Тараннуми Наврӯз

 Тараннуми Наврӯз

        ТОҶИКИСТОН, ТУ БАҲОРӢ

Даста-даста лола дорад гулшани пероҳанат,
Дар баҳорон гул кушода ғунча-ғунча доманат.
Рост омад бар қадат, зебанда тобад бар танат,
Тоҷикистон, ту баҳорӣ, ман баҳори дигарам.

Аз хати Ҷайҳуну Сайҳун қиссаҳоят хондаам,
Аз гули пероҳанат хоку ғубор афшондаам.
Накҳате аз атри гесӯ дар гулистон мондаам,
Тоҷикистон, ту баҳорӣ, ман баҳори дигарам.

Нусха дорад сунбулат аз кокули ошуфтаам,
Накҳати атри сабо дар гесувон бинҳуфтаам.
Булбулон дар чаҳ-чаҳу ман ҳам чакома гуфтаам,
Тоҷикистон, ту баҳорӣ, ман баҳори дигарам…
 Зулфия АТОӢ

 

                          БАҲОРОҒӮШ

Ғунчаҳои қафасӣ бо дами рӯҳонии худ
Ҷон гирифтанду таманнои кушоиш карданд.
Бом сабзина шуду кафтаракони ошиқ
Дар сари мавҷрабо машқи сароиш карданд.

Субҳ мехост шакарнам хурад аз косаи гул,
Муҳри зарринаи хуршед даҳонашро баст.
Абри кофар чу даҳонбастагии ғунча бидид,
Дар лабаш об заду рӯзаи ӯро бишикаст.

Зиҳӣ он килки нигоранда, ки аз эъҷозаш
Варақи рӯз зи тасвири баҳорон бишукуфт.
Ҳавзи урён ба танаш ҷомаи нилӣ пӯшид,
Кавкабу нилуфараш дар лаби домон бишукуфт.

Ҳеҷ бишнидаӣ, эй шабрави хуршедсуроғ,
Ин ки девор ҳам эҳсоси муҳаббат карда.
Субҳ бо оби тило дар бари девори гилӣ
Байти нуронии хуршед китобат карда.

Мисрае хондиву гӯяндаи он пурсидӣ,
Чашми шабгуни ту пур шуд зи сурури хуршед.
Хандаи зери лабат гуфт, ки он ҳарфи мунир
Иқтибосест зи як мисраи нури хуршед.

Боз гулбонги сабуҳӣ бизан, эй булбули ринд,
Ки пурам, боз пурам аз ҳаваси бишкуфтан.
Дӯст медорамат, афсӯс насиби ман нест
Лаззати ин суханонро зи касе бишнуфтан.
ФАРЗОНА

 

             ШУКРОНА

Боз дилам шукри Худо мекунад,
Шукри ману шукри шумо мекунад.

Боз басе рафтаву мо мондаем,
Шукр дил аз будани мо мекунад.

Боз дилам бишнавад оҳанги нав,
Шукр зи гӯши шунаво мекунад.

Боз фаромӯш шуда дардҳо,
Шукр дил аз вақту фазо мекунад.

Боз ба ҳам омада ёрони хуб,
Шукр дил аз расми вафо мекунад.

Боз чи гармии баҳорона аст,
Шукр дил аз нуру наво мекунад.

Боз само ранг зи чашмам гирифт,
Шукр дил аз ранги само мекунад.

Боз ҳама маст зи дидори ҳам,
Шукр дил аз кори раво мекунад.

Боз дилам шукри Худо мекунад,
Шукри ману шукри шумо мекунад!
Раънои МУБОРИЗ

 

                 БАХТИ САФЕД

Пешвози навбаҳорон бо умед
Мекунад даргоҳи худ деҳқон сафед.
Мешакад оҳак ба туту токи боғ,
Гул занад бар домани майдон сафед.
Орд безад модар аз пеши дараш
Панҷае бар китфи фарзандон сафед,
То ки бошад роҳашон дар зиндагӣ
Сӯи дунёи пур аз армон сафед.
Аз алови пок кадбонуи деҳ
Мекунад бо тобу таб чакдон сафед,
То пазад ӯ кулчаҳои ширмол,
То диҳад оро ба дастурхон сафед.
Боз ҳалвои сафеду ширҷӯш
Баҳри мардум оварад эҳсон сафед.
Мизбон чизе сафедӣ медиҳад,
То равад аз даргаҳаш меҳмон сафед.
Наврӯзи тоҷикон расад
Бахт ҳамчун рӯзии инсон сафед!
Зебои ХАТЛОНӢ

 

                               НАВРӮЗ

Наврӯз хайма дорад дар ҷилвагоҳи хуршед,
Савғоти ханда орад дар рӯйи субҳи испед.
Вақте ки дидаи ӯ бар дидаам назар кард,
Тавлид шуд дубора дар сина меҳру уммед.

Дил аз тулуи меҳраш бо ишқ ҳамзабон шуд,
Аз сеҳри сабзи ханда хушвақту навҷавон шуд.
Набзаш ба набзи Наврӯз ҳамроҳу ҳамсадо гашт,
Ҷонаш чу ҷони сабзаш бишкуфту бехазон шуд.

Ҳасрат зи дидани ӯ аз ҷони ман ҳазар кард,
Сарсону сархамида раҳ ҷониби дигар кард.
Таҳриргар ҳаёт аст, аз шаҳкитоби қисмат
Сад номаи сияҳро зад хатту мухтасар кард.

Уммед чеҳрахандон омад ба кулбаи ҷон,
Дар кӯлбори сабзаш гармиву меҳру эҳсон.
Тавфиқ машъал афрӯхт, эҳдо бикард ҳастӣ
Чун шуълаҳои покаш рӯсурхии фаровон.

Гулхонаи дилашро бар рӯйи мо чу во кард,
Фирдавси сабзи худро бар мову ту ато кард.
Бар гӯши ман садо кард овози ноби модар,
Вақте ки рӯди покаш бар гӯши ман садо кард.

Домони сабзи Наврӯз чун домани Худо ҳаст,
Андар ҳарири бӯяш бе бода мешавӣ маст.
Чун рӯҳи зиндагонӣ, чун пайки навҷавонист,
Ҳаргиз нахоҳам ӯро як лаҳза додан аз даст.
  Рӯдобаи МУКАРРАМ

 

***

Дарвозаро ба рӯйи саҳар боз мекунам,
Наврӯзро ба ишқи нав оғоз мекунам.

Гулбаст мекунам дару девори хонаро,
Дилро ба ранги меҳри ту пардоз мекунам.

Бо шавқ раҳ ба гулшани уммед мебарам,
Бо ғунчаҳои масти чаман ноз мекунам.

Парвона мешавам ба чароғи баҳори нав,
Дар осмони боғча парвоз мекунам.

Бар эҳтироми рӯҳи раҳогашта аз қафас
Гулбазми шукру тантанаро соз мекунам.

Акнун, ки ҳаҷми ҳастии мо ҳам бузург шуд,
Хуршедро ба хонаам овоз мекунам.
                                                               Мафтунаи ҚОСИМ

 

             ШОГУНИ НАВРӮЗ

Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистонро
Худованд орд кард,
Ҳамчунон шогуни наврӯзӣ
Рехт рӯи суфраи Модар,
Бар қади сабзи санавбар,
Коҷро орост мисли Сарви Кишмар.
Субҳ, пеш аз бомдодон
Чун ҳарири захмбанд
Густард пеши дасти Сино.
Ҳамчунон як сафҳаи покизае бо имтидоди бениҳоят
Рӯи мизи Рӯдакӣ бинҳод,
Дархури он «сездаҳ раҳ сад ҳазор»,
Байти ғарро, шеъри нотакрор.
Ҷомаи сардӯшии устод Айниро табаррук кард,
Рехт рӯи шонаҳои Пири Фирдавсӣ,
Он нигаҳбони шукӯҳи Ҷам,
Шаҳпари Симурғро афшонд
Бар чакоди Ковиён парчам.
Охирин барф
Рехт рӯи ёли он шерони бедоре, ки
пеши пои Исмоил
Мунтазир истодаанд он як нидои ошноро,
Сӯи Ҷӯи Мӯлиён,
То сайргоҳи халқ,
То Гули Сурхи Бухоро…
Осмон барҷост!
Ин сапедӣ шоҳиди гӯёст.
Шарфаи ин барф
Ҳарф, ҳарфи Ҳуст,
Поку беоҳуст.
Хокро магзор танҳо як нафас, як лаҳза, ё Ҳодӣ,
Хокро аз хок бардор,
Чеҳраи тифлонаашро пок соз,
Ашки хунолудаашро покшӯӣ кун ба оби раҳмати хеш,
Рӯдҳоро ҳам таҳорат деҳ,
Роҳҳоро рост кун, испед гардон,
Роҳ, ҳароина, сӯи Туст.
Охирин ҳарфи зимистон,
Охирин барфи зимистон,
Аввалин шогуни Наврӯз,
Ҳуҷҷати Яздон.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА

 

***

Баҳоро, номаи табрики мо бар анҷуман овар,
Хамӯширо ба лаҳни андалебони чаман овар.

Табиатро зи урёнӣ намое нест, розе нест,
Ҳаворо ранг зан, аз барги гулҳо пираҳан овар.

Ба дастони фаромӯшӣ супор он куҳнагиҳоро,
Бале, Наврӯзро дар хиттаи хоки куҳан овар.

Баҳоро, накҳати нилуфариятро шудам пазмон,
Насими мушкбор аз кӯчаҳои настаран овар.

Ба дасти нозанинони чаман як остин гул деҳ,
Дурахши ҷилваҳои атласиро дар чакан овар.

Маро берун бар аз ҷамъияте, к-он ҷо хилофе ҳаст,
Бароям дӯст овар, дӯстонро гирди ман овар.

Бас аст афсонаҳои равшании кирмишабтобӣ,
Паёми тозаи роғунии зулматфикан овар.

Ба ҳушёрон шароби куҳнаи садсола бахш, аммо
Маро як истакон оби гуворои Ватан овар.
Нарзуллои АЗИЗИЁН

 

                                   ***

Чашматон равшан чанористони бедори Ватан,
Навбаҳоре мерасад пазмони дидори Ватан.

Боз хуршеди каёнӣ парчамафшон омада
Рӯи боми қасрҳои кӯҳдевори Ватан.

Нам-нами борони раҳмат мерасад аз осмон,
Чун дуои боғбон бар боғи пурбори Ватан.

Навниҳолон дасти гул бо ҳам диҳанд аз хуррамӣ
Ошиқона дар раҳи ёрони ғамхори Ватан.

Ид омад, иди Наврӯзи пур аз нуру сафо
Бар дари ҳар хонаву ҳар кӯву бозори Ватан!

Даштҳо пироҳани атлас ба бар доранд боз,
Бо чаканпӯшони гул шайдову саршори Ватан.

Тоҷи Ҷамшед аз ҷилои меҳр рахшон гаштааст,
Маснадаш тахти баланди бахтосори Ватан.

Андалебонро зи нав ишқи сурудан мерасад
Ҳамнавои шоирони шаҳдгуфтори Ватан.

Ҳеҷ иде инчунин зебову нотакрор нест,
Мисли оҳанги Ҳумоюн дар чаманзори Ватан!

ОЗАРАХШ

                       

              НАВРӮЗИ ЗАРДУШТУ ҶАМШЕД

Сад мужда диҳед, имрӯз оянда мунаввар шуд,
Наврӯз расиду дил бар ишқ мусаххар шуд.

На рӯз дароз омад, на шаб ба дарозо рафт,
Чун ҳукми “Баробар шав!” то арши Сурайё рафт.

Барфи кулаҳи қулла бо нур ба ҷанг омад,
Пирӯз шуда Хуршед, ин чашма ба чанг омад.

Ин шавкати наврӯзӣ аз муъҷиза берун аст,
Бешубҳа, ки ин лола бархоста аз хун аст.

Наврӯз дарахтонро пироҳани нав бахшид,
Гӯё ба ҷаҳони мо ҷону тани нав бахшид.

Кабки дарии Меҳан аз қақразанӣ маст аст,
Булбул зи висоли гул бо наъразанӣ маст аст.

Ҳар ғунчагули сероб аз хуни раги об аст,
Аз хуни Сиёвуш аст, аз дидаи Суҳроб аст.

Васли гули хокиву Хуршед ҳумоюн бод,
Наврӯз ба Зардушту Ҷамшед ҳумоюн бод!
Бузургмеҳри Баҳодур

 

ШОДИЁНА

Эй дарахт, аз ҷавонаи Наврӯз
Лаб кушо бар фасонаи Наврӯз.

Бо гули сурх барфурӯз аз хеш
Гулхани ҷовидонаи Наврӯз.

Ҳамчу бодом дар сари пушта
Шуъла зан рӯи шонаи Наврӯз.

Бигзаронед хуш, аё мардум,
Нагзарад то замонаи Наврӯз.

Гирд оеду базм ороед
Бар сари хони хонаи Наврӯз.

Гӯш бар савти обшор диҳед,
Месарояд таронаи Наврӯз.

Бо тараб дил ба рақс мехонад
Зарби чангу чағонаи Наврӯз.

Мебарад маргро зи ёд, хушо,
Зиндагӣ бо баҳонаи Наврӯз!

То барои ҳамеша сабз шавад
Андар ин хок донаи Наврӯз,

Барзгар, барфишон ба дасти рост
Дона дар остонаи Наврӯз.

Эй дарахт, аз Худо ба сурати гул
Бирасон шодиёнаи Наврӯз.
Давлати РАҲМОНИЁН

 

 

Дигар хабарҳо