Сулҳи абадӣ ва ваҳдати башарӣ
Дар пайкори расидан ба сулҳи саросарӣ ва рушди босуботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ бозида, ҳамчун як роҳбари мардумӣ сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварданд ва ба ҳамин васила наҷоти давлат ва бақои миллатро таъмин намуданд.
Сарвари шуҷои кишвар ҳамон шабу рӯзҳо ҳеҷ иқдомеро олитар аз он тасаввур намекарданд. Воқеан, ҷасорат, ватандӯстӣ, масъулияти баланди вазифашиносӣ, садоқат ба ваҳдати миллӣ ва амсоли инҳо барин мушаххасоти ҳувиятӣ, шахсиятӣ, ахлоқӣ ва мудириятии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ҳаллу фасли таъҷилию саривақтии мушкилоти мавҷудаи сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва маданӣ гардиданд. Бо талошу ҷонфидоиҳои ин фарзанди сарсупурдаи миллат дар хонаҳои аз наҳсию касофатии як тӯда мансабталошу зархарид торикгаштаи мардум равзанаи умед намудор гар- дида, роҳи наҷот аз бунбасти ноумедӣ пайдо шуд.
Сарвари давлат маҳз дар ҳамин давра бо роҳандозии дурусти сиёсати дохилӣ ва дипломатияи байналмилалӣ, аз як сӯ, мардумро ба ваҳдати миллӣ даъват намуданд ва аз сӯи дигар, ҷомеаи ҷаҳониро ба афзалиятҳои хотимаи ҳарчи зудтари ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои минтақа мутақоид сохтанд.
Маҳз ҳамин сарандеша, ки муҳтавои барномаи корӣ — идорӣ ва ҳадафи стратегии Сарвари давлатро ташкил медод, минбаъд сарнавишти Эмомалӣ Раҳмонро рақам зад ва он касро миёни доираҳои сиёсӣ ва ҳавзаҳои мадании дохилию хориҷӣ минҳайси шахсияти матраҳи сиёсӣ ва лидери миллӣ муаррифӣ кард. Ҳанӯз 28-уми августи соли 1993, ки аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ нуҳ моҳу дувоздаҳ рӯз гузашта буд ва дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, Сарвари давлат бо мақсади таъмини сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ба хотири наҷоти ҳамватанон ва ба Ватан баргардондани онҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари расмӣ анҷом доданд. Сафаре, ки онро бадхоҳони миллати тоҷик интизор набуданд. Хушбахтона, ин сафарро расонаҳои хабарии ҷаҳон ҳамон вақт ҳамчун иқдоми ҷасурона ва қотеонаи сарвари ҷавони давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозтоб медоданд.
Пешвои муаззами миллат аз он рӯзҳо ёдовар шуда, 22-юми июли соли 2021 зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар чунин иброз доштанд:
«Ҳанӯз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, Президенти ҳамонвақтаи Афғонистон шодравон профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд бо вуҷуди он, ки дар қаламрави Афғонистон низ ҷангҳои шадид ҷараён доштанд, моҳи августи соли 1993 дар шаҳри Кобул барои баргузории сулҳи тоҷикон шароити мусоид фароҳам сохтанд ва моҳи декабри соли 1996 дар мавзеи Хосдеҳи вилояти Тахор бори дуюм низ чунин мусоидати бародаронаро анҷом доданд. Онҳо ба хотири сулҳ дар Тоҷикистон миёнҷигарӣ карданд, ки дар натиҷаи ин иқдом дар раванди музокироти мо гардиши куллӣ ба вуқуъ омад ва тақдири сулҳи тоҷикон асосан ҳал гардид. Яъне, шахсиятҳои барҷастаи Афғонистон вазифа ва дайни бародариву ҳамсоядории худро дар сатҳи баланд адо карданд, ки мо ин амали хайри онҳоро ҳамеша пос медорем».
Дар ҳақиқат, хидмати давлатмардони замон устод Бурҳониддини Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон, истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари азизи мо бузург аст. Ин аст, ки хидматҳои шоиста ва саҳмгузории самимонаи ин ду шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғони- стонро ба инобат гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонданд ва тавассути ин навъ қадрдонӣ исми ин ду абармарди ҳамзабону ҳамфарҳанги моро дар сафаҳоти таърихи навини миллат абадан сабт намуданд.
Ҳамин тавр, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала ҳамаи гурезаҳои тоҷики қаламрави Афғонистон ва кишварҳои дигар, ки теъдодашон наздик ба як миллион нафар буд, ба макони зисти доимиашон баргаштанд. Музокироти байни тоҷикон, ки 5-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав шуруъ шуда буд, 27-уми июни соли 1997 дар ҳамин шаҳр анҷом ёфт. Ниҳоят ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, самара доданд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи басо пурихтилофи муноқишаҳои дохилии кишварро анҷом бахшида, ба оғози давраи нави таърихӣ асос гузошт.
Пешвои миллати мо пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллӣ мебошанд, ки аз он кас ҳамчун шахсияти таърихӣ натанҳо тоҷикон, балки роҳбарони соири кишварҳо, сиёсатмадорони машҳур ва чеҳраҳои саршиноси ҷаҳони мутамаддин ифтихор менамоянд ва дӯст медоранд.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон ва хидматҳои беназири Сарвари моро ситоиш намуда, зикр менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи сиёсати байналмилалӣ буда, дар байни сиёсатмадорони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Натиҷаи ибтикороти созандаи ӯ ба он анҷомид, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор гардида, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакати чунин вазъияти муташан- ниҷро пасисаркарда дида намешавад. Бо шарофати муҳаббати фарогир ба тамоми хонадони умумиинсонӣ Пешвои миллати мо натанҳо дар мавриди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон, балки вобаста ба масоили Афғонистони дӯст ва бародар ҳамеша расидагӣ мекунанд ва ҳалли мусолиматомези қазияро хосторанд. Аз тарафи дигар, идомаи бесуботиҳо дар ин кишвар, баъд аз ҳузури хеле тӯлонии низомиёни хориҷӣ, бори дигар моро ба таърихи муқовимати дохилисиёсии Тоҷикистон бармегардонад, ки дар садри барқарории сулҳу суботи бунёдӣ ва ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд.
Ба назари мо, барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои даҳшатбори он, аҳаммияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад. Зеро ҳанӯз ҳам на ҳамаи ҳамватанони мо бохабар аз онанд, ки душманони дохилию хориҷиамон солҳо бо суиистифода аз ноаҳлӣ ва нотифоқии мо ба умури дохилии кишварамон ба таври ошкоро ва бе ҳеҷ гуна истиҳола дахолат мекарданд. Онҳо то ба имрӯз аз ниятҳои бад ва нопоки худ даст накашидаанд ва бо ҳидояту дастгирии хоҷагонашон кӯшиши ноором кардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишварро дар сар доранд, ки мо инро дар мисоли воқеаҳои ахири Бадахшон ба мушоҳида гирифтем.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар мабнои таҷрибаи сиёсию таърихӣ дар роҳандозии муваффақонаи барнома ва аҳдофи стратегии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузорад. Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Ин нуктаи меҳварӣ, ки ҳамеша дар суханрониҳои Сарвари давлат ҳадафмандона ироа мегарданд, бояд сармашқи кору фаъолияти рӯзмарраи идорӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҳар кадоми мо қарор бигирад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем то ба сатҳи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ рушд кунем ва миёни аҳли башар мақом ва ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем.
Дилором НАИМЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ