ТАРҶУМОНИ МОҲИР

Ба муносибати 125-солагии Ҳасан Ирфон
Аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта бо нависанда ва тарҷумони моҳир устод Ҳасан Ирфон вохӯрдан ба ман муяссар гардид. Ӯ як мӯйсафеди болобаланди хушмуомилаву хушрафторе буд. Чашмони калон-калони мешии пурҷозибае дошт. Аз абрӯвони ғафси бо мурури замон сафедиафтода ва пешонии фарохи пурчинаш заҳмату азобҳои аз сар гузаронидаи ӯ хонда мешуд.
Бо вуҷуди он ки синни Ҳасан Ирфон аз ҳафтод гузашта буд, хеле зебо ва дилкаш менамуд. Шахси хеле ботаҳаммулу донишманд ва суҳбаторо буд.
Ҳасан Алихонович Маҳмудхонов 22- юми марти соли 1900 дар оилаи косиб дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мадрасаи “Тарбият” дар мактаби усули нав таҳсил кардааст. Соли 1916 курси дусолаи ғоибонаи муҳосиби тиҷоратӣ ва саноатии Петроградро ба итмом расондааст. Соли 1919 дар вазифаи тарҷумонии маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” кор кардааст. Раиси корхонаи абрешим, сарвари чопхона, муаллими забони форсии Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ будааст. Дар корхонаву хоҷагиҳои ҷамоатӣ вазифаҳои гуногуни хоҷагиву давлатиро ба ҷо овардааст.
Ҳарчанд ба корҳои эҷодӣ аз солҳои сиюм машғул бошад ҳам, соли 1960 баъди ба нафақа баромадан пурра ба фаъолияти адабиву тарҷумонӣ пардохтааст. Ҳатто устод С. Айнӣ маҳорати ӯро писандида, ба бисёр китобҳои тарҷумакардааш муҳаррирӣ намудааст.
Ҳасан Ирфон, ки забони русиро хуб медонист ва бо адабиёти ҷаҳон ошноии бештаре дошт, беҳтарини онҳоро устодона ба забони тоҷикӣ баргардондааст. Асарҳои Ж.Верн “Бачаҳои капитан Грант”, А.Толстой “Ғалла”, Д. Дефо “Робинзон Крузо”, Б. Полевой “Достони марди ҳақиқӣ”, Н. Чернишевский “Чӣ бояд кард?”, Р. Ҷованоли “Спартак”, Р. Такур “Завол”, С. Бородин “Ситораҳо дар осмони Самарқанд”, сегонаи М. Горкий “Бачагӣ”, “Дар байни мардум”, “Унверситетҳои ман”, С. Муқанов “Мактаби ҳаёт” ва ғайра аз ҳамин қабил ба ҳисоб мераванд. Тарҷумаҳои ӯ ҳамвазни нусхаҳои асл мешуданд. Ҳамчунин, ӯ дар тарҷумаи асарҳои зиёди сиёсӣ ҳисса гузоштааст. Теъдоди асарҳои тарҷумакардааш аз 160 адад бештар аст…
Ҳасан Ирфон дилсӯзи адабиёт буд. Бо вуҷуди он ки солҳои охир чашмонаш дуруст намедиданд, барои худ котиб гирифта, ба адабиёт хидмат мекард. Бо тарҷума ва асарҳои худ ба ривоҷу равнақи адабиёт саҳм мегузошт.
Бо вуҷуди солхӯрдагӣ Ҳасан Ирфон соҳиби ҳофизаи қавӣ буд. Бо кӣ дар куҷо вохӯрд, дар бораи чӣ суҳбат кард, дар ҷавониву бачагӣ чӣ ҳодисаву воқеаҳоро аз сар гузаронид, ҳамаашро дар ёд дошт (Як қисми онҳоро дар романи “Дар кулбаи косибон” инъикос кардааст).
Ҳасан Ирфон дар тӯли солҳои дарози тарҷумонӣ таҷрибаву малакаи зиёди эҷодӣ ҳосил карда буд. Аз ҳамин сабаб ӯ солҳои шаст ба навиштани асарҳои худ пардохт. Қиссаҳои “Алвидоъ, духтари Алҷазоир”, “Ду ёр аз ду диёр”, романи “Дар кулбаи косибон” ва бисёр ҳикояву эссеҳояш дар хазинаи адабиёти тоҷик ҷойи муносиб пайдо карданд.
Устод Ҳасан Ирфон пас аз 6 соли вафоти ҳамсараш – Саидабегим, соли 1973 аз олам чашм пӯшид.
Духтари ӯ Зебо Ҳасанова дӯстдори падару эҷодаш буд. Баъзе асарҳои охирини Ҳасан Ирфонро дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба чоп расонд. Вале дигар дастхатҳои қиссаву ҳикояҳояш ба шакли китоб дастраси хонандагон нагардиданд.
Устод Ҳасан Ирфон аз “Луғати русӣ- тоҷикӣ”, ки ҳамеша истифода мебурд, на ҳамеша қонеъ мешуд. Бинобар ҳамин, дар рафти кор дар ҳошияҳои он вариантҳои наву калимаҳои беҳтареро ёфта қайд мекард. Баъзе саҳифаҳои луғат аз иловаҳои устод, ки котибҳо менавиштанд, пур шуда буд. Тақдири баъдии он луғат чӣ шуд? Агар ҳангоми таҳияи “Луғати русӣ-тоҷикӣ”-и чопи соли 1985 онҳоро ба назари эътибор мегирифтанд, ин луғат пурраву мукаммалтар мегашт. Тасаввур кунед, ки одами нобино асари худро ба касе ҷумла ба ҷумла дикта мекунаду вай дар коғаз менависад. Баъди навиштан онро ба муаллиф мехонад. Муаллиф онро шунида, пеши назар меорад ва “рандаву суфта” мекунад. Баъди ба анҷом расидани асар боз онро хондану таҳрир кардан… Ана ҳамон луғату асарҳои охирини чопнашудаи устод маро ором намегузошт. Аз чандин кас пурсон шудам, вале ҷавоби қаноатбахше нашунидам.
Тобистони соли 2017 фарзанду пайвандони муаллим маъракаи ёдбуде ташкил карданд. Дар он анҷумани ёдбуд Фарҳод Ализода, Нусрат Раҳмат, ҳамчун раиси Маркази милливу мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони вилоят Абдуваҳҳоб Воҳидов, рӯзноманигор Зоҳир Ҳасанзода, хешу ақрабои адиб ва фаъолони маҳаллаи Чорроҳаи шаҳри Самарқанд иштирок доштанд. Ҳар кадоме ба сухан баромада, устод Ҳасан Ирфонро ёдоварӣ карданд.
Аз 8 нафар фарзанди устод Ҳасан Ирфон танҳо Шоҳрух ҳоло дар қайди ҳаёт аст.
Тақдири дастнависҳои устодро аз Фарҳод Ализода, ки ҳамсари устод аммаи ӯст, пурсон шудем.
– Бо почоям муносибати хуб доштем. Дурудароз бо якдигар суҳбат мекардем. Он кас баъди аз сар гузаронидани сактаи дил ба касалии простатит гирифтор шуданд. Дар беморхона хобиданд. Рафта зуд-зуд хабар мегирифтам. Ҳамон вақтҳо худашон гуфта буданд, ки дастнависҳоро бурда, ба Тоҷикистон супурдаанд. Ба фикри ман, чопи ин дастнависҳо ва ҳамчунин асарҳои Саидризо Ализода, Раҳим Ҳошим ва дигарон, ки барои ривоҷу равнақи адабиёти тоҷик ҷонфидоӣ кардаанд, ба манфиати кор хоҳад буд.
Бахтиёри ҶУМЪА,
шаҳри Самарқанд
(Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», № 27)