Тарҷумаи асарҳои Айнӣ ба забони англисӣ

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи нависандагон ва Донишгоҳи миллӣ рўнамоии асарҳои «Марги судхўр» ва «Ҷаллодони Бухоро»-и Садриддин Айнӣ, ки соли равон ба забони англисӣ тарҷума ва нашр шуданд, баргузор гашт. Тарҷумаи асарҳои мазкурро адиб ва тарҷумон Абдусалом Мамадназаров анҷом додааст.
Дар ҳамоиш адибон, адабиётшиносон, айнишиносон ширкат карданд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоља, муовини директори Маркази тарҷумаи бадеии ИНТ Абдураҳмон Абдуманнон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, профессор Аламхон Кўчарзода ва дигарон ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки ин иқдом саривақтӣ буда, аз ҷониби хонандагони анлисизабон истиқболи гармро соҳиб шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки пеш аз ин Абдусалом Мамадназаров китобҳои «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик – Темурмалик»-и Садриддин Айниро ба забони англисӣ тарҷума ва чоп карда буд.
Бузургмеҳри Тоҷиддин