Сӯгворӣ. Ҳасан Асоев
Чанде пеш нависандаи публитсист, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар 60-солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Ҳасан Асоев 20 майи соли 1964 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омада, мактаби миёнаи №7-и деҳа (1981) ва факултаи биология ва химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айниро (1987) ба поён расонд. Чандин сол омӯзгори фанни биология ва химияи мактаби миёнаи №25-и зодгоҳаш буд. Сипас ҳамчун лаборанти калони лабораторияи физиологияи пахтаи шуъбаи генетикаи пахтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989), ходими хурди илмӣ, муовини сардори Раёсати назорати ҳифзи табиат, мудири шуъбаи мамнуъгоҳ ва парваришгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯйи хоҷагии ҷангал (1998-2000), устоди Донишкадаи соҳибкорӣ (2000-2016), мудири шуъбаи таълими Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2019), коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Дар солҳои охири умр чун коршиноси мустақили экология фаъолият дошт.
Шодравон аз ҷумлаи қаламкашони нодире буд, ки дар бораи масъалаҳои гуногуни табиат ва муҳити зист мақолаҳо ва очеркҳо менавишт ва навиштаҳояш дар матбуот, аз ҷумла дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваста интишор меёфтанд.
Китобҳои илмиву публитсистии «Гунбази намаки Хоҷамуъмин» (1994), «Вазъи экологии шаҳри Душанбе» (1995), «Масъалаҳои муҳимтарини экологияи муосир» (1997), «Мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон: тавсифи умумӣ ва вазъи экологӣ» (1999), “Баъзе масъалаҳои экологии Тоҷикистон” (2000), “Масъалаҳои муосири мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон” (2002), “Парваришгоҳи Сари Хосор” (2002), «Экотуризми Сари Хосор: муаммо, мушкилот ва дурнамои он» (2013), «Роғун– машъалафрӯзи минтақа» (ҷилди 1, 2018), «НБО-и «Роғун»– кафолати рушди устувори минтақа» (ҷилди 2, 2019), «НБО-и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа (ҷилди 3, 2020) ба қалами Ҳасан Асоев тааллуқ доранд ва гувоҳи пуркории ӯ мебошанд.
Марҳум Аълочии матбуот, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз соли 2019 дар сафи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор дошт.
Ёду номаш ҳамеша гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон