Соли пурбору рангини нашрия

 Соли пурбору рангини нашрия

24 феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адабу илм муҳтавои маводи соли 2021 дар «Садои Шарқ» чопшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз фаъолияти маҷалларо дар соли гузашта хубу пурбор арзёбӣ намуд ва матлабҳои дар ҳар бахш нашршудаи онро намоёнгари сатҳу сифати адабиёти имрўзамон донист.

Сипас ашъори дар тўли як сол чопшударо мудири бахши назми ИНТ Толиби Луқмон, насрро нависанда Маҷид Салим, иҷтимоиётро нависанда Абдурауф Муродӣ ва нақди адабиву адабиётшиносиро мудири бахши ҳамноми ИНТ Муҳриддин Сабурӣ таҳлилу баррасӣ намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мўсо, нависанда ва драматурги шинохта Ато Ҳамдам, сарвари Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, адабиётшинос Боймурод Шарифзода, нависандагон Сироҷиддин Икромӣ, Шодӣ Раҷабзод ва дигарон дар бораи муҳтавои маводи маҷалла андешаҳояшонро баён намуда, ҷиҳати рафъи баъзе камбудҳо ва пешрафти фаъолияти минбаъдаи маҷалла пешниҳодҳо карданд.

 Дар охир сардабири «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода барои баррасиву музокира ба ҳамагон арзи сипос намуд.

Т. ХАЛИЛӢ

Дигар хабарҳо