17 давраи ҷанги Рустам бо деви сафед, ки он дар асрҳои V-VI офарида шуда, бо килки гавҳарфишони донои Тӯс – Фирдавсии бузургвор дар асри Х дар саҳифаҳои “Шоҳнома”-и ҷовидон нақшбандӣ гардидааст, боз як бори дигар моро сабақи далерию шуҷоату мардонагӣ меомӯзад.
Пас аз манзараҳои шукуфоӣ, баҳору хуррамӣ ситораи 16-гӯша пеши назари бинанда падид меояд.
Чаҳор сутуни аршаду чаҳор сутуни асғар рамзи давлату давлатдорӣ буда, бо мармари сафеди Ванҷ, лоҷуварди Конибодом, лоҷуварди асили Бадахшон ва дигар сангҳои қиматбаҳои диёрамон оростаю музайян гардидаанд. Сутунҳо гунбади фирӯзарухоми гардунро баланд бардошта, гувоҳ бар таҳкими аркони давлатдории тоҷикони ориёинажод аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз мебошанд.
Аз Панҷакенти бостон, Афросиёби шаҳри Самарқанд, Варахшаи шаҳри Бухоро деворнигораҳои хеле мунаққаши ҳайратангези гаронқадр пайдо шудаанд, ки ба асрҳои IV-VII мутааллиқ ҳастанд.
Иддае ба тамошои шаҳри гумшудаи бостонии Помпей рафтагор гаштаанд. Ва бисёриҳо воқиф ҳастанд, ки дар Панҷакенти қадим низ шаҳраке бо унвони “Помпейи Шарқӣ” вуҷуд дорад. Деворнигораҳои ин шаҳрак, ки он Саразм аст, ҳамчун ёдгории нотакрори меъмории Осиёи Марказӣ аз тарафи бостоншиносони ҷаҳон эътироф шудааст ва олимон муайян намудаанд, ки таърихи ин шаҳр 5500 сол аст.
Ҷанги паҳлавони афсонавӣ Рустами достон бо аждаҳо низ аз деворнигораҳои ҳамин шаҳр ба даст омадааст. Ин деворнигора кабудтоб мебошад, ранги таҳтонии сабзи он гаронтарин маҳсуб меёбад. Ва Рустами достон қаҳрамони маъруфтарини эҷодиёти даҳонакии халқҳои форсу тоҷик буда, чи тавре ки зикр намудем, дар “Шоҳнома”-и безавол аз тарафи Фирдавсии бузургвор тасвир ёфтааст.
Ҳамчунин дар деворнигораи Бунҷикати Уструшани бостон мусаввараи беназире кашф гардид, ки дар он гурге ба ду тифл шир медиҳад ва ин робитаҳои қадимтарини байни Ғарбу Шарқро куллан ва возеҳан собит месозад.
Аз ин деворнигораҳо барои ороиши “Тахти тоҷикон” моҳирона истифода бурда, барои инъикоси манзараҳои қадимтарин ва боғановати кишвари бостонии тоҷикон устодони ҳунарҳои гуногуни халқамон хеле заҳмат кашидаанд. Биноан, “Тахти тоҷикон” ба шоҳасари беназири адабӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ бадал гардидааст. Сано мегӯем ба эҷодкорон ва ҳунармандони бозаковат ва соҳибмаърифати имрӯзаи диёрамон бо роҳбарии устод Самӣ Азизиён, ки ҷилваю усулҳо, тобишҳо ва рангҳои нав ба нави наққошӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, наҷҷорӣ ва кошикорӣ барин ҳунарҳои қадимтарини халқамонро эҳё карда,чунин асари муъҷизавӣ эҷод намудаанд.
Дар паҳлуи рости ин асари мондагори “Тахти тоҷикон” се заринварақи таърихи сеҳазорсолаи миллати тоҷик барои имрӯзиёну пасиниён сабт гардидааст, ки ин таърихномаи ҷовидонӣ корномаҳои абармардони халқамон – Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Эмомалӣ Раҳмонро баён медорад. Аз ҷумла, дар бораи Роҳбари бузургвори давлатамон чунин суханони гаронарзиш ва пурҳикматро қироат менамоем:
Эмомалӣ Раҳмон Пешво ва наҷотбахши миллат, Асосгузори давлати навини тоҷикон ва эҳёгари анъанаҳои давлатдории Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ.
Бахтиёр Муртазо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон