ТАБЪИ КЎДАК НОЗУК АСТ
Таърихи ҳама гуна адабиёт, бидуни шубҳа, аз адабиёти барои кўдакон офаридашуда сарчашма мегирад, зеро аллаи модар аввалсуруди шунидаи кўдакон асту баробари пайдоиши ҷомеаву забони инсонӣ ҳувайдо гардидааст, ки адабиёти деринасоли мо ҳам аз ин қоида мустасно намебошад.
Барои мисол, аввалин осори боқимондаи тоисломии гузаштагонамон монанди «Дарахти ассурик»-у «Ёдгори зарирон» қисматҳои таълимӣ-тарбиявии «Авесто» ва ғ. бархе аз осори суханварони тоҷик, аз устод Рўдакӣ то устод Айнӣ барои кўдакон офарида шудаанд.
Бале, таърихи адабиёти классикии кўдаконамон ғаниву тўлонӣ бошад ҳам, адабиёти барои бачагон офаридаи сухансанҷони даврони шўравии тоҷик аз ҳар нигоҳу меъёру муҳтаво қавитару густардатар мебошад, ки навиштаҳои устод Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. Ҳамдӣ, С. Ҷавҳаризода, М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Миршакар, А. Шукўҳӣ, Ғ. Мирзо, А. Баҳорӣ, Г. Сулаймонӣ, Б. Ҳоҷӣ, У. Раҷаб, Н. Розиқ, Н. Бақозода, А. Бобоҷон ва ғ. гувоҳи даъвостанд.
Баъдан анъанаи мазкурро шоироне чун Г. Келдӣ, Гулрухсор, Ҷ. Ҳошимӣ, А. Мирхоҷа, Латофат Кенҷаева ва дигарон идома доданд, ки амали шоистаи таҳсин аст.
Дар ин миён муддатест ин кори хайрро Муродалӣ Собир ҳам муттасил идома дода, барои кўдакон чанд маҷмўаи шеър эҳдо намуд, ки мавриди пазириши хуб қарор гирифтанд.
Китоби тозанашри мавсуф «Чашмасор», ки соли 2018 аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, маҷмўаи шеъри мукаммалест, ки бо дарназардошти табъи имрўзаи бачаҳо навишта шудааст. Бармеояд, ки Муродалӣ Собир аз шоирони даврони истиқлол аст, олами ботинии бачаи имрўзаи тоҷикро хуб идрок ва дар шеърҳояш ҳаматарафа тараннум мекунад. Шеъри ў мувофиқи табъу завқи бачаҳо навишта шуда, бо савтиёт, оҳанги форами худ тез дар хотири бача боқӣ мемонад. Масалан, дар шеъри «Ватан» бо як ҳиссиёти пур аз меҳру муҳаббат Ватанро васфу таъкид мекунад, ки он маскани саодат, даргоҳи муҳаббат, баҳори ҷовидонаву модари ягона мебошад:
Ту маскани саодатӣ,
Ту даргаҳи муҳаббатӣ.
Ту шуҳрати замонаӣ,
Ту ишқи ҷовидонаӣ!
Ту модари ягонаӣ,
Баҳори ҷовидонаӣ!
Ватан, Ватан, Ватан,
Туӣ тавону ҷону тан!
Шеърҳои дар маҷмўаи «Чашмасор» гирдовардаи Муродалӣ Собир дар тарбияи эҳсоси худшиносиву ватанпарварии насли имрўза хидмати чашмрас карда метавонанд. Ин сурудаҳо метавонанд дар мактабу муассисаҳои томактабӣ ба бачаҳо ёд дода шаванд, зеро ба завқи дарки бачаҳои синну соли мазкур хеле мувофиқанд. Масалан, дар шеъри «Ҳайкали Исмоили Сомонӣ» чунин овардааст:
Бовиқору тоҷбарсар,
Шаҳсавори гурздарбар.
Бошукўҳу бошаҳомат,
Ояму гўям саломат…
Рўз то рўз зебову дилрабо шудани шаҳри Душанберо шоир дар шеъри «Душанбе» аз забони дақиқи бачаҳо хеле ҷолиб тасвир намуда, онро рамзи бахти мардуми Тоҷикистон муаррифӣ намудааст. Душанбе дар ҳақиқат, биҳиштест, ки сол аз сол бо биноҳои муҳташаму боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои бозии бачаҳояш дили хурду калонро тасхир карда, боиси ифтихори тамоми мардуми кишвар гардидааст:
…Туӣ биҳишти дилнишин,
Чароғи бахти сарзамин,
Ту шаҳри бахтофарин,
Ба қалбу ҷони мо қарин!
Ту рамзи бахти кишварӣ!
Ту тоҷу тахти кишварӣ!.
Шеърҳои «Муборак бод!», «Давлати Истиқлол», «Парчами Ваҳдат», «Забони модарӣ», «Мактабу муаллим», «Боғи мактаб», «Қуллаҳои кишвар» ва ғайра бо дарназардошти табъу завқи кўдакон навишта шудаанд.
Муродалӣ Собир чун шоири адабиёти кўдаконаи замони истиқлол дар ашъораш тамоми дастовардҳои имрўзаи кишварро мунъакис намудааст. Масалан, шеъри «Роғун» аз лиҳози равонӣ ва оҳангнокиву маънии сода доштанаш қобили дарку ҳифзи бачаҳо мебошад. Ин шеър рўҳияи имрўзаи бачаҳои даврони истиқлолро ифода карда метавонад:
Камоли ҳайрати ҳама,
Ҷамоли ғайрати ҳама.
Нишонаи нишоти мо,
Саодати ҳаёти мо!
Туро агар бапо кунем,
Муроди худ раво кунем.
Макони нур мешавӣ,
Тавону зўр мешавӣ…
Дар шеърҳои «Ватан розӣ — ман розӣ» ва «Сарҳадбон» шоир ҳамон мавзўи қаблан дар адабиёти бачагона мавқеи асосидоштаро аз нигоҳи нав мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар шеъри «Сарҳадбон» ҳифзи марзу буму сангу рўду ҳар ваҷаби хоки кишварро аз забони фарзанди сазовори ватан чунин ба қалам овардааст, ки давоми мактаби суханварони пешин буданаш аён аст:
Бар марзу буми кишвар
Ман посбон мешавам.
Нигаҳбонаш доимо,
Аз дилу ҷон мешавам.
Посбонӣ мекунам
Сангу хоки рўди он!
Ҳифзаш ба ҷон мекунам
Ман — аскари сарҳадбон!
Чун сарҳади виҷдон аст
Ҳар як ваҷаби ин хок,
Бояд қадами душман
Онро накунад нопок!
Шабу рўзам ман ҳушёр,
Ҳама хобу ман бедор,
То ки бошам бар Ватан
Ман фарзанди сазовор!
Муродалӣ Собир афсонаҳои ҷолиберо ҳам барои бачаҳо эҷод намудааст, ки шеърҳои «Зоғи зирак», «Зоча», «Харгўшаки гўшдароз», «Сангпуштро ору газид» ва ғ. намунаи чунин ашъори шоир буда, ба завқу дарки бачаҳо хеле мувофиқ ва равону сода мебошанд.
Хулласи калом, Муродалӣ Собир аз ҷумлаи суханварони соҳибҳунари адабиёти бачагонаи замони мост, ки ашъораш барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи устод Мирзо Турсунзода ҳамаҷониба сазовор аст.
Сайидхоҷа АЛИЗОДА,
номзади илмҳои филология