Такрор чӣ зебост, агар номи ту бошад…
Ба муносибати 70-солагии шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ 25 январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили поси хотир баргузор гардид.
Гардонандаи маҳфил муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар сухани ифтитоҳӣ аз Муҳаммадалии Аҷамӣ ҳамчун шоири навҷўву навгў ва пажуҳишгари дақиқназар ёд карда, саҳми ўро дар пешбурди кори шуъбаи назм дар замони роҳбарияш зиёд арзёбӣ намуд. Тавре номбурда гуфт, Аҷамӣ дар муаррифии шеъри Тоҷикистон дар кишварҳои ҳамзабон талоши зиёд варзидааст. Аз адабиёти Эрону Афғонистон огоҳии зиёд дошт, вале ба анъаноту суннатҳои шеъри тоҷик содиқ монд.
Мудири бахши назми ИНТ Толиби Луқмон дар бораи эҷодиёти шоир маърузаи худро ба иштирокдорон пешниҳод кард.
Шоирони халқии Тоҷикистон Доро Наҷот, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, адибон Мирзо Шукурзода ва Иззатбек Идизода низ оид ба ашъор ва нақди адабии Муҳаммадалии Аҷамӣ сухан ронда, аз рўзгори адиб хотираҳои ҷолибу баёдмонданӣ оварданд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Ғоиб, Муҳаммадалии Аҷамӣ адибе буд, ки дар баробари ҳамвора шеър гуфтан, ба қадри заҳмати ҳампеша мерасид. Дар бораи навиштаҳои дигарон ҳамеша андешаҳояшро меовард ва аз комёбиҳояшон дар ҷодаи шоирӣ хурсанд мешуд.
— Муҳаммадалии Аҷамӣ табиатан шоир буд, шоири андешаманд. Дар таҳқиқи шеър низ фикри хосаи худро дошт. Диди тозае дар ашъори ватандўстона ўро буд, — гуфт Ҳақназар Ғоиб.
Рустам Ваҳҳобзода иброз дошт, ки шеъру мақолаҳои зиёди Муҳаммадалии Аҷамиро хондаам. Ва ҳамеша як шеъри тасвирии ў ба ёдам меояд:
Кўдаке шод меравад мактаб,
Дар ҳаво дида достакҳоро.
Ин байт як лавҳа ва ё як пора замони зиндагиест, ки осмон пур аз достакҳо буд. Дар ду мисраъ як манзараро ҳамин тавр сода, бетакаллуф, айнӣ, объективӣ тасвир кардан на ҳамеша муяссар мешавад. Як калимаи зиёдатӣ надорад. Манзараи деҳоти мост. Шодӣ, ҳаво, достак, парвоз ва кўдакро таносуби воқеии дарунӣ ба ҳам мепайвандад. Як микрофилм аст. Ҳамин тарзи шоирӣ аз оғоз ҳамеша бо Аҷамӣ будааст.
Доро Наҷот, яке аз дўстони наздики шоир, шеъри ба ў навиштаашро қироат намуда, ёддоштҳояшро нақл кард.
Ато Ҳамдам низ бо қироати шеъре аз Муҳаммадалии Аҷамӣ, лаҳзаҳои хотирмонеро аз зиндагии шоир пеши назар овард.
— Муҳаммадалии Аҷамӣ дар Эрону Афғонистон ҳам ҳамчун шоир ва шахсияти адабӣ мавқеи намоён дошт. Ҳамроҳи ў дар Эрон як миқдор вожаҳои нобро, ки дар Тоҷикистон истифода мешаванд, ҷамъоварӣ карда, дар шакли китоб бо номи «Гулвожаҳои Варорўд» нашр кардем, — гуфт дар суҳбати хеш Мирзо Шукурзода.
Иззатбек Идизода бар он аст, Муҳаммадалии Аҷамӣ кўшиш мекард, ки ҳамеша навоварие дар кори шоирӣ дошта бошад. Ба гуфтаи ў, аз суҳбатҳои шоир бармеомад, ки боз нақшаҳои зиёди эҷодӣ дошт, вале умр вафо накард.
Шогирди Муҳаммадалии Аҷамӣ, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Шукрона Тоҳирӣ ғазали дилрасеро аз эҷодиёти шоир қироат намуд.
Дар охир фарзанди Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоир ва пажуҳишгари ҷавон Рустами Аҷамӣ як шеъри ба падар бахшидаи худро хонда, ба масъулин барои баргузории чунин маҳфил изҳори сипос кард.