Сухансанҷе бо сабки шевои илмӣ
Ба муносибати 70-солагии Абдулманнон Насриддинов
Номи пажуҳанда ва донишманд Абдулманнон Насриддинов аз миёнаҳои солҳои 70-уми садаи гузашта бо нашри мақолаҳои пурарзише дар заминаи адабиётшиносӣ, луғатнигорӣ ва фарҳангшиносӣ дар илму адабиёт ва матбуоти тоҷик бар сари забонҳо ҷой ёфтааст. Ӯ аз нимаи аввали солҳои 70-уми садаи ХХ ба ин ҷониб бо муҳимтарин мақолаҳо дар ин риштаҳо аҳли завқ ва соҳиби маъниро ошно кардааст.
Вижагии умдаи мақолаҳои илмии Абдулманнон Насриддинов дар ҷусторҳои сухансанҷӣ, тарзу тариқи умдаи пажуҳиши адабиёт равшан шуда, усулан бо баҳрамандӣ аз имконияти мактабҳои пурбори омӯзиши адабиёт шакл гирифтаанд.
Яке аз фазилатҳои чашмраси навиштаҳои давраҳои аввал дар сабки баёни таълифоти илмист. Ин осор аз ҳар ҷиҳат имконияти васеъи забони илмии миллии моро баёнгар аст. Ин осор аз ҳар гуна ифодаҳои мураккаб ва печдарпечи илмӣ ва ҳам аз бархе услуби баёни сода дар пажуҳишҳои он замон дуранд ва дар ҳадди мобайни ин ду навъи навиштаҳо ҷойгоҳи мумтоз доранд.
Дар омади сухан ин нукта ҳам шояд қобили зикр аст, ки дар сабки унвонгузории Абдулманнон Насриддинов барои мақолаҳояш дар бисёр марҳалаи ҷусторҳояш оҳанги хоси гузориши суол ба кор рафта ва чунин ба назар мерасад, ки пажуҳандаи хушазм ин тарзи баёнро бештар барои тақвияти андешаҳои расои сухансанҷӣ ва ҳалли уқдаи муаммоҳои барои дарки ҷомеаи он замон арзишманд муҳим донистааст: «Гулистон»- ро чӣ гуна меомӯхтанд?» (1986), «Ёва» чӣ маънӣ дорад?» (1988), «Оё Фирдавсӣ достони «Юсуф ва Зулайхо» дорад?» (1989), «Балхи Бомӣ ё Балхи номӣ?» (1990), «Татбиқи қонуни забон чӣ гуна аст?» (1990), «Чаро «Тироз» гӯянд?» (2004), «Нашри нави «Намунаи адабиёти тоҷик» чӣ гуна бояд сурат бигирад?» (2005) баёнгари ҳамин навъи гузориши нуктаҳои нави ҳалталаби илмиянд, ки дар баррасӣ ва расидан ба кунҳу жарфову паҳнои ин қазияҳо муаллиф пажуҳандагӣ ба харҷ додааст.
Алоқамандии ӯ бо мавзуи шарҳнависӣ барои дар ҳалқаи зиёиёни пешрави тоҷик эътирофу нуфуз ёфтани ӯ низ хеле созгор будааст. Дар ин радиф ковишҳои илмии Абдулманнон Насриддинов бо ҷусторҳои маънавиятгароии донишманди зуфунун ва ноқиди номвар Муҳаммадҷон Шукуров ва дигар зиёиёни равшанзамир ҳамоҳангӣ доштааст. Инҳо, бешак, аввалин гузорандагони консепсияи маърифати ростини забон ва адабиёт дар он аҳди бозгашт ба арзишҳои маънавӣ буда, пояҳои аслии инсонгароии омӯзишу парвариши забону адабиёти миллии тавонманди моро дар он марҳалаи зисту зиндагии маънавии ҷомеаи тоҷикӣ бунёд ниҳодаанд.
Аз ҷумла, «Пайванди забон ва тафаккури бадеӣ» (Омӯзгор, 5-уми сентябри соли 1989) яке аз мақолаҳои консептуалии ин равшангари адаб ва забон аст, ки дидгоҳҳои хосу мумтоз ва арзишманду мунсифонаи ӯро дар бар мегирад. Мақола бо назардошти аҳаммияташ ба ҷилди дувуми маҷмуаи мақолаҳои «Дарси хештаншиносӣ» (Душанбе, 1991) низ ворид шудааст. Таъкиди ин матлабро барои он муҳим медонам, ки ин ду ҷилд китоб-маҷмуа бо фарорафти муаммои ҷиддиву усулии худшиносии миллӣ ва назариёти коркарди миллии тоҷикӣ дар он марҳалаи талошҳои зиёиён бояд мавриди гуфтугӯи ҷудогона қарор гирад. Дар ин ду маҷмуа зубдаи мақолаҳо ва андешаҳои якдасти зиёиёни пешқадами замон – аҳли таҳқиқи забон, адабиёт, таърих, фалсафа ва ғайра ҷамъоварӣ шуда ва ин навиштаҳо бунёди тарҳи консепсияи миллатсозӣ ва расидан ба ормонҳои миллиро дар нимаи дувуми солҳои 80-уми садаи ХХ мениҳанд.
Хуб, муаллиф пайванди забон ва тафаккури бадеиро дар ин мақола дар кадом нуктаҳои зарурӣ дида ва ба миён гузоштааст? Бори аввал ин ҷо муаллиф хостааст ин аслу ҳақиқатро бозгӯяд, ки «хирад ва тафаккури инсон нахустмояи ҳастии ӯст». Ҳам ӯ ин ҷо диққати аҳли замонаро бар ин нуктаи ҷолиб бурдан мехоҳад, ки чӣ бояд кард, то «пояи хирад заиф нашавад, бинои он рахна наёбад», зеро «агар дасти хирад болост, забон табоҳ нахоҳад шуд, агар хирад рӯйи кор аст, ифодагари он – забон низ рӯйи кор хоҳад буд».
Ба ин маънӣ дар мақола масъалаҳои меҳварии худшиносии адабӣ бо такя ба арзишҳои баланди инсонигариву маънавиятгароӣ ба миён ниҳода ва дар он муаллиф ин натиҷаи коромадро бо мӯйшикофӣ ва заррабинии ба худ хос вориди тафаккури маънавии насли замон кардааст, ки дар суннатҳои таълиму тадриси гузашта «барои мардуми мо тарбияи тафаккури бадеӣ ва, бад-ин васила, ба камолоти ақливу маънавӣ расидан воҷиб буд, зеро медонистанд, ки таҳсили тафаккури бадеӣ худ ба хазинаи забон роҳ ёфтан аст» (VII, с. 419).
Барои таҳлилгари усулии пайвандҳои суннатии забон ва тафаккури миллӣ ҳузури силсилаи бузурги маҳфилҳои адабӣ дар гузашта – монанди шоҳномахонӣ, бедилхонӣ, гулистонхонӣ, шабистонхонӣ ва ҳам «гармии бозори муаммогӯён ва шореҳони осори адабӣ» далели равшани короии дониши забонии гузаштагон ва вусъати тафаккури бадеии онон будааст. Ба хулосаи А. Насриддинов «мардум дар ин маҳфилҳо асрори маънӣ меомӯхтанд, а з т а с в и р о ти бадеӣ ба шавқ меомаданд, назокати забонро пай мебурданд, андешаашон болу пар меёфт ва, муҳимтар аз ҳама, тафаккури бадеии эшон шакл меёфт».
Дар идома барои исботи ин матлаби муҳим чанд нуктаи таърихӣ аз хусуси маҳфилҳои қиссагӯёну ровиёни «Шоҳнома» ва давраҳои алоҳидаи дӯстдорони Мирзо Бедил дар Мовароуннаҳр ба миён гузошта шуда, оид ба арзишу аҳаммияти ин мунозираҳои адабӣ дар дарки моҳияти «сайқалгари хирад ва фаросати абнои башар» будани шеър, ақлҳоро ба таҳрик овардани шеъри ноб, бурро шудани зеҳни одам ва раҳоӣ ёфтан аз касоди фаросат мулоҳизаҳои судманде баён ёфтаанд.
Чунин диди олимона дар бозгӯи тафаккури пешиниён ва бознамоии маърифати ростини гузашта дар он замони нуфузи худшиносии миллии тоҷикӣ арзиши баланд дошт.
Аксари мақолаҳои Абдулманнон Насриддинов дар ҳамон марҳалаи вусъати худшиносии адабӣ ҳамоно ба масъалаи меҳварии пажуҳиши ӯ – шарҳнигории адаби форсӣ-тоҷикӣ пайванд доранд ва аввалин маротиба бо ин мақолаҳои шарҳнигорона дар саҳифаҳои матбуоти миллии тоҷикӣ – «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», «Мактаби советӣ» («Маърифат»), «Илм ва ҳаёт» ва ғайра ошно мешавем, ки дар онҳо асли дарки ҳамаҷонибаи моҳияти шеъри классикии форсии тоҷикӣ ба арзи аҳли таҳқиқ ва хонанда расидааст. Таҳиягари «Куллиёти осор» «Калиди ганҷи сухан» ном навиштаеро аз ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (аз 24-уми июли соли 1986) «нахустин таҳқиқоти ҷиддии муаллиф дар мавзуи шарҳнигорӣ» дониста ва навиштааст, ки «шолудаи мактаби неруманди муаллиф дар мавриди шарҳнигорӣ ва маърифати адабиёт аз ҳамин солҳо рехта шудааст».
Ин аввалин навиштаи ҷомеи адабиётшиносии навини тоҷик оид ба тозагии гузориши мавзуи вазъи шарҳнависӣ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шохаҳои умдаи ин бахши аъзами тафаккури адабӣ, имконият ва нуфузи мактабҳои вижаи матншиносӣ ва нақди сухан, тавсифи ҷудогонаи осори марбут ба шарҳнигории гузаштагон, вижагӣ ва принсипҳои шарҳнависӣ буда ва ба доираи пажуҳиши илмӣ кашидани шарҳҳои осори классикиро муҳаққиқ дар замони афзоиши «вазифаҳои иҷтимоии адабиёти бадеӣ» ба дурустӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи адабиётшиносӣ ва фарҳангшиносӣ низ арзёбӣ кардааст.
Ба ин маънӣ, дар фосилаи солҳои 1986-1990 – нимаи дувуми солҳои 80-уми садаи ХХ мақолаҳои шарҳнигоронаи А. Насриддинов ҷузъи аслии худшиносии адабии тоҷикон ба ҳисоб рафтаанд, аз ҷумла ба мақоми мақолаҳое монанди «Гулистон»- ро чӣ тавр меомӯхтанд?» (1986), «Шарҳи «Гили хушбӯй» (1988), «Аз мақоми сеҳр то кайфияти эъҷоз» (1989), «Шарҳи як байти наврӯзӣ» (1990), «Усулҳои таҳқиқ ва тафсири каломи бадеӣ» (1990), ««Сайре дар гулгашти Саъдӣ ва хумхонаи Ҳофиз» (1990), «Маънии як байти машҳур» (1990), «Тафсир ва таълими як тимсоли адабӣ» (1990), «Тафсиргари калом» (1990), «Гузорише оид ба нахустбайти девони Ҳофиз» (1990), «Балхи Бомӣ ё Балхи номӣ?» (1990) маҳз аз ҳамин ҷиҳат бояд назар кард ва ба онҳо баҳои баланди холисона ва ноқидонаву саррофона дод.
Баробари муаррифии арзишу фазилатҳои осори шарҳнависӣ дар ин нигоштаҳо пажуҳишгари дақиқназар диққати аҳли замонаро ба асл ва бунмояи сифати таҳия ва таҳриру тасҳеҳи осори аҳли адаби классикӣ ҷалб карда, бо ин кор барои дар сатҳи комил ба нашр расидани силсилаи мероси адабии гузашта тарҳҳои ҷолиб ба миён гузоштааст.
Дар ҳамон мақолаи марбут ба пайванди забону тафаккури бадеӣ аз таҷрибаи шореҳони асили гузаштаи осори адабӣ қазияҳо ба миён оварда ва онро сазовори омӯзишу баҳрамандӣ медонад ва бо ин роҳ хостааст, то аслу моҳияти андешаи парвариши завқи маънишиносиву ҷаҳоншиносиро дар ниҳоди наслҳо ва мафкураи адабии замон ҷойгузин намояд. Ва ба ин муносибат хубу равишмандона талқин менамояд, ки танҳо бо ҳамин роҳ «ҳастии эшонро аз хирад ва маънавиёти олӣ оганда намоем ва муҳимтар аз ҳама онҳоро бо забони ниёкони хирадкешу инсонпарвар бипайвандем, то битавонанд ба дидагон ҳамаи он сарват бубинанд ва бо ақли хеш моҳияти он маърифат бинамоянд».
Дар ин мақола тарҳу пешниҳодҳои қобили таваҷҷуҳе дар боби усули таълими забон ва адабиёт дар шароити навин, хоса тарзи фарорафт дар дарки эҷодиёти нухбагони адабиёти гузашта ба миён гузошта шуда ва ба шеваи хос аз равишҳои таҳияву таснифи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ, ҳамзамон усули таълими ҳаёт ва эҷодиёти адиб дар мактаби миёна ва моҳияти фарогирии грамматикаи қолабии забони адабии тоҷик интиқод шудааст.
Ин ҷо боз метавон диққати хонандагони замони моро ба як силсила мақолаҳои дигари Абдулманнон Насриддинов ҷалб намуд, ки дар онҳо муаллим чеҳраҳои бузургони илму адабиёт ва фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ, шахсиятҳои фарҳехтаи хориҷ аз Тоҷикистон – Эрон, Ҳиндустон, Русия ва кишварҳои аврупоиро олимонаву ҳунармандона офаридааст. Танҳо ба номҳои мақолаҳо ва қаҳрамонони ӯ таваҷҷуҳ кардан басанда аст: «Хирад сарири ҳастии ӯст» – Шарифҷон Ҳусейнзода, «Ганҷи бозёфта» – Владимир Капранов, «Фарҳангсолор» – Юсуфҷон Салимов, «Ҷонпарвар аст суҳбати Арбоби маърифат» – Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, «Офтоби маърифатро нақл нест» – сӯгномае дар марги Лоиқ Шералӣ, «Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад» – Аннамери Шиммел, «Дарёи ҷон» – Ҳелмут Риттер, «Умре бо Ҳакими Қубодиёнӣ – Носири Хусрав» – Маҳдии Муҳаққиқ, «Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд» – Юсуфҷон Салимов, «Фотеҳи қуллаҳои баланди илм» – Носирҷон Салимӣ, «Ёде аз пири равшанзамир» – Ҳоҷӣ Муродии Хуҷандӣ, «Ҷумла олам сурату ҷон аст илм», «Лаҳни ҷонфазою бадеъ» – аз хусуси устодони фарҳехтаи Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, «Ту чун ёқути сурх андар миёна» – Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, «Бунёдгузори матншиносии равишманд» – Евгений Эдуардович Бертелс, «Раҳнаварди қаламрави хуршед» – Низомиддин Зоҳидӣ, «Анворе аз хуршеди маърифат» – Хуршеда Отахонова, «Китоб – миёнҷии мову устод» – Файзулло Абдуллозода, «Раҳнамои латоифи қуръонй ва нукоти ирфонӣ» – Расул Ҳодизода, «Фарзанди Хуҷанду Табрез» – Алиасғар Шеърдӯст, «Сухане чанд дар бораи муаллифи нома» – Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, «Признанная слава ученого» – Наталия Пригарина, «Соҳибназари соҳибназар» – Мирзо Аҳмадзода ва ғайра.
Шеваи офаридани махсусияти эҷоди илмиву адабии чеҳраҳои илму адаб дар ин нигоришҳо диққати моро бештар ҷалб мекунад. Масалан, дар мавриди Шарифҷон Ҳусейнзода ба ин як нукта диққат бурда, ки «набзи адабиёти имрӯзаро хуб эҳсос мекунад, бурду бохти онро дилсӯзона ба мизони андеша мегирад». Зимне ки аз як донишманди забоншинос ба андеша меравад, як ҳикмати хосеро ба миён меоварад: «Муҳаққиқ бояд дар уқёнуси илм ғавр кунад. Асли ҳодисоти забонӣ ва падидаҳои сухани дариро бояд аз қаъри асрҳои то мелод тафаҳҳус кунад». Дар боби Капранови луғатшиноси мутабаҳҳир ба мушкилоти назарраси кори луғатнигорӣ ишора мекунад ва ин далели хубу сараро ба арзи хонанда меоварад: «Луғати забони голландиро дар давоми 90 сол мураттаб кардаанд. В. И. дар болои луғати хеш 53 сол риёзат кашида» ва монанди ин.
Абдулманнон Насриддинов бо бисёре аз аҳли илм ва фарҳангиёни Тоҷикистон ва хориҷ аз он ошноӣ ва ҳамкорӣ дошта ва, аз ин рӯ, аз хони фазлу одобу ахлоқи шоистаи илмии онон чошнии зиёде бардоштааст. Ва ин боис шуда, ки ҳамзамон чеҳраи бисёре аз ононро ҳамчун «фариштае барои фарҳангиён ва кулли мардуми Тоҷикистон» боз намояд, бархе аз онҳоро дар он марҳалаи барои фарҳангиёни тоҷик нохушу ногувор ба ҳақиқат «нӯшдоруе бар ҷисми заифгаштаи фарҳанги бумии Тоҷикистон» бидонад ва бинависад: «Аз ҳикмат то шахсияти асил қадаме беш нест, агар қоим ояд, баъзан шахсиятҳо худ ҳикматанд».
Ба мақолаҳои Абдулманнон Насриддинов дар заминаи нақду осори адабӣ ва баррасии адабиёти муосири тоҷик низ бо дидгоҳҳои пурвусъат метавон рӯй овард, ки онҳо хеле ноқидона ва мӯйшикофона, бо салиқаи хоса ва баҳрамандона таълиф шудаанд: «Тахаллусҳои устод» (дар бораи устод Айнӣ, 1978), «Тафсири як калима» (боз хам аз хусуси устод Айнӣ, 1978), «Сайри гул» (дар бораи вожашиносии устод Айнӣ, 1978), «Айнӣ ва Хуҷанд» (1986), «Муқоисаи воҳидҳои фразеологии осори Раҳим Ҷалил бо фонди ибораҳои «Шамс- ул-луғот» (1979), «Устоди насри бадеӣ» (дар бораи Раҳим Ҷалил, 1979), «Анъанаи луғатсозӣ ва баъзе масъалаҳои фарҳанги назми Мирзо Турсунзода» (1981), «Чеҳрапардози сухан» (дар бораи Муҳиддин Аминзода, 1983), «Шоҳнома» дар коргоҳи шоир» (дар бораи Абулқосим Лоҳутӣ, 1987), «Номаи борон» (нақди китоби Адибаи Хуҷандӣ «Фарёди хотираҳо», 2005), «Дарахти мусмир дар канори Сир» (нақди шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ, 2006) ва даҳҳо дигар бо завқи бисёр рангин ва бо такя ба арзишҳои адабшиносии урфии классикӣ ва баҳраҳо аз нигаришҳои илмии муосир, ҳамзамон бо ба ҳам овардани таҷрибаҳои умдаи зиндагӣ ва олами адабшиносӣ ба миён омадаанд.
Ин нукта баёнгари он аст, ки ин устод ҳам «набзи адабиёти имрӯзро хуб эҳсос мекунад, ҳамаи бурду бохти онро дилсӯзона ба мизони андеша мегузорад».
Абдулманнони Насриддин бо такя ба равиши матншиносии муосир нақди матнро аз «муҳимтарин ва дақиқтарин ва ба як таъбир, илмитарин ва асилтарин ақсоми нақди адабӣ» (Абулҳусайни Зарринкӯб) ба ҳисоб оварда, бо фарорафт ба шохаи мумтози «нақди нақд» дар матншносӣ ба ҳаллу фасли муаммоҳои мубрами таърихи адабиёт дар гузашта ва имрӯз даст ёфтааст. Осораш дар заминаи матншиносии осори адабӣ ҳам ҳосили диққату мӯйшикофӣ дар шинохти ҷанбаҳои таърихиву назарии ин шохаи адабиётшиносӣ ва асолату ҷозибаҳои матнҳои адабии форсии тоҷикӣ аз давраи қадим то аҳди мост ва яке аз камтарин таҳқиқ дар заминаи нақди матнҳои адабӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ, садҳо мақолаву гузоришҳои илмиву пажуҳишии устоди зиндаёд, профессор Абдулманнон Насриддинов аз давраи аввали таълифоташ то ба охири умр дар қатори таълифоти олимону равшангарони пешсафи Тоҷикистон, бешакку шубҳа, ба сифати омили аслии вусъату густариши худшиносии миллии тоҷикон ва устувор шудани пояҳои сухансанҷии муосири тоҷик эътироф ёфтаанд…
Фикр мекунам, чунин нигарише ба ҷойгоҳи мақолаҳои арзишманди ин пажуҳандаи андешаманд бо гузориши ин чанд нуктаи шитобзадаи мо анҷомёфта нест, балки зарур он аст, ки бо қазовати густардаи чунин матлабҳои муҳимму мондагор раҳгузашти вижаи адабпажуҳии ӯро ба таври усулӣ идома диҳем.
Субҳони Аъзамзод