СОҲИБНАЗАР
Ба муносибати 70-солагии профессор Абдушукури Абдусаттор
Банда Абдушукури Абдусатторро хуб мешинохт, зеро мо дар як маҳаллаи як шаҳр калон шудаем. Ӯ дар син ду сол аз ман калонтар буд. Ёд дорам, ҳангоми дар мактаби ба номи Наримонови (ҳозира Ш. Ҳусейнзода) шаҳри Конибодом хонданаш ангуштнамо буд ва дар байни муаллимону шогирдон эътибор дошт, аъло мехонд. Вай аз соири ҳамсабақон бо зеҳни гирову хисоли некаш фарқ мекард. Табиатан батамкин, камсухан, вале хеле бағайрат ва пурмутолиа буд. Омӯзгорони забардаст М. Сайфизода, О. Маннонов, А. Абдурраҳмонов, Д. Ализода, Р. Иномҷонова ва дигарон ӯро борҳо ба ҳайси талабаи фаъолу ҷӯяндаву хушодоб барои дигарон намунаи ибрат нишон медоданд. Дар воқеъ, кунҷковӣ ва ба ин васила ба кунҳи масоили фанҳои гуногун расидан дар ниҳодаш фитрӣ буд. Ин сифат ва махсусан тамкин ва сабру таҳаммул нисбат ба пешомадҳои рӯзгорро аз падари бузургвораш амаки Абдусаттор ба ирс гирифта буд. Падари илмдӯст, некбин ва порсо мехост, ки фарзандаш хӯшачини илми ниёгон бошад. Натиҷа ин шуд, ки тадриҷан дар дили Абдушукур муҳаббат ба адабиёт маъво гирифт, оҳиста-оҳиста табъи шеъргӯӣ ҳам пайдо кард. Аз синфи ҳаштум сар карда, дар рӯзномаи шаҳрии “Машъали коммунизм” (ҳозира “Садои Конибодом”) бо тахаллуси Беҳрӯз шеърҳояш нашр мешуданд. Аввал ашъори ҳаҷвӣ менавишт ва камбудҳои дар ҷомеа ҷойдоштаро зери тозиёнаи танқид мегирифт. Вале баъдтар ба рубоисароӣ машғул шуд ва ин корро то охири умр идома дод.
Дар кори эҷоди адабӣ дасти ӯро шоири маҳаллӣ Музаффар Азимӣ, ки корманди ҳамин рӯзнома буд, рост кардааст.
Абдушукур соатҳои дароз метавонист пушти мизи корӣ биншинад ва кор кунад. Бояд гӯям, ки ӯ то рӯзҳои охирини ҳаёташ чунин сифатҳоро дошт.
Рағбати зиёде, ки ба омӯхтани забони арабӣ дошт, Абдушукурро пас аз хатми мактаб (1971) ба шуъбаи арабии факултети забонҳои Шарқи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) овард. Он вақтҳо ба ин шуъба шомили таҳсил шудан хеле душвор буд, зеро довталабони он аз ҳама бештар буданд. Абдушукур, ки барномаи таълимии мактаби миёнаро мукаммал медонист, бидуни дастгирии касе дар зумраи аввалинҳо ба ин шуъбаи он замон овозадор дохил шуд. Дар ин боргоҳи илм аз устодони забардасти забони арабӣ Ҳасан Иброҳими Наққош, Владимир Павлович Демидчик, Матин Шарифович Ҳусейнзода, Фарҳод Деҳотӣ, Саидраҳмон Сулаймонов ва устодони адабиёти тоҷик Раҳим Мусулмонқулов, Назира Қаҳҳорова ва дигарон баҳраҳо бардошт ва ба хизонаи пурсарвати забону адаби арабию тоҷикӣ дастёбӣ пайдо кард. Бахусус дарсҳои Ҳасан Иброҳими Наққош дар азхуд намудани забони арабӣ барояш муассир воқеъ мешуданд.
Азбаски омӯхтани забон барояш осон даст медод, бештар ба фалсафа ва донишҳои фалсафӣ дода шуд. Фикр мекунам, агар аз устодони файласуф яке ӯро даст мегирифту ба таҳқиқи мавзуъҳои фалсафӣ ҳидоят мекард, қаҳрамони қиссаи мо имрӯз аз файласуфони номдори ҷумҳурӣ мешуд. Аммо чунин касе пайдо нашуд ё худаш майли бештар нишон надод. Ба ҳар тақдир, пас аз хатми донишгоҳ аз ҳавзаи илмӣ берун монд.
Абдушукур тибқи роҳхати донишгоҳ, муддате дар мактаби миёнаи № 54 –и ноҳияи Ҳисор ба омӯзгорӣ пардохт. Баъдан, муддати ду сол дар зодгоҳаш омӯзгорӣ кард ва дар айни вақт дар рӯзномаи шаҳрӣ фаъолият дошт. Шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ-танқидиаш зери рубрикаи “Бигиз”-и рӯзномаи мазкур зуд-зуд ба чоп мерасиданд.
Соли 1979 Басир Расо – сармуҳаррири “Хорпуштак”, ӯро барои кор ба маҷаллаи мазкур хост. Мавсуф ба кор қабул шуд ва бо хонаводааш ба Душанбе кӯчид. Хабару мақола ва шеърҳои ӯ дар маҷаллаҳои “Хорпуштак”, “Машъал”, рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Пионери Тоҷикистон, “Маориф ва маданият” ва ғайра интишор меёфтанд.
Тули солҳои 1983-1985 Абдушукур дар Ҷумҳурии Ироқ тарҷумонӣ кард ва ба тақозои вазифа забондонии худро хеле сайқал дод.
Пас аз бозгашт ба Душанбе ӯ фаъолияти худро дар маркази методии Хонаи эҷодиёти халқи Вазорати фарҳанги РСС Тоҷикистон идома дод.
Соли 1989 дар ҳаёти А. Абдусаттор тағйироти куллӣ рух дод. Ӯ худро пурра ба корҳои илмӣ бахшид. Ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳоло ба номи С. Айнӣ) дохил шуд. Акнун ӯ дар ҷое, ки худаш мехост, қарор гирифта буд. Бо роҳбарии профессор Наҷмӣ Сайфиев дар мавзуи “Ташаккул ва таҳаввули рубоӣ дар адабиёти асрҳои X-XV форсу тоҷик” рисолаи номзадӣ навишт ва дар соли 1994 дар Шурои диссертатсионии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон онро дифоъ намуд. Ба ин васила ӯ дар миёни аҳли илму адаб ба ҳайси муҳаққиқи адабиёт расман шинохта шуд.
Дар соли 1994 Абдушукури Абдусаттор ба кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) ба кор омад. Ӯ дар таърихи кафедраи мазкур аввалин мутахассиси адабиёти тоҷик гардид, ки ҳамзамон ихтисосманди забону адабиёти арабӣ ҳам буд. Он вақт устоди асили адабиёт, профессори зиндаёд Худоӣ Шарифзода мудирии кафедраро ба уҳда дошт. Тайи андак замоне устод Худоӣ Шарифзода дар шахси А. Абдусаттор натанҳо як марди арабидон, балки муҳаққиқи неруманду ҷӯяндаеро барои худ кашф кард. Биноан, устоди мазкур А. Абдусатторро ба таҳқиқи мавзуъҳои адабиёти тоҷик бо назардошти авомили арабӣ ва арабият ҷалб намуд. Кор ба ҷое расид, ки А. Абдусаттор бо раҳнамоии устоди мазкур дар мавзуи «Таъсири адабиёти араб ба шеъри асри XI форсу тоҷик (аҳди Ғазнавиёни аввал)» рисолаи докторӣ омода кард ва сарфи назар аз мушкилоти моддӣ онро 19 декабри соли 2002 дар Шурои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият дифоъ кард. Ин рисола кори хеле гаронқадр ва ҷамъбастии илмӣ буд. Касоне, ки то ин вақт доир ба паҳлуҳои ин мавзуъ чизҳое навишта буданд, аз салоҳияти комили илмӣ бархурдор набуданд. Азбаски А. Абдусаттор донишманди забон ва адабиёти араб ҳам ҳаст, ба ин масъалаи муҳим ғавр карда, муаммоҳои марбути онро ихтисосмандона ҳаллу фасл намуд ва хулосаҳои дақиқи илмиро аз мавзуъ маҳз ӯ берун кашид. Бинобар ин, кори анҷомдодаи Абдушукури Абдусаттор илми адабиётшиносии имрӯзии моро аз ҳар ҷиҳат пурбортар гардонид. Ин кори илмии А. Абдусаттор самараи таҳқиқоти пайгирона ва мудовими ӯ буда, натиҷаҳои он дар ин самти адабиётшиносӣ дастоварди тоза дониста шудааст. Ҳамаи мутахассисон бар онанд, ки мавсуф дар таъйини таркибу тамзиҷи адабиёти Арабу Аҷам ва сабабу натиҷаҳои он тавфиқ ёфтааст, зеро натанҳо ба зоҳир, балки ба ботини падидаҳои адабии давр, яъне мушаххасоти зотии адабиёти ин ду миллат тавонистааст назар андозад. Яке аз натиҷаҳои таъсири мусбати адабиёти араб ба адабиёти форсу тоҷик дар он дониста шуда, ки ба ин васила шеъри форсӣ аз нигоҳи шакл ва афзори ҳунарии ифода ва тасвири бадеӣ худро рангинии бештар бахшид.
Ҳамчунин шеъри форсӣ майдони ҷаҳони андеша барои шоирон вусъати дигар пайдо кард. Дар навбати худ дарки мазомини адабиёти форсӣ дар ҳавзаҳои адабиёти арабӣ муҷиби ҳамгунию таҷониси тафаккури бадеӣ ва ғановати маъниҳо гардид.
Лозим ба зикр аст, ки Абдушукури Абдусаттор дар таҳқиқи рубоии аҳди классикии тоҷик саҳми боризе дорад. Ӯ минбаъд низ доир ба тарафҳои гуногуни масъалаи рубоӣ, пайдоиш ва рушди он чандин мақолаи арзишманд навишта, сайри ин қолаби шеъриро чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз лиҳози мундариҷаи ғоявӣ ба таври аҳсан таҳқиқ кард ва муҳимтарин мушаххасоти адабии онро муайян намуд. Натиҷаи чунин таҳқиқоташро (соли 2017) дар шакли монографияи илмӣ низ чоп кард.
Барои аҳли кафедраи мо, ки шарафи бо профессор Абдушукури Абдусаттор якҷо кор карданро доштем, ӯ луғати зиндаи забони арабӣ буд. Ҳамаи мо ҳангоми бархӯрд бо калимаҳои номаънуси арабӣ зуд ба ӯ муроҷиат мекардем ва ӯ фавран маънии ин гуна вожаҳоро тавзеҳ медод. Аммо инро ҳам бояд гӯем, ки имрӯз арабидонҳо дар ҷумҳурии мо кам нестанд, мутаассифона, на ҳамаи онҳо қобилияти таҳқиқи адабиётшиносиро доранд. Устод А. Абдусаттор ба зумраи арабидонҳои адабиётшиноси касбии тоҷик, ки теъдодашон ангуштшумор аст (аз қабили Тоҷиддин Мардонӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, Абдулло Юлдошев…), шомил мебошад.
Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки илми адабиётшиносӣ мисли ҳамаи улуми дигар ба шуъбаву шуъбачаҳо ва шохаву шохачаҳои хеле зиёд тақсим шудааст. Дар чунин шароит кас наметавонад дар тамоми самтҳои улуми адабӣ содиқона таҳқиқот бурда, кори мондагоре анҷом дода битавонад. Ҳар қадар соҳати пажуҳиши олим маҳдудтар бошад, таҳқиқи ӯ ҳамон қадар амиқтар ва натиҷаи кораш пурбортар хоҳад шуд. Масалан, дар кафедраи мо профессор Урватулло Тоиров дар илми арӯз иҳотаи комил дорад ва дар ин самти таҳқиқ ҳарфи ахирро ӯ мегӯяд. Ё устод Худоӣ Шарифзода назарияпардози мумтозе буд ва азбаски дар назариёти адабӣ тасаллути комил дошт, он донишҳоро ба масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт пайваста, таҳқиқоти ҷолиб анҷом медод. Ҳамин тавр ҳар як устоди кафедраи мо дар риштае аз илми суханшиносӣ ихтисос дорад. Агар пурсида шавад, ки Абдушукури Абдусаттор дар кадом бахши адабиётшиносӣ мутахассис аст, ҷавоб ин аст, ки ӯ дар пайвандҳои адабии Арабу Аҷам комёбтар буд ва қазоватҳои ӯ дар ин замина салоҳиятмандона буданд. Аз ҷумла, ӯ китоби таълимии “Таърихи адабиёти араб”-ро дар ду китоб (2009; 2010) навишт. Ҳамчунин асарҳои илмие, аз қабили «Фазоили Қуръон» (1990), «Руъяти Қуръон дар шеър» (1997), «Арабият ва адабиёти аҳди Сомониён» (2011), “Фарҳанги арабӣ ва адабиёти аҳди Ғазнавӣ” (2015), «Равобити адабии Арабу Аҷам дар асри XI» (2004) ва ғайра падидаҳои тозаи илмӣ дар соҳаи адабиётшиносии тоҷик мебошанд. Профессор А. Абдусаттор як силсила осори классикии моро ба ҳуруфи имрӯзаи тоҷикӣ баргардон кардааст. Инҳо “Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ”, “Ашъори ҳакимон ва орифон” (бо ҳамкории проф. Х. Шарифзода), “Таърихи Систон” (бо ҳамқаламии М. Имомзода), тазкираи “Калимот-уш- шуаро”-и Муҳаммадафзали Сархуш ва ғайра мебошанд. Аз корҳои охирини профессор А. Абдусаттор аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷумаи китоби “Назарияи тарҷума”-и Д. Комиссаров мебошад, ки он дар соли 2021 ба дасти хонандагон расидааст.
Мавсуф рӯйи мавзуъҳои гуногуни адабиёти муосири тоҷик ва эҷодиёти намояндагони алоҳидаи он низ корҳои илмии баарзиш анҷом додааст. Китоби “Ҷилои ситораҳо” бо ҳамкории профессор Х. Шарифзода ва мақолаҳои “Асрори шеъри марғуб”, “Ташнаи шеъри шоирона”, “Сирати суханвар ва сиришти сухан”, “Дирӯзу имрӯзи адабиёт” ва амсоли инҳо дар бораи масъалаҳои назму насри муосири тоҷик баҳс мекунанд. Ҳамин аст, ки А. Абдусаттор дар соли 2000 ба сифати мунаққид ва адабиётшинос ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд ва аз соли 2001 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ мебошад.
Саҳми А. Абдусаттор ба ҳайси адабиётшиноси соҳибназар дар тарбияи кадрҳои илмии дараҷаи илмидор низ калон аст. Ҳудуди 20 нафар мусофири водии илмро раҳнамоӣ карда, ба кӯйи мурод расонидааст.
Ӯ мусаллаҳ бо донишҳои арабӣ ва назариёти адабӣ бо ҳиммат ва ҳавсалаи тамом бо корҳои тадрис ва таҳқиқ машғул буд. Абдушукури Абдусаттор ба шогирдони факултетҳои филология, забонҳои Шарқ ва рӯзноманигорӣ аз таърихи адабиёти классикии тоҷик, балоғат ва суханварӣ, таъсири мутақобилаи адабиёти Арабу Аҷам ва дигар мавзуъҳои марбут ба таърихи адабиёти форсу тоҷик дарс мегуфт. Ӯ дар таҳияи дастуру барномаҳои таълимӣ фаъолона иштирок дошт. Ба сифати омӯзгор ҷадал дошт тамоми неруи худро ҷиҳати тарбияи мутахассисони асили илму маориф равона намояд. Гоҳо аз он дилгир мешуд, ки баъзе ҷавонони ба истилоҳ донишҷӯ дар ҳазми барномаҳои таълимӣ кӯшо нестанд, эҳсоси масъулият надоранд ва нисбат ба ояндаи худ беэътино ҳастанд.
Вақтҳои охир ӯ мехост рӯйи масъалаҳои то ҳол хеле кам таҳқиқшуда, яъне, адабиёти ирфонӣ машғул шуда, як силсила тадқиқот анҷом бидиҳад. Афсус, ки ин донишманди соҳибфикри нуктасанҷ ва, муҳимтар аз ҳама, инсони хайрхоҳи ҳама ва дӯсти шафиқи мо дар айни камолот соли 2019 ин дунёи фониро тарк кард. Имрӯз, агар зинда мебуд, 70-солагиашро дар ҳалқаи пайвандону дӯстон таҷлил мекард. Ёди некаш ҷовидон обод бод.
Бадриддин Мақсудзода,
профессор