ТАРҶУМАИ БАДЕӢ — РУКНИ МУҲИМИ АДАБИЁТ

28 ноябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии нависанда, тарҷумон, драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти унвони «Тарҷумаи бадеӣ — рукни муҳими адабиёт» баргузор гардид.

Дар маҳфил доираи васеи адибон, нависандагон, мутарҷимон, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ намуд.

Абдуғаффори Абдуҷаббор академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи бадеии ҷаҳон «Новая Эра», профессори Донишгоҳи Байналхалқии Таълими Бунёдӣ, доктори фалсафа дар соҳаи адабиёт, узви иттифоқҳои рӯзноманигорон, арбобони театр (1990), нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Россия буда, дар баробари ин узви Иттиҳодияи байналхалқии мутарҷимон мебошад.

Ӯ барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон буда, инчунин бо ордени «Шараф» дараҷаи II, ордени «Дили Данко» (Россия), медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон», медали тиллоии Донишгоҳи Байналхалқии Таълими Бунёдӣ (2014, Санкт-Петербург) қадрдонӣ шудааст.

Зимни маҳфил оид ба фаъолияти эҷодии Абдуғаффори Абдуҷаббор сухан рафта, ба ду повести дар ду соли охир эҷодшудаи нависанда «ЗооПарк» ва «Ҷазираи беном» баҳои баланд дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки асарҳои Абдуғаффори Абдуҷаббор ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ҳиндӣ, немисӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, аварӣ, англисӣ, кореягӣ, беларусӣ, франсузӣ тарҷума шуда, пйесаҳояш «Сӯҳони қазо», «Масал бигӯ, Эзоп!», «Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк», «Суруди вопасин» дар театрҳо  ба саҳна гузошта шудаанд.  Пйесаи муаллиф «Назаркарда» ба фаъолияти камназири сулҳофаринии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Абдуғаффори Абдуҷаббор муаллифи даҳҳо мақолаву очерк, резаҳикоя, повестҳои «Куҷоӣ ту, ай мақсуди дастнорас?», «Барфи охирин», «ЗооПарк», «Ҷазираи беном», силсилаи китобҳои «Каприччио» оид ба ҳаёти композитори барҷаста Толиб Шаҳидӣ, «Дарсҳои Вафо Назаров» бахшида ба қисмати рассоми машҳур ва «Фарзанди сарзамини қазоқ» — Ҳунарпешаи халқии СССР Асаналӣ Ашимов буда, 30 ҳикояи адибони шинохтаи олам, асарҳои публитсистии Нурсултон Назарбоев «Роҳи қазоқистонӣ», «Дар дили АвруОсиё», Сун Сзячжен «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин», ҷилди якуми китоби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» ва ёздаҳ пйесаи драматургони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Сипас дигар олимону адибон низ оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти нависанда маъруза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Китоби «ЗооПарк» соли 2017 дар номинатсияи «Беҳтарин асари насрӣ» «Китоби сол» эълон гардида буд.

Дигар хабарҳо