СОБИР МУРОДАЛӢ

 СОБИР МУРОДАЛӢ

МУРОДАЛӢ СОБИР 1 январи соли 1958 дар деҳаи Пуғузи ноҳияи Варзоб таваллуд ёфтааст. Соли 1975, баъди хатми мактаби миёнаи №78, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1982 хатмаш кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» оғоз бахшида, баъдан, соле муаллимӣ кардааст. Солҳои 1980-1981 ходими адабии маҷаллаи «Машъал», солҳои 1981-1984 кормандаи маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст. Солҳои 1984-1985 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Соли 2007 факултаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз соли 1985 то 1991 мудири шуъбаи «Хорпуштак», солҳои 1991-1993 сармуҳаррири ҳафтаномаи ноҳиявии «Навиди Варзоб», 1994-1996 сардори дастгоҳи ҳукумати ноҳия, солҳои 1997-1999 корманди «Хорпуштак», 1999-2003 ходими Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ будааст. Аз соли 2003 директори минтақаи истироҳатии «Пуғуз» аст.

Аз солҳои мактабхонӣ машқи шеър кардааст. Ашъори нахустинаш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъии «Навсафар», «Риштаборон», «Модарнома» ба табъ расидаанд. Барои кӯдакону калонсолон эҷод мекунад, ки маҷмӯаҳои «Садои сукут» (2006), «Субҳи Варзоб» (2007), «Оҳанги Варзоб» (2009), «Гули бодом» (2010), «Арӯси сабз» (2011), «Қуллаҳо» (2011), «Шоҳпарак» (2013), «Тифли дарё» (2013), «Сиришки ханда» (2014), «Замзамаи баҳор» (2014), «Навои резаборон» (2014) аз он ҷумлаанд.

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2019).

Аз соли 1987 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо