Тасвиргари дунёи рангини кӯдакон

 Тасвиргари дунёи рангини кӯдакон

Рўзи 30-юми январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рўнамоии гулчини асарҳои нависандаи зинданом Насим Раҷаб баргузор гардид. Ин асарҳоро, ки аз қиссаҳо ва тарҷумаҳои муаллиф иборатанд, ҳамсари ў нависандаи бачаҳо Сафияи Носир таҳия кардааст. Пажуҳишгар Анзурати Маликзод дар бораи ҳунари нигорандагии Насим Раҷаб маърузаи хешро ироа намуд. Адибони маъруф Гулрухсор Сафӣ, Абдулҳамид Самад, Ҷўра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Шодӣ Раҷабзод, рўзноманигор Талъат Нигорӣ ва дигарон аз вежагиҳои насри Насими Раҷаб ва шахсияти ў сухан карда, аз рўзгораш хотираҳои ҷолиб оварданд. Набераи адиб Парвиз Афзалӣ низ бобояшро ба некӣ ёд кард.

– Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар тамоми навиштаҳои Насим Раҷаб масъалаи асосӣ дар тарбияи наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қаҳрамонҳои қиссаҳои нависанда кунҷкову
огоҳ ва дорои ҳисси миллӣ ҳастанд, гўшае аз муҳити зисти худро ободу зебо менамоянду покиза нигаҳ медоранд. Онҳо дорои ҳунару маҳорате буда, бекорӣ ва танбалиро аз тинати худ бо ҳидояту роҳнамоиҳои калонсолону пайвандон зуд рафъ мекунанд. «Нависанда қаҳрамонҳои навраси худро дар кори ҷисмонӣ обутоб медиҳад. Онон ба чистонгўйиву тезгўякбофӣ, шеърхониву афсонагўйӣ машғул шуда, ҷаҳони маънавияшонро ғанӣ мегардонанд», – омадааст дар маърузаи Анзурати Маликзод.

Дар охир Сафияи Носир дар бораи Насим Раҷаб ва навиштањои ў сухан карда, доир ба китоби шашҷилдаи асарҳояш маълумот дод.

Дигар хабарҳо