СОМОНӢ АСРОР

 СОМОНӢ АСРОР

АСРОРИ СОМОНӢ (Асрори Раҳмонфари Сомонӣ) 1 ноябри соли 1952 дар деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии шаҳраки Колхозчиён, соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, дар шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносӣ (баъдан–Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ)-и Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба кор пардохтааст. Солҳои 1980-1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ (дар Афғонистон) хидмати ҳарбиро ба ҷой оварда, баъдан фаъолияташро дар институти номбурда идома бахшидааст. Ҳамзамон, сармуҳаррири Студияи телевизиони Душанбе «Сомониён», сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбар «Трибуна», муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ёвари ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон будааст. Муддате ёварии раиси ҶСШК «Нафтрасон» ва сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро бар уҳда дошта, пайваста фаъолияти илмию эҷодиро ҳам пеш бурдааст.

Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, нахустин шеъру хабару мақолаҳояш дар авроқи рӯзномаву маҷаллаҳои ноҳиявӣ («Зарафшон») ва ҷумҳуриявӣ («Машъал»-у «Пионери Тоҷикистон») ба табъ расидаанд. Муаллифи беш аз 300 очерку мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ, рисолаҳои «Носири Хусрав–шоири мутафаккир» (1978), «Родмарди хуҷистакор» (2001), «Ёқути сурх» (2005), «Марди роҳ» (2006), «Рӯдакиро суханаш тилви нубост…» (2009) ва «Яккатози майдони Ҷомишиносӣ» (2014) мебошад.

Мураттиб ва муфассири куллиёту мунтахаботи осори Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абрураҳмони Ҷомӣ, Фаттоҳии Нишопурӣ, Кироми Бухороӣ, Имлои Бухороӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Лоиқ Шералӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ ва дигарҳост.

Намунаҳоеро аз осори В. Ванчура, С.Есенин, Р. Ҳамзатов, Е.Э. Бертелс, Қ. Қулиев, Р. Бёрнс, Н. Доризо, С. Островой, Р. Фарҳодӣ, В. Воскобойников, Р. Киффер, А. Салим, Ӯ.Ҷамол ва ғ. ба тоҷикӣ гардондааст. Иддае аз навиштаҳояш дар матбуоти Эрону Афғонистону Ӯзбекистон мунташир ва ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Бо чандин ордену медали ватаниву хориҷӣ ва ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.

Узви Созмони ховаршиносони шӯравӣ ва Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд». Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 1993 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Асрори Сомонӣ 14 феврали соли 2023 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо