• 22.01.2025

Сухан аз марҳалаи нави рушд дар ВМКБ. Дар ҳошияи сафари Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 Сухан аз марҳалаи нави рушд дар ВМКБ. Дар ҳошияи сафари Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

“Асри XXI асри Бадахшон, асри кашфи ин сарзамини пурасрор хоҳад шуд.”
                                                                                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН

Рӯзи 27-уми августи соли равон пас аз нисфирӯзӣ аз назди бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боздид аз шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Ба­дахшон ба роҳ баромада, наздики субҳ ба он ҷо расидем. Сафари мо – ҳайати сенафара: дотсенти До­нишгоҳи миллии Тоҷикистон Қарор Муҳаммадизода ва дотсенти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шавкат Боев, бо даъва­ти вежаи раиси муҳтарами ВМКБ, ҷонибдории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) ва мусоидати Вазорати мао­риф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бознигарӣ (аппелятсия) аз кори комиссияи даври сеюми озмуни саросарии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар вилоят сурат гирифт. Маълум шуд, ки чанд нафар довталаби озмун аз кори ҳайати комиссия ва натиҷаҳои эъломшуда дар бахшҳои адабиёти кӯдакону на­врасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик ва адабиёти ҷаҳон розӣ нестанд. Арзҳои онҳо бояд шунида ва даъвояшон дар ростои адолат баррасӣ карда шавад.

Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар Хоруғ бо суҳбати кӯтоҳе дар ҳузури раи­си муҳтарами вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот дар хусуси муаррифии Бадахшон, таъмини бо­эътимоди сулҳу субот, волоияти қо­нун дар вилоят ва мақсади даъвати комиссия аз марказ оғоз шуд. Раис дар бораи пешравиҳои солҳои охир дар вилоят, ҷараёни марҳалаи нави рушд, муҳаббати вежаи мардум ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшиши онҳо барои сазовор шудан ба бовари Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар, вале фарогир баён кард. Суханони ӯ дар хусуси аз соли 2021 оғоз шудани марҳалаи нави рушд дар ВМКБ, нақшаҳои зиёди дар ин замина қабулшуда, корҳои амалии иҷрошудаву иҷрошудаи­стода бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ садо дода, аз ояндаи дурахшони Бадахшон ҳам­чун минтақаи бузурги сайёҳӣ дарак медиҳад.

Дар ин суҳбат ва мушоҳидаҳои рӯзҳои дигар, камина раиси ВМКБ- ро ба сифати пайрави ҳақиқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтам. Ба назарам, маҳз нисбат ба ҳамин гуна шахсони содиқу вафодор истифодаи ибораи “пайрави ҳақиқии Пешвои милат” муносибу мувофиқ аст. Зеро ҳам аз назари андеша, ҳам аз ҷиҳати амал ва низ тамоми ҳастии ӯ ба дархостҳо ва талаботи Пешвои миллат ҳамоҳанг аст. Аз кӯшишҳои ӯ барои такмили шахсияти худ ва тасмимгириҳояш пай бурдан мумкин аст, ки набзи ӯ фақат барои иҷрои масъулияти ба уҳдааш гузошташу­да ва иҷрои вазифаҳояш метапад. Ҳақиқати ин мулоҳизаро аз суҳбат бо фаъолони ҷомеаи маданӣ низ дарёфтем. Тасмими худро ҷиҳати аз марказ даъват кардани комиссияи бознигарӣ чунин маънидод кард, ки агар мо ҳақро ба ҳақдор нарасо­нем, бовари мардум аз баргузории шаффофияти озмун ва ҳамин тавр аз масъулин коста хоҳад шуд. Мо бояд ба бовари Сарпарасти Озму­ни саросарии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор амал кунем.

Кори комиссия аз шиносоӣ бо аризаҳои воридшуда ва муайян кардани равиши баррасии онҳо сар шуд. Дар баъзе аризаҳо даъво бисёр равшан баён гаштааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки соҳибони чунин аризаҳо дониста ва бо бовар ариза пешниҳод кардаанд. Барои баъзе аризаҳоро баррасӣ кардан лозим омад, ки ғайр аз ҳунарнамоии нафари додхоҳ боз сабти се ё чаҳор ҳунарнамоии ширкаткунандаи озмун аз тариқи навор дида ва санҷида шавад. Дар ин ҷо лозим медонам, аз масъулони Идораи телевизион ва радиои ВМКБ арзи сипос намоям, ки вазифаи худро бо масъулиятшиносию ҷиддияти том иҷро карда, сабти наворҳоро дар вақташ манзур менамуданд. Дар ҳақиқат, баъзан риоят нагардидани тартиби пурсиши довталабон тибқи талаботи Низомномаи озмун, дар вақти суолу ҷавоб танҳо атрофи як масъала чархидан ва ҳолатҳои нодуруст баҳо додани доварон мушоҳида шуд. Ин вазъ дар ҳолест, ки низоми баргузории озмун дар Низомномаи он ба сурати равшан баён шудааст. Баъзе аз аъзои ҳакамон ё бо Низомнома шинос нестанд ва ё ба нукоти мундариҷ дар бандҳои ҷудогонаи он, аз ҷумла бандҳои 21-26, 30, 34, 37, 38, 39, 44 ва ғ. ба таври лозима таваҷҷуҳ накардаанд?! Баргузории семинари машваратӣ барои ҳайати ҳакамон дар Низомномаи озмун таъкид шудааст, ки ба ин нуктаи муҳим бояд масъулони баргузории озмун диққат кунанд.

Дар ҷараёни бознигарӣ (аппелят­сия) намояндагон аз Вазорати мао­риф ва илми Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва бахши маорифи вилоят низ ишти­рок доштанд ва шоҳиди бознигарию муҳокимаҳо буданд. Натиҷаи кори комиссияи бознигарӣ дар протокол дарҷ ва бо имзои ҳайати сенафара ба раиси вилоят пешниҳод гардид.

Баргардем ба масъалаи марҳа­лаи нави рушд дар ВМКБ. Дар ҳамон суҳбате, ки дар боло ёд шуд, раиси вилоят аз ташрифи қарибулвуқуъи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ хабар дод. Ҳар рӯз ба ин муносибат, субҳи барвақт дар назди раиси вилоят ҷаласаи ситоди корӣ баргузор шуда, бо натиҷагирӣ аз дирӯз ва таъйини вазифаҳо ба­рои имрӯз корро оғоз мекунанд. Ба назар расид, ки на худи раис, на му­овинон ва на масъулини дигар вақти дар идора нишастан надоранд. Ҳар кадом аз пайи иҷрои вазифаҳои худ дар объектҳои ҷашнӣ ва ё ноҳияҳо сафарбар мешаванд. Ҷамъбасти кори комиссия дар ҳузури раиси вилоят бегоҳ, баъд аз вақти муқар­рарии корӣ доир шуд. Раис боз дар ҳамон мавқеъ шитоб дошт, то барои ширкат дар дарси омӯзиши забони англисӣ таъхир накунад.

Банда бори сеюм аст, ки ба шаҳри Хоруғ меоям ва мушоҳида мекунам, ки аз як сафар ба сафари дигар ди­гаргуниҳо дар шаҳр хеле зиёданд. Диққати маро, пеш аз ҳама, фазои ниҳоят ороми шаҳр, ҳаракати зиёди мошинҳо, рафтуомади пуродам дар ҷодаи асосӣ, қомат афрохтани сохт­монҳои маскунии баландошёна дар ду тарафи шоҳроҳи асосӣ ва дигар тағйирот ба худ ҷалб кард, ки дар дигар кӯчаҳои шаҳр ва атрофи он мушоҳида мешавад. Дар шаҳр сохт­монҳои зиёд ва сохтани пули илова­гӣ барои убур аз дарёи Ғунд ҷараён дорад. Қарор аст, ки гардиши роҳи мошингарди Хоруғ – Мурғоб – Қулма хориҷ аз ҷодаи маркази шаҳр дуруст карда шавад. Дар шаҳр ду истгоҳе дидем, ки дар паҳлуяшон мағозаи китобфурӯшии муосир ташкил шу­дааст. Барои таъмири роҳравҳо аз маҳсулоти дохилӣ – санги маҳаллӣ истифода карда истодаанд.

Тибқи нақли муовини раиси ви­лоят, пешравиҳо дар ҳамаи бах­шҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят: – соҳибкорию сармоягузорӣ (8279 соҳибкори инфиродӣ ва 729 шахси ҳуқуқӣ), лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (15 лоиҳа ба маблағи 198,8 млн доллари ИМА дар ҷараёни амалӣ шудан қарор дорад), ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ ва истеҳсоли гӯшт, са­ноат ва энергетика, сохтмонсозиву меъморӣ, нақлиёту алоқа, ҳаҷми боркашонӣ ва гардиши мусофирон, ташрифи сайёҳони дохилию хориҷӣ, соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва кор бо занон, ҷаво­нон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳолати рушди бесобиқа қарор дорад.

Ба китобу китобдорӣ ва китобхонӣ дар ВМКБ таваҷҷуҳ ва эҳтироми зиёд қоиланд. Дар 181 китобхонаи оммавӣ 1203,54 ҳазор нусха китоб маҳфуз буда, аз ин шумора 580,45 ҳазор нусха китоб ба забони давлатӣ, 558,43 ҳазор нусха ба забони русӣ ва 64,7 ҳазор нусха ба дигар забонҳо мебо­шад. Илова бар ин, бо мақсади иҷрои да­стури Сарвари давлат дар назди 106 корхо­на, муассиса ва таш­килот 76 китобхонаи идорӣ ташкил ва бо 121800 нусха китоб таъмин шудаанд.

Дар ВМКБ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ омодагӣ мебинанд. Дар робита ба ин ҷашни бузурги миллӣ, дар асоси Амри Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вило­ят иҷрои корҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст. Нақша-чорабиниҳо вобаста ба ин тадбири муҳим дар 1196 банд тасдиқ гардидаанд, ки 29 банди он махсуси чорабиниҳои ташкилӣ-оммавӣ буда, 1167 банд сохтмонсозиву таъмири иншоотро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ 249 лоиҳа ба маблағи 1026102 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Дар­воз 103 лоиҳа ба маблағи 191.1 млн сомонӣ, ноҳияи Ванҷ 101 лоиҳа ба маблағи 83 млн 615 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯшон 150 лоиҳа ба маблағи 394 млн 353 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Шуғнон 143 лоиҳа ба маблағи 323 млн 158 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Роштқалъа 205 лоиҳа ба маблағи 987 млн 680 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ишкошим 109 лоиҳа ба маблағи 168 млн 985,7 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Мурғоб 107 лоиҳа ба маблағи 105 млн 632 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар натиҷаи тағйиру иловаҳо ба ин нақшаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят теъдоди умумии бандҳо аз 1196 ба 1391 афзоиш ёфтааст. Ин афзоиш чунин маънӣ дорад, ки қудрати истеҳсолӣ ва тавоноии зеҳнӣ дар шаҳру навоҳии вилоят рӯз ба рӯз дар ҳолати афзоиш қарор дорад.

Субҳи рӯзи баргашт бо ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек Амид Ёрбек суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ до­штем. Ӯ бо ҷамъи ҳамкоронаш дар назди бинои Донишгоҳ ба ободкорӣ ва омодагӣ ба соли нави хониш ма­шғул буд. Вай изҳори миннатдорӣ кард, ки бо дарназардошти вазъи ҷуғрофӣ донишгоҳ таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳда­ти миллӣ – Пешвои миллат, Прези­денти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ВМКБ, вазири мао­риф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳалли масъалаҳои ба миён омада, аз ҷониби онҳо аз ҳама ҷиҳат ҷонибдорӣ меёбад. Омӯзгорон ва донишҷӯёни дониш­гоҳ низ аз чунин дастгирии амалӣ сипосгузоранд.

Аз нақли ректор маълум шуд, ки дар ду соли охир донишгоҳ ба пе­шравиҳои назаррас ноил шудааст. Ӯ дар хусуси навгониҳое, амсоли имсол 15 дарсад зиёд шудани нақ­шаи қабули донишҷӯён дар қиёс ба соли гузашта, зиёд шудани сафи омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ, бо сангҳои маҳаллӣ оро додани роҳравҳои бино, ба шаш устоди донишгоҳ додани хона аз ҷониби Президенти кишвар ва ғ. бо ифихор нақл кард. Роҳбалади мо – Ҳаким Қаландариён ду соли охирро дар ҳаёти Донишгоҳи Хоруғ ҷаҳиши бисёр бузург медонад. Ҳамчунин, дар фосилаи солҳои 2022-2024 бо мақсади роҳандозии фаъолияти самарабахшу натиҷадор сохтори донишгоҳ бо таваҷҷуҳ ба талаботи муосири муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз нав таҳия гардида, ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои до­нишгоҳ дар бораи рушд ва дурнамои фаъолияти он дар давраи солҳои 2022-2025, нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2023-2027, нақшаи тайёр кардани ка­дрҳои илмии сатҳи баланд барои солҳои 2023-2030, нақшаи чораби­ниҳои донишгоҳӣ дар бораи Страте­гияи миллии рушди маориф барои солҳои 2021-2030, нақшаи чораби­ниҳо дар хусуси “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии соҳавӣ аз нав таҳия, тасдиқ ва мавриди амалишавӣ қарор дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назар­шоев самараи даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1992 таъсис шудааст. Таъсиси ин Донишгоҳ аз назари асосҳои сиёсию иҷтимоӣ, ҳаёти иқтисодӣ ва сатҳи илмию маърифатии ВМКБ рӯйдо­ди бисёр муҳим буда, аҳаммияти бузурги сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷти­моӣ-фарҳангӣ дорад. Ин падидаи муҳим дар таърихи илму маориф ва фарҳанги вилоят саҳифаи наверо боз кард. ДДХ имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми омодасозии му­тахассисони соҳаҳои гуногуни иқти­сод, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои илм ва фарҳанг шинохта мешавад. Неруи зеҳнӣ ва илмии кифоя мавҷуд аст, ки ба омодакунии кадрҳои ил­мӣ-педагогӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари иқтисод мусоидат менамояд. Донишгоҳ ҳамчун боргоҳи илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ омили пе­шрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи кӯҳистон гардида, барои тарбияи ахлоқӣ, ташаккули худши­носии миллӣ, тақвияти маънавиёт ва маърифати аҳли ҷомеа заминаи устуворро фароҳам овардааст. То кунун донишгоҳ беш аз бист ҳазор мутахассиси соҳибкасбро тайёр намудааст, ки ин рӯзҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии кишвари азизамон софдилонаву содиқона кор мекунанд.

Донишгоҳ дар айни замон дорои 9 факултет буда, аз рӯйи 68 ихтисос, ки 35 ихтисосаш махсуси равияи омӯзгорӣ мебошад, мутахассис омода менамояд. Дар доираи ихти­сосҳои зинаи бакалаврист ва мута­хассис 48 ихтисос марбут ба зинаи бакалавр аст ва 16 ихтисос махсуси зинаи мутахассис мебошад. Ба таҳ­сили рӯзона 64 ихтисос ва ба таҳ­сили фосилавӣ 21 ихтисос тааллуқ дорад. Дар зинаи магистратура 25 ихтисос ва дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) 16 ихтисос амал мекунад. Давраҳои кӯтоҳи омӯ­зишии назди донишгоҳ 10 ихтисосро дар бар мегирад. Шумо­раи умумии донишҷӯён дар ҳамаи зина ва ша­клҳои таҳсил ба 2500 нафар баробар аст, ки аз ин миқдор 170 нафа­рашон магистрантон мебошанд. Барои таълиму тарбияи донишҷӯён 205 нафар омӯзгор, аз ҷумла як нафар академики АМИТ, як нафар Узви вобастаи АМИТ, 16 доктори илм ва 57 нафар номзади илм ҷалб шудаанд.

Як шоми мусаффо дар соҳили дарёи Ғунд, ки шаҳри Хоруғ дар ду соҳили он ҷойгир аст, дар фазои ором меҳмони мудири Пажуҳиш­кадаи илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ, профессор Қаландариён Ҳоким Сафар будем. Сухан дар бораи пешравиҳои кори ин муассиса дар ду-се соли охир ҳам гиреҳ хӯрд. Аз ҷумла, шунидани далелҳои зерин ҷолибу фараҳафзо буданд:

  1. Дар давоми даҳ соли охир аз тарафи ходимони илмии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи акаде­мик Б. Искандарови АМИТ 46 китобу монография, 13 маҷмуаи мақолот, 720 мақолаи илмӣ таълиф ва дар маҷаллаҳои илмии ватанию хориҷӣ чоп шудааст.
  2. Институт бо номи “Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ” маҷаллаи илмӣ дорад, ки аз таърихи таъсис ёфтанаш (24.07. 2019) ҳар сол 4 маротиба ба табъ мерасад. Дар 21 шумораи то кунун чопшудаи маҷал­ла мақолаҳои ҳам муҳаққиқони ва­танӣ ва ҳам донишмандони хориҷӣ нашр шудаанд.
  3. Дар заминаи институт аз соли 2022 Шурои диссертатсионии во­бастаи Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Россия амал мекунад. Дар давоми фаъолияти дусолаи ин Шуро 8 рисолаи номзадӣ ва докторӣ баррасӣ гардида, 5 нафар соҳиби дипломҳои номзадӣ ва докторӣ шудаанд, 1 нафар интизори баро­мадани қарори КОА ФР дар бораи гирифтани дипломи номзадӣ ва 1 нафар интизори баргузории ҷала­саи дифоъ мебошад. Дар солҳои охир аз шумори ходимони илмии институт 1 нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
  4. Дар шуъбаи магистратура ва докторантура (PhD)-и институт, ки аз соли 2014 фаъолият меку­над, мутахассисони ҷавон аз рӯйи ихтисосҳои филология, таърих, мардумшиносӣ, адабиёт, фолклор ва иқтисодиёту иҷтимоиёт омода мешаванд.

Ба назари мо, боз ҳам мустаҳкам кардани таҳдоби модию техникии ИИГ ба номи академик Б. Искан­дарови АМИТ дар оянда, таҳкими мақоми он ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар шароити ҷаҳонгароӣ ва бо назардошти мақоми шоистаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят бисёр муҳим аст. Зарурати дигар ин ки Институт дар самти омӯзиши таърих, фолклор, адабиёт, забон, фарҳанг, мардумшиносӣ, бостонши­носӣ ва ба таври вижа, расму ойини мардуми бумии Бадахшон нақши бузург бояд дошта бошад. Ба роҳ мондани тарҳҳои муштараки илмӣ бо олимон аз дигар муассисаҳои саросарӣ ва донишмандони хориҷӣ дар заминаи масъалаҳои омӯзишӣ низ ба манфиат хоҳад буд. Ташак­кули тафаккури иҷтимоии мардум низ аз ҷумлаи аҳдоф ва вазифаҳои ҳамин институт ба ҳисоб меравад.

Ҳайати профессорону омӯзго­рони ДДХ ба номи М. Назаршоев ва ходимони илмии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳамкории мустақим дошта, дар тарғибу ташвиқи амру супоришҳои Пешвои миллат ва тасбиту амалӣ шудани нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД ВМКБ фаъо­лона иштирок мекунанд. Дониш­мандони ин ду муассиса ба сифати узви гурӯҳҳои корӣ бо маърузаву гузоришҳои илмӣ ва хитобаҳои хеш дар миёни мардум дар тарғиби сиё­сати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.

Зимнан, 2-юми январи соли 2025 аз таърихи таъсиси ВМКБ сад сол пур мешавад. Дастовардҳои дар боло зикршуда ба ин муносибат туҳфаи арзандаест.

Дар ҳақиқат, чунонки Пешвои миллат барҳақ таъкид кардаанд, “танҳо дар шароити сулҳу суботи комил ва оромию амният дар ҳа­маи соҳаҳо пешрафт мешавад”. Хушбахтона, ҳамин гуна шароит ин рӯзҳо дар ВМКБ муҳайё ва боиси пешравиҳо дар кулли соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва илмию фарҳан­гии вилоят гардидааст.

Бо мақсади шиносоӣ бо бозори муштараки наздисарҳадӣ ва му­шоҳидаи манзараҳои атрофи ҷодаи Хоруғ – Душанбе замони баргашти мо ба Душанбе рӯзона муқаррар шуд. Субҳ, пас аз сарфи субҳона дар меҳмонии раиси муҳтарами вилоят бо роҳнамоии бародари ги­ромӣ, профессор Ҳокимшоҳ Қалан­дариён ба бозори наздисарҳадии Тем рафтем. Бозор хеле пуродам буд, аммо мушоҳида мешуд, ки бо низоми махсусе аз ҷониби масъули­ну сохторҳои қудратӣ идора мешуд. Дар он ҷо шаҳрвандони Тоҷикис­тон ва афғонистониҳо баробар ба савдову харидуфурӯши молҳои ниёзи аввалия ва дигар асбобу матои рӯзгор машғул буданд. Чаш­мамон ба хориҷиҳо ҳам афтод, ки аз раванди муомилот аксбардорӣ мекарданд. Пас аз гардиши кӯтоҳе дар ин бозор ба самти Душанбе ба роҳ баромадем. Рӯзи шанбе буд ва мушоҳида мешуд, ки аз Хоруғ то Рӯшон ҳама ба шанбегӣ баромада, аз пайи корҳои тозагию ободкорӣ ҳастанд. Чунонки дар боло арз шуд, он рӯзҳо бадахшониён барои ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҳамаҷо­ниба медиданд.

Дар роҳи баргашт, пас аз гар­диши ноҳияи Ванҷ лозим омад, ки мошинҳои зиёде дар чанд ҷой мунтазири анҷоми кори роҳсозон таваққуф кунанд. Мусофирони зиё­де аз мошинҳо фуромада, миёни ҳам суҳбат ва вақт кӯр мекарданд. Баъзеҳо аз бастани роҳ норизо ҳам буданд. Ин манзараҳо ва норизоии баъзе мусофиронро дида, ба ёди давраҳои роҳсозӣ дар ҷодаи Айнӣ – Панҷиканд афтодам, ҳолат ва манзараи ба ҳам шабеҳ. Аммо на­тиҷааш имрӯз маълум аст, роҳи му­айяне, ки барои расидан ба мақсад дуним соат сарф мешуд, акнун дар 35-40 дақиқа ва ба роҳатӣ метавон тай кард. Мусофирони ин ҷодаро низ сабр мебояд, то роҳати онро пас аз анҷоми корҳои сохтмонсозӣ дар ояндаи наздик бибинанд. Аз минтақаҳои мумфаршшудаи ҷода маълум аст, ки роҳсозон кори ху­дро бо сифати баланд анҷом дода истодаанд.

Мо – ҳайати корӣ ва ҳамсафарон, аз ҳусни қабулу гусел ва меҳмонавозии масъулуни ҳукумати ВМКБ хушнуд буда, ба кулли онҳо, махсусан, ба раиси муҳтарами вилоят Алишер Мирзонабот ва ҳамкорони эшон ташаккур гуфта, ба корҳояшон барор мехоҳем. Бовар дорем, ки ҳайати кунунии роҳбарияти вилоят марҳалаи нави рушдро дар ВМКБ таҳти роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкорию ҷонибдории мардуми шарифи Бадахшон таъмин хоҳанд кард.

Бо умеди танини ҳамешагии бархурди самимӣ ва мунҳасир ба фарди мардуми сарбаланди Бадахшон: “Шаб салом ва рӯз алейк” дар фазои сулҳу субот, ваҳдати куллӣ ва якпорчагии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз!

Мисбоҳиддини Нарзиқул,
профессор

Дигар хабарҳо