СУХАНРОНИИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН МЕҲМОН БАХТӢ ДАР АНҶУМАНИ 14-УМИ НАВИСАНДАГОН
Ҳамқаламони азиз!
Иштирокдорони муҳтарами Анҷуман!
Меҳмонони гиромӣ!
Хонумон ва ҷанобон!
Бо камоли эҳтиром ва мамнуният ҳамаи шуморо ба муносибати оғози кори Анҷумани 14-уми нависандагони Тоҷикистон табрик мегӯям ва умедворам, ки ҳар кадоме аз шумо барои пурсамар ва натиҷабахш сурат гирифтани кори анҷуман саҳм хоҳад гирифт.
Оре, ман беҳуда суханро аз табрик оғоз накардам. Зеро анҷумани нависандагон барои ҳар адиб пеш аз ҳама ид аст – мо дар анҷуман ба дидори ҳамдигар мерасем, дар бораи дастовардҳо ва камбудиҳои адабиётамон дар давраи аз анҷуман то анҷуман табодули назар мекунем, роҳҳову усулҳои бартараф намудани нуқсонҳо ва тақвият бахшидани падидаҳои дилхоҳи адабиро баррасӣ менамоем.
Шоистаи таъкид аст, ки Анҷумани 14-уми мо дар як вақт бо ҷашни 80-солагии таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад ва китоби таърихи ин 80 сол пур аз саҳифаҳои рангину дурахшон аст. Ном, кору пайкор ва мероси устодони бузург ва зиндаёдамон аллома Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзодаву Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзодаву ҷалол Икромӣ, Раҳим ҷалилу ғанӣ Абдулло, ҳаким Кариму ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзодаву Раҳим ҳошим, Аминҷон Шукӯҳиву ғаффор Мирзо, Пӯлод Толису Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шераливу Муҳаммадҷон Шакурӣ ва даҳҳо шоиру носир, дромнавису публитсист, мунаққиду мутарҷими дигар, ки номбурди ҳар кадоми онҳо дар ин гузориш аз имкон берун аст, вале ёдашон дар дилу дидаамон ҳамеша барҷост, дар саҳифаҳои китоби таърихи 80-солаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо хатти заррин сабт шудааст. ҳар кадоми мо, ки имрӯз ифтихори узвиятро ба Иттифоқи нависандагон дорем, ҳадди ақал қатрае аз баҳри ҳунару тафаккури онҳо нӯш кардаем. Ёдашон ба хайр!
Дӯстони азиз!
Мову шуморо насиб гардидааст, ки дар як давраи аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ тамоман нави давлатдории тоҷикон зиндагӣ ва кор мекунем. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ таърихи 24-сола дорад, аз мо низ иштироки фаъолонаро дар раванди сохтмони ҷанбаҳои гуногуни давлатдории навин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозо менамояд.