Талоши ҷустуҷӯи мушкилоти иҷтимоӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи романи “Гардиши девбод”-и устод Абдулҳамид Самад

 Талоши ҷустуҷӯи мушкилоти иҷтимоӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи романи “Гардиши девбод”-и устод Абдулҳамид Самад

Романи “Гардиши девбод” аз ҷумлаи асарҳои хуби бадеии устод Абдулҳамид Самад мебошад.

Мухтасар дар бораи роман. Қаҳрамонони романи “Гардиши девбод” Некном, Дилёб, Латиф, кампири Сифат ва дигарон мебошанд. Дилёб қаҳрамони асосии роман буда, ӯро мардум аз саҳро, замоне ки модараш аз гуруснагӣ фавтида буд, ёфтаанд. Ӯ дар хонаи кампири Сифат зиндагӣ мекард. Пас аз марги писари Сифат дар ҷанг, Дилёб саробони хонадони кампир мешавад ва аз хонаи Сифат ба ҷанг рафта, аз ҷанг бо аруси русӣ Марина бармегардад ва то охири умр дар деҳа ба сар мебарад. Нависанда романро бо ҳаводиси ибтидои асри бист (замони ноҷӯриҳои амирсолорӣ ва барқароршавии ҳукумати шуравӣ – солҳои 1920-1937) шуруъ карда, бо воқеоти оғози даргириҳои ҷанги бародаркушӣ (солҳои 1990-1992) ҷамъбаст менамояд.

Мардуми деҳоте, ки нависанда ба тасвир кашидааст, аз зулму тааррузи Гадои Санам барин пастфитратону палидзодагон, ки дар замони нав ба ҳукумати нав (манзур ҳукумати шуравӣ аст) шомил шуда, мардумро ба азобу уқубат гирифтор намуданд, ба дод омада буданд. Гадои Санам, ки бо тақозои замон ба Санамуф табдили ном карда буд, пеш аз инқилоб барои касифию зинокорӣ аз деҳа тавассути арбоби деҳ Комилбой пеш карда мешавад, вале пас аз пирӯзии инқилоби Бухоро ва тасаллути ҳукумати шуравӣ ба деҳ баргашта, бо номи ҳукумат мардумро азобу кулфат медиҳад.

Қаҳрамони марказии роман – Дилёб бо ҳамсараш Мария дар бемористони деҳа ба кор мепардозад, солҳо хушу хуррамона зиндагӣ мекунанд, аммо даргириҳо ва нобасомониҳои ибтидои солҳои навадуми асри бист оромии қаҳрамони асарро баҳам мезананд ва ӯ ба ҷустуҷӯйи писараш, ки дар шаҳр зиндагӣ мекард, меравад ва писарро пайдо намуда, ҳангоми тафреҳ, болои кресло ҷон медиҳад.

Нависанда аз забони Дилёб, ки иштирокчии ҷанг ва шоҳиди бевоситаи кашмакашҳои солҳои бистуму сиюми асри бист будааст, бебандубории ҷомеаро, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба вуқуъ пайваст, ба риштаи интиқод баркашида, он воқеиятро бозгӯ месозад, ки табақаҳои гуногуни ҷомеа охири солҳои ҳаштод ва ибтидои навадуми асри бист бар асари бесарусомонӣ, ғолибан ба тиҷорату савдо тамоюл пайдо карда, аз самимияту илтифоту отифат канор гирифта, муносиботи иҷтимоиро бар мабнои суду манфиат бунёд ниҳоданд. Ин навъ муносибат баданаҳои иҷтимоиро аз дарун заиф сохта, сардию бетафовутиро дар муносиботи мардумӣ ба вуҷуд оварда, таҳдиду чолишҳоро афзудааст. Бар ин асос, нависанда ҳаводисро пардоз медиҳад ва воқеиёти талхи замонро бозгӯ месозад. Писари Дилёб Рашид, ки дар шаҳр иқомат мекард, ба соҳибкорӣ машғул шуда, дар шаҳр хонаи замонавӣ месозад. Дилёб вазъи ноҷӯри сиёсии замонро эҳсос карда, писарашро пурсуҷӯ мекунад ва ба суроғаш ба шаҳр меравад. Карру фарри писарро, ки аз ҳисоби бизнес муҳайё шуда буд, дида, мӯйсафеди Дилёб дилтанг мешавад. Бо зиндаву саломат дидани писар мӯйсафед эҳсоси хушӣ мекунад ва нависанда қиссаро ин тавр ҷамъбаст мекунад: “– Тинҷ, сиҳату саломат бошед, бас, – ва афзуд. – Аз субҳ об ба даҳон набурдаам… Ҳо, ба димоғам бӯйи хомшӯрбо зад… Як коса… – “Эҳ, – Рашид хандид, баланд хандид, – устухонҳоро барои саг ҷӯшондам… Ҳозир хӯрок меоранд, хӯроки дигар, хубтар… – Хайр, – боз ҳайрону хиҷолатзада пичиррос зад пирамард ва хастаҳол чашм пӯшиду сар ба такяи курсӣ ниҳод…” Ба сухани дигар, тағйир ёфтани менталитет ва дигар шудани мавқеъгирии одамон бо дарназардошти шароиту вазъи сиёсию иҷтимоӣ бар зарари миллат анҷом ёфт ва тоҷик, ки дар ибтидои садаи бист ба садамоту фишорҳои сахти сиёсию мафкуравӣ мувоҷеҳ гардида буд, боз дар охири аср ҳам бар асари беҳувиятӣ, ноогоҳӣ ва саҳлангорӣ ба даргирӣ рӯбарӯ шуд ва заҳри ҳалоҳили онро дар мисоли ҷанги бародаркушӣ бевосита чашид.

Нависанда бо тасвири шахсияти домулло Латиф, ки намояндаи қишри руҳонӣ ва аз мардуми таҳҷойӣ буда, ба Бухоро барои таҳсил рафта, он ҷо сукунат ихтиёр карда, ҳангоми истилои аморат ба деҳа баргашта, ба воситаи бародараш Некном ба Афғонистон паноҳ мебарад, вазъи асафбори даврро ба намоиш мегузорад. Нависанда афсусу надомати домулло Латифро, ки марди тақводору мутадаййин ва дар айни замон ҷонибдори низоми амирсолорӣ буда, аз ҳукумату тартиботи нав мутанаффир буда, аз вазъи ноҷӯри замон ранҷ мебурд, аланӣ мекунад: “Ҳайфи Бухоро, сад дареғи шаҳри нозанин… дар оташи кинаву адоват, дар оташи аблаҳӣ ва хашми инқилоб сӯхт! Амир сарнагун шуд, давлата аз даст дод!” Ва пойинтар домулло Латиф аз гурехтани амир ва ба рус додани давлат сухан ба миён оварда, бо ҳасрат мегӯяд: “Давлат ҳам намонд! Ҷумҳурӣ эълон шуд, бобо, Ҷумҳурии Бухорои Шӯравӣ, – сари зону нишаста мегӯяд ноқил. Ин амири буздил аз тарсу ларз бо ду дасти адаб давлата ба як тӯда худсару аҷнабӣ супорид” Домулло Латиф танҳо манфиати сиёсӣ-мафкураи қишри худро медонаду халос, дар ҳоле ки манофеи миллӣ ва сарнавишти мардумӣ, ки дар даврони амирӣ пашизе арзиш надоштанд, ӯро нигарон намесозад. Дигар ин ки худи амир тоҷик набуд ва ба тоҷик ҳеҷ иртиботи нажодию хунӣ ҳам надошт. Домулло ва амлокдору соири туфайлихӯрони хони амир аз тағйири вазъи сиёсию иҷтимоӣ, ки асло ба манфиаташон набуд, норизо буданд, чаро ки молу манолашонро батамом аз даст дода, зери фармонфармоии ба истилоҳ, ҳеҷбудагон қарор гирифтанд.

Устод Абдулҳамид Самад кӯшидааст ҳаводиси вақтро дурусту мантиқӣ бозтоб дода, мушкилоти давронро аз дидгоҳи интиқодӣ ба риштаи тасвир баркашида, ҳангоми тасвир ҳадди инсофро убур насозад. Дар зимн, замони шуравӣ ҳам бурду бохти худро дошт: гуруснагӣ, қашшоқӣ, беадолатии сардамдорони ҳизбӣ, фишори мунтазами дастгоҳи идеологӣ, истибдоди сиёсӣ, фишор болои қишри руҳонӣ ва амсоли инҳо дар имтидоди салтанати ҳукумати шуравӣ мардумро сахт азият дода буд ва нависанда хубиҳои замонро ба гӯшаи фаромӯшӣ намесупорад ва махсусан, аз забони қаҳрамони марказии роман Дилёб гӯшзад мекунад, ки он чи ки солҳо мардум заҳмат кашида, давлат сохтанд, гурӯҳҳое ба боди фаромӯшӣ супурдан мехоҳанд. Нависанда вазъи ногувори сиёсию иҷтимоӣ ва ақидатию мафкуравии ибтидои солҳои навадуми садаи бистро матраҳ карда, ба воқеиёти талхи минтақа аз нигоҳи интиқодӣ бархурд намуда, ҳолати ноҷӯри равонии қаҳрамонро ба намоиш мегузорад ва аз забони қаҳрамон дақиқкорона мулоҳиза меронад: “Ва инак ду моҳ аст, ки Дилёб аз нооромӣ шабу рӯз азият мекашад. Охир боз дар пойтахт хархашаву ғавғо авҷ гирифт. Ин овоза не, ҳақиқати ҳол аст, ҳақиқате, ки аз радио ба гӯш мерасад. Пора-пора кашмакашу харобкориро аз телевизион ҳам мебинанд. Мардум хашму кина дар дил, ба гурӯҳ, ҳатто майдону сангар ҷудо шуда, ба хотири курситалошҳо ба сари якдигар санги маломату лаънат мешикананд, роҳҳоро баста, шӯру исён барпо мекунанд. Ниҳоят кор ба хунрезиву куштор оид шуд… Ана ин доғи лаънат, ана ин шармандагӣ, даҳшат, нишонаи бадбахтист. “Ҳайфи зиндагии осуда…” – шаби дароз аз ташвишу алам дар худ печида ва паҳлу ба паҳлу гашта пичиррос мезанад Дилёби мӯйсафед. “Халқи қадима… таъриху фарҳанги бой… адибону олимони номдор…” Акнун чӣ шуд? Ин рӯсиёҳиву бетамизиро кӣ сар кард? То кай ин низоъҳои шармовар идома меёбанд. Оқибаташ чӣ мешавад? Ҳазору як саволи беҷавоб ӯро асири худ карда буд. “Боз гардиши девбоди зормонда сар шуд”, — дилшикаставу маҳзун ба худ иқрор кард ӯ. Он чӣ Некном аз номи Сафои Афлотун гуфта буд, рост баромад”. Ба сухани дигар, Дилёб аз бетартибию беинзиботии замон нигарон шуда, мағзи худро ба кор андохта, бар мизони ақлу мантиқ ҳаводисро андозагирӣ мекунад ва талош менамояд, ки мӯйро аз хамир ҷудо созад. Гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ аз ҳаводиси даҳшатбори гузашта ибрат нагирифта, барои бароварда сохтани ниёзҳои шахсию гурӯҳӣ мардумро ба чоҳи ҷангу даргириҳо мекашанд ва ҳоли мамлакатро табоҳ месозанд. Ин силсилаташвишу изтиробҳо зеҳни Дилёбро ором намегузоранд ва дар ҳоли нигаронӣ қарораш медиҳанд. Ин аст, ки ба фикр кардан ва роҳҳал ҷустан мепардозад, аммо гузашти умр ва солмандӣ аллакай кори худро кардаанд. Бо вуҷуди ин Дилёб талош мекунад, ки бо такя ба ҷаҳоншиносию таҷриба сарриштаи мушкилотро дарёбад.

Нависанда таъбири “гардиши девбод”-ро ба унвони унсури чолишзову хатаровару фалокатбор дар меҳвари тасвир қарор медиҳад ва мардумро аз оқибатҳои шуми таҳдиду чолишҳо, ки мусибату фоҷеаҳоро ба дунбол доранд, огоҳ месозад. Албатта, сабку салиқа ва диди вежаи бадеӣ-эстетикии нависанда романро ҷолибу хонданбоб кардааст. Аммо “гардиши девбод”, ки нависанда онро чун меҳвари тасвири бадеӣ гузидааст, рухдоди табиӣ буда, ба таҳаввулоту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ хеле кам таъсир дошта метавонад. Инсон тавассути ақлу дониш ва иродаи мустаҳкам метавонад хубро аз бад тафкику ҷудо кунад ва роҳи минбаъдаи худро мушаххас намояд. Падидаву зуҳуроти номатлуби ришвахорӣ, мансабталошӣ, тамаллуқкорӣ, худхоҳӣ, худшефтагӣ, риёварзӣ, пастӣ, фурӯмоягӣ, разилӣ, беадолатӣ, беҳувиятӣ ва амсоли инҳо аз фаъолиятҳои инсонӣ ва манфиатталабиҳои одамон сарчашма мегиранд ва ба ҳеҷ гуна сарнавишт тааллуқ надоранд. Агар инсон манфиатпараст ва фурсатталаб аст, айби худи ӯст ва одобу характери миллиро мебояд тағйиру дигар кард, то ин ки мушкилоти ҷиддие аз қабили беадолатӣ, фориғболӣ, фурсатталабӣ, худхоҳӣ, тавтеачинӣ, дасисабозӣ бар руҳи ҷомеа мусаллат нашаванд ва онро аз дарун харобу вайрон насозанд. Ин аст, ки сарнавишти инсон ба дасти худи ӯ рақам зада мешавад ва ҳар кори неку писандидаеро анҷом додан хоҳад, тавассути ирода, ақл, дониш, фаросат ва фазилат анҷом дода метавонад. Ва агар худро ғуломи манофеи шахсӣ ва ғароизи табиӣ кунад, ҳатман мушкилотро фароҳам меоварад ва мардумро ба бадбахтиву мусибат мубтало месозад. Аз ин ҷост, ки сарнавиштро худи мо бояд мутобиқи манофеи миллӣ ва давлатӣ бисозем ва ҷомеаро ба сатҳи баланди огоҳӣ расонем. Он гоҳ метавонем аз худ ва миллати худ ифтихор кунем ва сазовори эҳтирому эътибори дигарон низ бошем. Муҳим ин аст, ки бояд ғалату иштибоҳоти худро дуруст шиносем, мушкилоту уқдаҳоро дуруст ташхис бидиҳем ва ба ҳаводиси таърихи миллӣ бо чашми ибрат бинигарем, то фардо муртакиби иштибоҳоти бузургтар нагардем.

Нозим НУРЗОДА,
пажӯҳишгар

Дигар хабарҳо