ТАДҚИҚОТИ САРШОРИ МЕҲР

ё худ андешаҳо баъд аз мутолиаи рисолаи устод Садрӣ Саъдиев

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев зиёда аз сӣ сол боз дар Самарқанд машғули эҷод буда, дар ин муддат ба соҳаи мазкур саҳми босазое гузоштааст. Таълифоте, ки устод дар ин муддат анҷом додааст, аз қабили рисолаҳои «Адабиёти тоҷик» (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX), «Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ», «Инъикоси ҳаёти халқ дар адабиёти тоҷики асри XVII», «Нақшбандия ва таъсири он ба адабиёт», «Тамоюлҳои асосии мазмуни ғоявии адабиёти тоҷики асри XII», «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» ва ғайра дар раванди ҷустуҷӯҳои илмии адабиётшиносии муосир қарор гирифтаанд.

Китоби нави устод «Сайидои Насафӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳр дар нимаи дувуми асри XVII», ки соли сипаригашта аз ҷониби институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии АИҶТ нашр гардид, як навъ ҷамъбасти таълифоти сайидошиносони тоҷик дар тӯли зиёда аз 80 сол мебошад. Чунонки муаллифи китоб қайд намудааст, пажӯҳишҳои адабиётшиносони тоҷик доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Сайидо аз соли 1940 оғоз ёфта буд, ки мақолаи Холиқ Мирзозода интишор ёфт. Сипас, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» чоп шуд. Мақолаи мазкур чун муқаддима ба намунаҳои ашъори шоир навишта шуда, аҳамияти калони назарӣ дошт. Муҳаққиқ ғояи халқӣ ва пешқадами эҷодиёти Сайидоро қайд карда, навиштааст, ки шоир «аз ҷиҳати ба халқ наздик будани худаш ва моҳияти пурра халқӣ доштани эҷодиёташ аз ҳама шоирони асри XVII фарқ мекунад».

Соли 1947 рисолаи Абдуғанӣ Мирзоев «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» аз чоп баромад, ки он дастоварди калони адабиётшиносӣ ба шумор мерафт. Ӯ дар ҳақиқат, Сайидоро ҳамчун ифодагари мафкура ва орзуву омоли мардуми меҳнаткаш кашф ва мақоми ӯро дар таърихи адабиёти таъин намуда, моҳияти халқии эҷодиёти шоирро дуруст нишон додааст. Абдуғанӣ Мирзоев асосан ба омӯзиши Сайидо ва қисман Мулҳам барин намояндагони адабиёти асри XVII машғул шуда, вале ба омӯзиши худи адабиёти давр ва масъалаҳои он камтар диққат додааст. Аз ин рӯ, Садрӣ Саъдиев дар тадқиқоти навбатии худ равшан сохтани манзараи васеътари ҳаёти адабии нимаи дувуми асри XVII‑ро вазифаи худ дониста, аз ӯҳдаи он низ бомуваффақият баромадааст.

Китоб аз муқаддима ва ду қисм иборат буда, қисми якум тадқиқи муҳити адабии Мовароуннаҳр дар нимаи дувуми асри XVII-ро фаро мегирад. Дар боби якуми он равнақи адабиёт бо тавсифи мухтасари авзои таърихӣ, ҳаёти фарҳангӣ ва илмӣ, марказҳои адабӣ, адабиёти доираи дарбор, адабиёти шаҳр ва намояндагони он, аҳволи зиндагии шоирон таҳлил гардидааст.

Тамоюлоти асосии мазмуни ғоявии адабиёт мавзӯи боби дуюми китоб буда, пеш аз ҳама, кулфати даврон ва эҳсоси он баррасӣ гардидааст. Муҳаққиқ дуруст қайд мекунад, ки пешрафти ғоявии адабиёти ин давр дар пурзӯр гардидани ҷанбаи иҷтимоии он мебошад ва хусусан, адабиёти доираҳои шаҳр бо оҳангҳои шикояти иҷтимоӣ, ғояҳои зидди зулму истибдод, танқиду маҳкуми иллатҳои замон, мазмунҳои олии инсонпарварона ғанӣ гардидааст.

Дар муҳаббат тифли ашкам гавҳари дил мешавад,

Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад.

 

Сайидои НАСАФӢ.

Қиёми Сайидо ва дигар шоирони муосираш ба муқобили хасисиву бемурувватии тоифаи сарватмандон аз мавқеи идеалҳои олии инсонпарварӣ сурат гирифта, ҷанбаи гуманистӣ дорад. Сарчашма ва манбаи чунин афкори шоирони давр таълимоти гуманистии тариқаи нақшбандия ба шумор меравад.

Таҷдиди услуби шеър ва муносибати забони адабиёт бо забони гуфтугӯии халқ мавзӯи боби сеюми асар буда, бахши истиқбол аз шеъри «тарз» бештар ҷолиби диққат мебошад. Муаллиф ақидаи беасоси шарқшиносии Аврупо, инчунин адабиётшиносии Эронро, ки гӯё шеъри мумтози форсу тоҷик баъд аз асри XV ба таназзул дучор шудааст, инкор намуда, бо далелҳои мушаххас моҳияти пешқадами ин адабиётро собит намудааст. Онҳо чунин ақидаро далел овардаанд, ки шеъри ин давр қариб саросар аз пайравию татаббӯъ ва назирагӯйӣ ба шоирони гузашта иборат мебошад. Аммо муҳаққиқи варзида бо далелҳои мӯътамад ботил будани ақидаи такрори хушку холии осори пешина будани шеъри давраҳои сониро эълом намудааст. Тибқи он, шеъри тоҷикӣ ба дигаргунии куллӣ рӯ оварда, қариб эҷодиёти тамоми шоиронро фаро гирифтааст. Ҳар яке аз шоирони тавонои ин давр сабки хоссаи худро доштанд, вале умумияти шеъри онҳо дар тозагии услуб буд. Ин ҳамон тарзи нави шеър аст, ки ҳоло дар адабиётшиносӣ сабки «ҳиндӣ» номида мешавад. Вале муаллифони манбаъҳо ва суханшиносони он давр Мутрибӣ ва Малеҳо онро «шеъри тарз» ва «тарзи ироқӣ» гуфтаанд. Ин сабки нав дар ашъори ҳар шоир ба ҳар тарзу ранге зоҳир гардида бошад ҳам, аммо нишонаи умумӣ ва хусусияти асосиаш нозукӣ ва дақиқии маънӣ буд. Дар бахшҳои минбаъдаи он равияи шеъри тарз, ривоҷи сухансанҷӣ, забони адабиёти асри XVII ва муносибати он бо забони гуфтугӯйи халқ нуктасанҷона баррасӣ гардидааст.

Қисми дуюми китоб бо ҳаёт ва фаъолияти шоирии Сайидо вобаста буда, тарҷумаи ҳоли Сайидо, образи шоир дар ғазалиёти Сайидо, ҳасби ҳол ва авзои рӯҳии шоир, ҷустуҷӯи осоиши зиндагӣ ҳамчун ормони эстетикии Сайидоро дар бар мегирад. Дар он муҳаққиқ қайд кардааст, ки ҳасби ҳоли Сайидо на хосияти натуралистӣ, балки бештар хусусияти реалистӣ дорад, зеро ҳақиқати ҳаёти талхи умуман оммаи меҳнаткашро ифода намудааст. Шоир дар рӯҳи бетааллуқӣ ва ҳифзи шарафи инсонии худ мардуми дармондаро водор намудааст, ки дар ниҳояти мушкилӣ ҳам ба умеди дастгирии мунъимони лаим пеши онҳо рафта сар хам накунанд:

Сар нагӯ он, ки шавад хам пайи эҳсони касе,

Бишкан он даст, ки бӯсад лаби домони касе.

Дар таърихи адабиёти мо шоире, ки ба мисли Сайидо халқро қувваи бузурге донистааст, ки ҳар кӣ бар қасду душмании он кор кунад, албатта сари худро мехӯрад:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Дар боби чорум муаллиф оид ба тасвири ҳаёти аҳли ҳунар, сайри таърихӣ ва хусусиятҳои жанрии шаҳрошӯб, сохти шаҳрошӯби Cайидо, мундариҷа ва бадеиёти шаҳрошӯб ва манзумаҳои ҳунармандии шоир мулоҳизаҳои пурарзиш баён намудааст.

Муҳаққиқ қайд намудааст, ки дар пажӯҳиши осори Сайидо усули тадқиқоти сотсиологӣ корбаст гардидааст, зеро ғазалиёти ӯ саршор аз афкору андешаҳои иҷтимоӣ буда, жанри ғазали ишқӣ-­лирикӣ ба дараҷаи бештаре ба шеъри андешаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ табдил ёфтааст. Ӯ дар ҳақиқат, ба субут расонидааст, ки шеъри Сайидо ба ҳаёти воқеии ҷомеааш пайвастагии амиқ дошта, аз шеъри шоирони дигар куллан тафовут дорад. Аз ин рӯ, нашри асари мазкур барои аҳли илму адаб зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Баҳодур РАҲМОНОВ,

Фозил ШУКУРЗОДА.

                                                                                                                                     Манбаъ: «ОВОЗИ ТОҶИК»

                                                                                                                                       (http://ovozisamarqand.uz)

 

Дигар хабарҳо