СУЛТОН СОБИР

 СУЛТОН СОБИР

СОБИР СУЛТОН 9 майи соли 1934 дар деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 Донишкадаи давлатии омӯзгории душанберо хатм карда, солҳои 1958-1962 ходими рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1962-1963 муҳаррири Нашриёти адабиёти таълимию педагогӣ, аз соли 1963 то нафақа баромадан ходими адабии Сарредаксияи гуфторҳои мусиқии Кумитаи давлатии садо ва симои ҷумҳурӣ будааст.

Шеърҳои аввалинаш солҳои 50-уми асри гузашта ба табъ расидаанд. Минбаъда маҷмӯаҳои ашъораш «Субҳи умед» (1973), «Чӯпонбача» (1978), «Таронаи дил» (1983), «Ошёни меҳр» (1986), «Кӯҳи мурод» (1993), «Паёми Хуршед» (2003) ва «Парвози суруд» (2009) ва ғ. чоп шудаанд.

 Мавзӯи ашъораш тараннуми муқаддасоти Ватан, азамати дӯстии халқҳо, самараи эҷоду меҳнат ва ишқу ҷавонӣ мебошанд.

Шоири таронасарои мумтозест, ки дар давоми панҷоҳ соли охир матни садҳо суруди шуҳратёфтаро ба қалам овардааст. Аз ҷумла, матну оҳанги 40 суруди ба хазинаи тилойии Радиои тоҷик воридшудаи ӯро бастакор Амирбеки Мӯсо дар китоби «Парвози суруд» (2009) ба табъ расондаанд.

Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо