Сорбон. Аз «Мағзреза»

БИСТАРИ МАРГ

Пиразан рӯйи  бистар хобида, чанд бор лабонашро бо оби забон нам карда, сари вазнину гаронашро сӯйи нишасти мард тоб дод, то чизе бигӯяд, магар сухан гаронӣ мекард ё гуфта наметавонист, ки миёни абрӯяш гиреҳ зада, чин дар пешониаш ҷӯя мебаст ва пуралам нафас мебаровард: «Мардак, аз гуноҳам гузаред…»

Паст буд ин ҳарфи нафасӣ. Аммо барои мард аз садои бомба ҳам сахттар ва баландтар. Чизе нагуфт. Ба андеша рафт. Аз тиреза берун нигарист ва дар дил пурсид: «Чӣ гуноҳе бошад?»

– Мардаак!

Боз садо набаровард пирмард ва тамоми зиндагии якҷояву ноҷояашонро пеши назар овард. Лек садо набаровард.

– Мардак, аз гуноҳам гузаред, мегӯм…

– Ман гуноҳи туро намедонам.

– Медонед! Ҳамаашро хубтар аз ман медонед…

– Бигӯй, то ба ёдам ояд!

– Ман як бор Шуморо «ту!» гуфта будам.

– Ин чӣ ҷойи узрпурсӣ дорад? Ту Худои худро «Ту!» мегӯӣ, маро чаро «шумо» гӯйӣ? Гузаштам!

– Як бори дигар «Мур!» гуфтам.

– Кошкӣ мемурдам!… Бахшидам!

Зан дуру дароз хомӯш монд. Ҳайрон буд аз посухи мард ва андеша дошт, узри дигарро пурсад ё на?

– Мардак?!

– Ҳа.

– Гуфта наметавонам…

Ва хомӯшии дуру дароз шуд. Пирмард гумон кард, ки хобаш бурд. Низ хомӯш монд ва андеша дошт, ки аз донистаҳои ӯ кадомашро мегуфта бошад. Садои сахт омад, гарчӣ ӯ оҳиста мегуфт:

– Ман шумоя сахт ранҷондагӣ: Як матои ҷир-ҷир буд, чӣ буд? Дар тани занҳо пайдо шуд. Ҳавас кардам, ки ман ҳам аз ҳамон курта пӯшам. Аз шумо хоҳиш кардам, ки як либос бихаред. «Пул надорам» гуфтед. Ман бовар накарда, боз илтимос кардам. «Пул надорам!» гуфтед. Бори сеюм зорӣ кардам.

«Пул надорам!» гуфтед. Ман сахт асабӣ шудам, ки дурӯғ мегӯед ва дилатон ба пул намешавад. Қариб буд сарам кафад:

«Ким-чӣ деҳу бихар!» гуфтам… Хомӯш мондед, ҳозира барин. Дигар мард мешуд, рост чок мекард ё ҷавобамро медод.

– Мо аз ҳамон лаҳза ҷудо будем.

– Лекин дар як хона зиндагӣ мекардем.

– Ба хотири фарзандон. «Хор нашаванд, як кас бепадар нагӯяд» андеша мекардам.

– Як бори дигар ман аз номи зани ҳамсоя гуфтам: «Мегӯяд, ки чӣ коре шавҳарам кунад, ман ҳам мекунам!» Шумо зуд гуфтед, ки ин гапи зани ҳамсоя не, гапи худи ту!» Рост, гапи худи ман буд. Ман хафаву ғамгин мегаштам. Зани ҳамсоя гуфт, ки «биё, ба кор даро». Ман аз шумо напурсида, коргар шудам. Баъд он зан ҳар коре, ки мекард, ба ман ҳам ёд медод…

Хомӯшии гарон ба миён омад.

Пирзан боз садои паст баровард: «Об…»… «Пуф…»

БОҶӮРАБОЙ

Боҷӯрабой дар умраш ба андозаи пояш кафш напӯшидааст. Зеро ӯ ягон бор аз мағоза ё бозор пойафзор нахаридааст, ки ба пояш чен карда бошад. Ҳама умр куҳнаи касеро мепӯшид, ки калон, гарон ва кушодгашта буд. Аз ин рӯ он пойафзорро бардошта, пой пеш намеандохт, балки кашола мекард; чун лижаронон, ки лижаи зери пояшонро набардошта, сойида ба барф роҳ мераванд, ӯ низ пойафзори кушоду гаронро ба замин сойида қадам пеш мебурд. Шояд таъсири чунин роҳгардӣ бошад, ки қоматаш хамида ва монанди хирси роми дар танаш либоси одамӣ пӯшонида, дастонаш баробар ба пеш; беҳаракат дошта, тахтапушташ андаке кӯз роҳ мерафт. Такаббур, ғурур ва даст партофта рафтанро намедонист.

Суду зиёнро ҳам намедонист. Ҳамин қадар медонист, ки аз хоб хеста дасту рӯй бояд шуст ва ба хидмати ягон кас бояд расид. Зеро дар хонае, ки ба номи ӯ аз гузаштагон мондааст, ягон кори мекардагӣ нест: молу ҳол нест, кишту кор нест, ягон кас нест, дуду алоб ҳам нест; баъзан чароғ ҳам нест; зеро умри ӯ дар хидмати дари мардум мегузарад. Ӯро касе маҷбур намекунад, ки ба дари ӯ омада кор кунад, балки худаш фаҳмида, дониста меравад, ки ёрмандӣ кунад. Ва барои кораш ягон музд ҳам намегирад. Худашон дониста ягон чиз, ё либоси куҳна диҳанд, мегирад; хандида завқ карда мегирад.

Хандон аз он даргоҳ баромада меравад. Баъзан эълон ҳам мекунад, ки акнун ба хонаи фулонӣ меравад, маърака дорад.

Аз ин ҷо ба он ҷо расида, хобаш мегирад ва дар ҳамон ҷо шабро рӯз мекунад ё ошпазу чойҷӯшон бедораш мекунанд, ки вақт шуд. Ӯ медонад чӣ кор карданро: Оташ меафрӯзад – гӯлахӣ; об мекашонад аз рӯдбор; ҳезум мешиканад; оташи самоворро мегиронад; чой дам мекунад. Дар фаслҳои гарм бо шавқу завқ мегузаронад маъракаро; хастагӣ ва мондашавиро намедонад. Механдад. Ягон сухани ноҷо гӯянд ҳам, иллату сарзаниш кунанд ҳам, ҳарфи нек пиндошта «билло ҳа!» мегӯяд ва механдад. Одами ба ғазаб омада ҳам рафтору гуфтори ӯро дида завқ мебарад. Аммо дар зимистон андаке кораш вазнинтар мешавад, зеро либосаш тунук, пойафзораш дарида ё ноҳинҷор; барои сармо мувофиқ нест. Валек парвои ин чизро надорад; тиҳипой ҳам он корҳоро иҷро мекунад ва ба Худо шикоят намебарад. Ин барои онҳое сахту мушкил метобад, ки аҳволу азоби ӯро мебинанд: дар яхбандиҳо табар бурда яхи ҷӯйборро шикаста, дусатила об мекашонад ва ҳамин ки назди оташи дегдон омад, ҳис мекунад, ки сармо кашидааст ва кафи дасташро ҷониби оташи фурӯзони дегдони заминакӣ медорад. Сонӣ рӯйи кундае нишаста, кафи пояшро низ медорад ва андаке гарм, ки шуд: «хунук хӯрдам» мегӯяд. Баъзеҳо механданд ба чунин хунукхӯрии ӯ, ки гарм шуда, хунук мехӯрад; бархе дар дил хун гириста, чизе гуфта наметавонанд. Ягон-ягон дилашон обмехӯрдагиҳо барои дилдорӣ ё ҳаваси ӯро овардан мепурсанд: «Боҷӯрабой, тӯй кай?» «Баъди ҳамин маърака!» ҷавоб мегӯяд ва завқ мебарад. Синни ӯ ба ҳафтод расидааст. Сол намешуморад. Валек ҷавобаш чунин.

Тобистонҳо ба лой мезанандаш; ҳар куҷо ҳашар бошад, ӯ ҳозир. Омӯхта шудааст бо корҳову тарзи зиндагии куҳна.

Дар замони нав одамон ба қадами гузоштаашон пул мехоҳанд. Ӯ ба маънии ин чиз сарфаҳм намеравад. Диҳанд, мегирад; дурудароз ба он чиз менигарад «билло ҳа» мегӯяду завқ мебарад ва касе намефаҳмад, ки чи мегӯяд; шояд худаш ҳам нафаҳмад, ки завқу ҳарфаш чи маънӣ дорад; агар мефаҳмид, шояд мегуфт. Шояд мегуфт, ки ӯ чи андеша дорад дар рӯзгори мо ва чаро ин қадар ба боло менигарад дар танҳоиҳо, вале миёни мардум касе надидааст, ки ӯ сар боло карда бошад; гӯё ҳама умр аз замин, аз роҳи пеши пояш чизе меҷӯяд. «Боҷӯрабой!» ин садоро шунида, таққӣ дар ҷояш меистад ва ё пойафзори вазнину гаронаш тормоз дорад, ки зуд қарор мегирад ва ӯ оҳиста сар тофта, сӯи овоз менигарад, то андешаҳояш аз сар напаранд. Баъд он одамро шиносад, хандида бо сар ишора мекунад: «Чӣ мегӯӣ?» Нашиносад, беҷавоб боз роҳашро идома медиҳад. Пойафзораш заминро харошида-харошида меравад. Танаш пешравтар аз пойҳояш; гӯё танаш аспу пойҳояш ароба. Ба назар, на пояш барад танро, бал тан кашад пойҳояшро.

Кас рафтору кирдори ӯро дидаву мушоҳида карда, пиндорад, ки дунё танҳо барои Боҷӯрабой барин касон сохта шудааст, ки дар бораи он фикру андеша накарда, умр ба сар баранд…

ҲАР ЛАҲЗА МЕКУШАНД, БОЗ ЗИНДА МЕШАВЕМ

Модар даромад ба хона, ки духтараш гиря дорад. Чунон гиряи ҳиқчоқдор, ки ба сад «чӣ шуду чаро гиря мекунӣ?» гуфтани модар посух дода наметавонист, балки баландтар мегирист ва ғалтанак мерафт.

– Чаро? Чаро? Бигӯй, ки чаро гиря мекунӣ?

– А… А… А… Ама… ама… амакам… ро…

– Чӣ амакатро?

– Ку… кушшш…

– Куштанд?

– Ҳҳа…

– Кӣ гуфт?

Сар ҷунбонд духтар:

– Ди… ди-дам.

– Дидӣ?

– Ҳҳа.

– Дар куҷо?

Гуфта натавонист ӯ. Бо ангушт телевизорро нишон дод.

– Ба-барои се, се сӯм. Дуздон.

Модар дарро кушода, аз паси дари ҳамсояи дарбарӯ гӯш андохт. Хомӯшӣ буд. Аммо дили занак дук-дук мезад. Дер истод. Касе дарро кушода набаромад. Чанд бор ангушт ба тугмаи садо расонд, аммо пахш карда натавонист, ки агар дарро кушоянд, чӣ гӯяд. Ҷуръат накарда баргашт. Духтар ҳанӯз мегирист.

– Гиря накун, дурӯғ барин, ҳама ҷо оромӣ.

– Худам дидам, худам дидам. Аввал куштанд, сонӣ кисаҳояшро кофта як сесӯма пайдо карданд. Садои ҳуштакро шунида, партофта гурехтанд. Чӣ хел амаки нағз буд-э! Пеш аз одам салом мегуфт. Ҳама нағз медиданд, ҳама эҳтиромаш мекарданд.

– Ин ҷо биё, духтар! Ҳӯ ҳамон кас, артист амакат нест?

– Не, ӯро куштанд. Дигар…

– Ана омад. Ту дигар касро дидаӣ.

– Худи худаш буд.

– Аз тиреза нигоҳ бикун! Меояд. Хандаҳои худи худаш.

– Ҳааа… волло! Амакҷон, шуморо нав дар телевизор дидам, ки куштанд. Чӣ хел зинда шудед?

– Духтари амакаш, ҳунари мо дар ҳамин: ҳар лаҳза мекушанд, боз зинда мешавем…

ГӮЯИ САРИ ГӮР

«Падарҷонам!…

Инак дарёфтам, ки бекас шудаам. Натанҳо ман, очаам ҳам бекас шуд. Ҳарчанд мегӯяд: «Соҳиби гӯру чӯбам ту ҳастӣ, пушту паноҳам ту ҳастӣ; ҷуз ту дар дунё касе надорам…», лек ман мебинаму медонам, ки танҳои зор аст. Зеро аз дасти мани ятим коре намеояд. Ақаллан худамро сариштаву ҳимоя карда наметавонам, чи монад ба пушту паноҳи модар будан.

Агар даҳ сол пештар ин ҳарфро мегуфт, бовар мекардам… Зеро ту барҳаёт будӣ, падарҷон! Қувваи дили ман, соябони хонадон будӣ, ман ҳам нерӯманд ба каси бадгӯву бадкор дӯғу даранг карда метавонистам. Медонистам, ки зӯрам нарасад, касе ҳаст, ки зӯраш мерасад. Кошкӣ нозӯр мебудӣ, ки мисли дигарон сар хам дошта, зиндагӣ карда мегаштӣ. Лекин ба ту намезебид сар андохтан, кадом баҳодурони афсонавиро ёд меовардӣ, миннати касеро кашидан намехостӣ. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки мегуфтӣ: «Шайтон куштан наомӯхтааст; «аз куштан даст кӯтаҳ доред!» гуфтааст». Лекин таълим медиҳанд, ки Одамзода куштан намедонист. Шайтон ба сари мор санг кӯфта, ба баччаи Одам куштан омӯхт. Рустам ҳам писараш Суҳробро кушту як кам чил шабонарӯз рӯйи даст бардошта гашт, ки зинда шавад, зинда нашуд. Маъниаш чунин буд: «Куштан нашояд!» Аммо мекушанд. Туро ҳам куштанд, падарҷон! Намедонам барои чӣ? Лек куштанд: дар дами дарвозаи худамон камонбадастони сияҳпӯши рӯсиёҳ, дилу ҷигарашон ҳам сиёҳ, тиршап карданду гурехтанду рафтанд, ҳоло, ки онҳоро пайдо мекунанд. То ҳанӯз сабаби куштанашонро на ман медонам ва на очам. Шояд худат ҳам намедонистӣ. Медонистӣ, ба мо мегуфтӣ ё худро ҳимоя мекардӣ.

Падари азиз! Агар донӣ, ақаллан дар хобам омада бигӯй, ки туро кӣ кушт? То ман ҳам қасд ситонида тавонам!»

САНГИ САРСАХТ

Санге буни дарахти чанор ва ними он зери танаи дарахти азим монда ва касе ёд надорад, ки онро кӣ шинонда ва кай он аз замин руста. Аммо азиму парешоншох ва баъзе шохҳои хушки нобуридааш ва ё аз вазни гарони барф ва боду боронҳо шикастааш бинандаро дар ҳайрат монад, баъзе шохаҳои тамоми фаслҳои сол урён ҳам. Ҳайратангез он аст, ки ними танаи чанор бар он бор ва шояд дар солҳои наздик ин санги сарсахти силаву шаллоқхӯр ва бисёр зарбаҳои беҳуда ба сар дида бо ранги хокистарии пӯсти танаи паҳлавони афсонавӣ пӯшида гардад ва ба мағзи дарахт фурӯ рафта, онро низ сангӣ гардонад ва ё баръакс шираи дарахт ин сарсахтро оҳистаоҳиста макида, маҳлул дар худ созад. Ин ҳама тахмин. Аҷаб он аст, ки пештар аз фурӯ кашидани чанор сангро пораҳои хурду калони ҳамагуна шиша, сафол ва ҳар чизе, ки ба сари санг зада шикастан имкон дошта бошад, гӯр кардаанд, танҳо мисли он ки гоҳи тухмҷанг бо кафашон ҳама ҷои тухмро пӯшида, сари тухмро барои бо тухми дигар задан озод нигаҳ доранд, сари ин санги абрранг аён аст. Ва ҳар зарбае, ки аз ноҳаққӣ зананд, ба ҷое мерасад, ки андаке сираш рафта, аз ҷабру ҷафо мӯяш рехтааст.

Дигар хабарҳо