Тарҷумон бояд назокатшинос бошад

 Тарҷумон бояд назокатшинос бошад

Суҳбат бо адиби маъруф Абдураҳмон Абдуманнон

– Устоди азиз, нахуст донистан мехоҳем, ки поягузорони тарҷумаи бадеии касбии мо киҳо буданд ва онҳо барои ҳамвор шудани роҳи тарҷумонҳои оянда чӣ корҳои муҳиме анҷом доданд?

– Тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт ва муҳити мардуми мо хеле таърихи қадима дорад. Гуфтан мумкин аст, ки пеш аз Ислом ҳам мардуми мо ба тарҷумаи осори фалсафиву илмӣ аз Юнони қадим, аз адабиёти Ҳинд, аз адабиёти давраи ҷоҳилияти араб машғул буданд. Баъди пойдор шудани Ислом дар Эрон ва Осиёи Марказӣ тарҷума аз забони арабӣ, хусусан тарҷумаҳое, ки ба дин бевосита иртибот доштанд: тарҷума ва тафсири Қуръон, тарҷумаи ҳадисҳо хеле авҷ гирифт. Инҳо дар давраи Сомониён ва баъди Сомониён то давраи Шуравӣ хеле ривоҷ доштанд. Вале тарҷумаи бадеӣ ба фаҳмиши имрӯзаи мову шумо дар Осиёи Миёна аз охири қарни XIX шуруъ шуд. Ин, албатта, заминаҳо дошт. Аввалин замина ҳамин аст, ки дар Эрон соли 1851 Амири Кабир Дорулфунун таъсис дод. Дар ин Дорулфунун як силсила асарҳои нависандагони Ғарб тарҷума шуданд. Аз ҷумла «Робинзон Крузо»-и Дефо, «Се мушкетёр»-и Дюма, асарҳои дигари нависандагони Ғарб Лесаж, Сен Пйер, Фенелон, Молйер, «Граф МонтеКристо» дар нимаҳои асри 19 дар Эрон тарҷума шуданд. Ин тарҷумаҳо ба мардуми Осиёи Миёна дастрас буданд, хусусан ба зиёиёни тоҷик. Аввалин асаре, ки имрӯз мо медонем, баъди пайвастани Осиёи Миёна ба Русия аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, ҳикояи Л. Н. Толстой «Як шудан зарур аст» мебошад. Асари мазкур соли 1897 ба хонандагони тоҷик дастрас гардид. Лекин тарҷумони ин ҳикоя маълум нест. Ин асар дар ёддоштҳои Мирзо Сироҷи Ҳаким ва Аҷзӣ номбар шудааст, аммо матни ҳикоя имрӯз ҳам дар дастраси мо қарор надорад.

Соли 1899 аз ҷониби Сиддиқии Аҷзӣ афсонаи «Моҳигир ва моҳии тилло»-и Пушкин тарҷума шуд. Аввалин тарҷумае, ки дастрас аст, ҳамин тарҷумаи Аҷзӣ аст. Баъди ин дар ибтидои асри ХХ, соли 1909 аз ҷониби Абдулқодир Шакурӣ китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» омода карда шуд. Шакурӣ аз асосгузорони мактаби нав дар Самарқанд ба ҳисоб меравад. Дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ҳикояҳои Л. Н. Толстой «Антар ва айнак», «Зоғ ва рӯбоҳ» тарҷума ва ба китоб ворид карда шуданд. Пас аз он рӯзномаҳои «Бухорои шариф», маҷаллаи «Оина» аз ҷониби Беҳбудӣ таъсис ёфт. Рӯзномаи «Самарқанд» низ аз ҷониби Беҳбудӣ чанд муддат чоп мешуд. Дар ин нашрияҳо ҳикояҳои Л. Н. Толстой хеле зиёд тарҷума шудаанд. Масалан, «Илёс», «Яздонро ё шайтонро?», «Худо ҳақро мебинад, вале зуд кашф намекунад», «Инсонро замини зироат бисёр лозим аст». Ҳамин ҳикояҳое, ки маърифати мардум, натанҳо маърифати донишомӯзӣ, балки маърифати зиндагӣ, маърифати рӯзгори мардумро ташвиқ мекарданд, аз ҷониби тарҷумонҳои мо тарҷума шуданд. Баъди инқилоб, баробари таъсис ёфтани шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд, баъдан таъсиси худи нашриёт дар Душанбе, нашр шудани «Овози тоҷик», маҷаллаҳои «Дониш ва биниш», баъдан «Барои адабиёти сотсиалистӣ», пас аз он «Шарқи сурх» тарҷума хеле авҷ гирифту ривоҷ ёфт. Аввалин тарҷумаи алоҳида қиссаи Ф. Дюшен «Қамар» аст, ки аз ҷониби устод Айнӣ сурат гирифтааст. То он ҷо, ки ман медонам, аввалин тарҷума ҳамон асари «Сэм ва Дик»-и М. А. Алексеев, нависандаи рус аз ҷониби С. Улуғзода аст. Соли 1927 вақте ки С. Улуғзода 16-сола буданд, ин асар тарҷума ва соли 1929 дар рӯзномаи дорулмуаллимини Тошканд чоп шуд. Тарҷумаҳо аз ҷониби Аҷзӣ, масалан, тарҷумаи шеърҳо анҷом ёфтаанд. Вале он тарҷумаҳо камтар чоп шудаанд ва таъсири чандоне барои рушди тарҷумаи минбаъда дар адабиёти тоҷик надоштанд. Аввалин тарҷумаи ҷиддие, ки дар адабиёти мо ба вуҷуд омад, романи «Занбӯр»- и Войнич аз ҷониби С. Улуғзода аст, ки соли 1930 анҷом ёфт. Он вақт С. Улуғзода 19-сола буданд. Асар соли 1931 чоп шуд. Баъдан С. Улуғзода ба ин тарҷума дигарбора баргаштанд. Таҳрири нави он бо номи «Ғӯрмагас» чоп шуд. Дар солҳои 30 як зумра нависандагон ва тарҷумонҳои касбӣ хеле ва хеле барои ривоҷ ёфтани тарҷума кор карданд. Инҳо Ҳабиб Аҳрорӣ, Эмануэл Муллоқандов, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Рашид Абдулло ва дигарон мебошанд, ки барои тарҷума хеле хидмат кардаанд. Тарҷумаҳое, ки онҳо анҷом додаанд, бештар аз адабиёти рус сурат мегирифт. Ба наздикӣ як тарҷумаи С. Улуғзодаро пайдо кардем — асари драмавии Пушкин «Борис Годунов», ки соли 1937-38 онро ба муносибати 140-солагии зодрӯзи Пушкин анҷом додаанд ва соли 1939 ба алифбои лотинӣ дар шакли китоби алохида чоп кардаанд. Ин тарҷумаи манзум аст. Суҳайлӣ Ҷавҳаризода таҳрири қисмҳои манзуми ин драмаро ба уҳда гирифтаанд.

– Кадом тарҷумаҳои бадеиямонро намунаҳои беҳтарини тарҷума гуфтан мумкин аст ва хусусияти барҷастаи онҳо чист?

– «Дон Кихот»-и Сервантес, ки аз ҷониби С. Улуғзода тарҷума шудааст. Ҳам гузинаи русии ин асарро хондаам, ҳам тоҷикияшро. Фикр мекунам, ҳатто тоҷикияш аз русияш беҳтар баромадааст. С. Улуғзода вақте ки худашон асар менависанд ё тарҷума мекунанд, қаҳрамонҳоеро интихоб мекунанд, ки табиатан ба худашон наздик бошанд. Масалан, Артур дар «Ғӯрмагас» ё ки худи Дон Кихот, Ҳамлет аз Шекспир. «Ҳамлет» дар тарҷумаи С. Улуғзода ба саҳна низ гузошта шуда буд. Устод Лоҳутӣ аз Пушкин «Кохи ёдгор»-ро тарҷума карданд. Маликушшуаро Баҳор низ ин асарро дар Эрон тарҷума карда буд, аммо тарҷумаи Лоҳутӣ ба аслаш хеле наздиктар аст. Аз тарҷумаҳои мансур «Чаманоро», ки Раҳим Ҳошим аз туркӣ тарҷума кардаанд, хеле хушсифат аст ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто барои забономӯзӣ метавонем аз ин тарҷума истифода кунем. Ҳабиб Аҳрорӣ ҳам тарҷумаҳои хуб доранд. Асарҳои Толстойро бисёр тарҷума кардаанд. «Дони ором» яке аз тарҷумаҳои беҳтарин ба забони тоҷикӣ мебошад. Дигар гуфтан мумкин аст, ки тарҷумонҳои касбии мо Шамсӣ Собир, Шариф Шараф, Нусур Холмуҳаммадов, Аслам Адҳам ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд, ки тарҷумаҳояшон хуб бароянд. Он вақтҳо асар, ки тарҷума мешуд, ҳатман дар бораи он тақриз менавиштанд ва дар тарҷума агар камбудҳо бошанд, бераҳмона нишон дода мешуданд, тарҷумонҳо андак мекебиданд барои рӯякӣ ва хушк тарҷума кардани асарҳо.

– Маълум аст, ки кори тарҷума нозукиҳои зиёд дорад. Тарҷумон бояд вақти тарҷумаи асар аз рӯи кадом усулу меъёрҳо корро ба роҳ монад?

– Дар вақташ устодоне буданд мисли Раҳим Ҳошим, Ҳабиб Аҳрорӣ, ки семинарҳои тарҷума мегузаронданд дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар Институти забон ва адабиёт. Ҳоло ин иқдомҳо аз байн рафтааст. Нозукиҳои бисёр дорад тарҷума. Пеш аз ҳама донистани ду забон: аввал забони модарӣ, баъд забоне, ки аз он тарҷума мекунед. Натанҳо фаҳмидан, балки ҳис кардани забон, дуруст дарк кардани забон бисёр зарур аст. Тамоми назокати забонро бояд ба назар гирифт. Тарҷумаҳои хубро ман ном бурдам, чанд тарҷумае, ки солҳои охир анҷом ёфтаанд, мехонам, мебинам, ки мефаҳманд забони русиро, лекин ҳис намекунанд. Дар натиҷа ғалатҳо меравад. Вақти хондани баъзе аз ин тарҷумаҳо халал ёфтани мантиқро дарк мекунед. Ин алифбои тарҷума аст. Касе ба тарҷума ҷиддӣ машғул шуданӣ бошад, ин ҳад ва ин сатҳро бояд нигоҳ дорад. Бар замми ин, тарҷумон бояд завқи бадеӣ дошта бошад. Агар завқи бадеӣ надошта бошад, ҳар қадар дуруст тарҷума ҳам кунад, шираи асар ба забони тоҷикӣ эҳсос намешавад.

Усули тарҷума ва меъёри тарҷума ҳамин аст, ки фарз кардем, як асари муаллифи русро вақте шумо тарҷума мекунед, бояд масъулият эҳсос кунед ва донед, ки ин асар баъди тарҷумаи шумо моли адабиёти тоҷик мешавад. Бинобар ин, масъулияти тарҷумон аз масъулияти нависанда камтар нест. Шумо ҳамон қадар масъулият доред, ки нависанда дар назди хонанда дорад. Усулу меъёри тарҷумаро худи усулу меъёри ҳамон асари тарҷумашаванда муайян мекунад. Фарз кардем, асари ҳикоятӣ бошад, шумо ҳамон усулро пеш мегиред. Асари лирикӣ бошад, шумо бояд коре кунед, ҳамон эҳсосоте, ки дар асари адиб ҳаст, бо ҳамон самимият ба забони тоҷикӣ садо дода тавонад. Вагарна тарҷума барор намегирад.

– Дар асари бадеӣ лаҳҷа, зарбулмасалу мақол низ ба кор бурда мешаванд. Ҳангоми тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ тарҷумон дар ин мавридҳо чӣ кор бояд кунад?

– Истифодаи забони гуфтор, лаҳҷа, мақол дар тарҷумаи бадеӣ мамнуъ нест. «Дон Кихот»-ро бинед, дар он зарбулмасалу мақолҳо ниҳоят бисёранд. Муродифҳоеро бояд дар забони тоҷикӣ пайдо ва ҷойгузини он намоед, ки аз нигоҳи маънӣ ба ҳадаф наздик бошанд, чунки зарбулмасалу мақол ҳатман ягон ҳадаф дорад. Агар тарҷумон чунин муродиф пайдо кардан тавонад, тарҷума бобарор мешавад. Агар тарҷумаи таҳтуллафз кунад, кор баръакс сурат мегирад. Тарҷумаи таҳтуллафзии зарбулмасали русӣ ба тоҷикӣ маъно намедиҳад. Ман асари Борис Василев «Субҳ ин ҷо сокит аст»-ро тарҷума кардам. Зарбулмасалу мақол ва калимоти лаҳҷавӣ дар ин асар ниҳоят зиёданд. Ин қиссаро ду сол тарҷума кардам, ҳол он ки метавонед дар як моҳ тарҷума кунед. Аз Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҷаб Амонов мепурсидам, то ҳадди имкон муродифи зарбулмасалҳои русиро ба тоҷикӣ меёфтам. Агар муродиф пайдо нашуд, мазмунан тарҷума кардан беҳтар аст аз он, ки айнан тарҷума шавад.

– Лутфан дар бораи ҳусну қубҳи тарҷумаҳои бадеии имрӯз чанд сухан бигӯед.

– Тарҷумонҳои имрӯзи мо мисли тарҷумонҳои даврони Шуравӣ нестанд. Чунки забони русӣ дар он сатҳе, ки дар замони Шуравӣ дар мактабҳои миёнаву олӣ таълим дода мешуд, имрӯз дар он сатҳ таълим дода намешавад. Насли имрӯзи нависандагони мо забони русиро дар он сатҳе, ки нависандагони даврони Шуравӣ медонистанд, намедонанд. Бинобар ин, бисёр хоҳиш дорам, ки вақте забони асари тарҷумашавандаро намедонед, тарҷума накунед. Ин ҳам ба он асаре, ки тарҷума мешавад, як зарба аст, ҳам ба худи шумо, ки забони русиро намедонед. Ман ба тарҷумаи як нависандаи номдорамон дар даврони Шуравӣ тақриз навишта, як саҳифаи онро таҳлил карда будам. Забони русиро намедонист, лекин асари Чингиз Айтматовро тарҷума кард. Мошинеро, ки ба чап меравад, ба рост равон кардааст, касе, ки ба боло меравад, ба поён рафтааст. Резасангро харсанг тарҷума кардааст…

– Ба тарҷумонҳои ҷавоне, ки дар оғози роҳанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

– Пеш аз ҳама бояд забони модарии худро бо тамоми назокатҳояш хуб омӯзанд. Тамоми тобишҳои маъноии луғатро аз худ кунанд. Мантиқро бояд омӯзанд. Чунки мантиқ ҳам дар навиштан, ҳам дар тарҷума кардан асос аст. Чи дар тарҷума, чи дар асари навишташуда агар мантиқ хароб бошад, сухан ҳеҷ таъсир надорад. Дувум, аз кадом забоне, ки тарҷума кардан мехоҳанд, он забонро бояд донанд. Дар сатҳи забони модарии худ мушкил аст забони дигареро донистан, аммо бояд хуб балад бошанд. Савум, бояд завқи бадеӣ дошта бошанд. Завқи бадеӣ аз хондани асарҳои бадеӣ сар мезанад. Забоншиносони мо асари бадеиро барои ҷамъ кардани мисол мехонанд. Ҳол он ки онро бояд ҳамчун асари бадеӣ хонд. Мисоли лозима баъд пайдо мешавад. Чорум, таҷриба андӯхтан, машқ кардан, навиштан. Як мақоли машҳур ҳаст, ки мегӯянд: кори неку кардан аз пур кардан аст. Аз ҳикояҳо оғоз кунанд, андак-андак дасташон, ки рост шуд, баъд ба асарҳои бузургтар гузаранд.

– Барои суҳбат ташаккур, устод.

Суҳбаторо Насимбек Қурбонзода, «АС»

Дигар хабарҳо