СИМОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Ҳамасола дар арафаи зодрўзи устод Айнӣ дар муассисоти илмиву омўзишии мамлакат ҷамъомадҳои илмӣ ва маҳофили фарҳангӣ баргузор мегарданд ва ҳатман як чизи наве, далели тозае роҷеъ ба осори гаронсанги ин шахсияти бузурги миллӣ дар ин ҳамоишҳо гуфта мешавад. Ончунонки маҳфили илмию адабии дар Донишгоҳи миллӣ баргузоршуда собит кард, осори бузургҳаҷм ва гуногуннавъи устод на фақат пурра пажўҳиш нашудааст, балки ҳатто пурра ҷамъоварӣ ҳам нагардидааст.

 Нашри Куллиёти 15-ҷилдаи устод Айнӣ тибқи қарори Шўрои вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 15-уми январи соли 1955, № 12) мебоист то соли 1961 ба итмом мерасид, аммо то соли 1961 танҳо 4 ҷилди куллиёт интишор ёфту халос… Дигар чопи он ба гўшаи фаромўшӣ рафт. Солҳои баъдӣ як ҷилд — як ҷилд (он ҳам бидуни риояти тартиби соли эҷод ё ба қавли маъмул – хронология, қавоиди матншиносию чопи мутуни илмию интиқодӣ) манзури хонанда шуд.

Ин маҳфил ҳамасола бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филологияи ДМТ барпо мешавад ва “Устод Айнӣ ва фарҳанги миллӣ” унвон дорад. Тибқи расми маъмул як кас сухан мегўяд ва дигарон дар баҳсу гуфтугў ширкат мекунанд. Имсол чун соли қаблӣ ёдкарди устод Айнӣ аз гулгузорӣ дар оромгоҳаш – Боғи Айнӣ шурўъ шуд: як гурўҳ донишҷўёни Донишгоҳи миллӣ ҳамроҳи устодони кафедраи номбурда, аз ҷумла Қарори Муҳаммадӣ, Абдулҳай Маҳмадаминов, Наврўзи Қаландар ва банда бо раҳнамоии мудири кафедра Муртазо Зайниддинзода ба боғ сар задем. Муртазо Зайниддинзода ва Абдулҳай Маҳмадаминов аз хадамоти бедареғи устод ба нафъи миллат ва кишвари Тоҷикистон сухан гуфтанд ва донишҷўён ҳам аз эҷоди номбурда ҳам дар бораи ў шеърҳо қироат карданд.

Баъди бозгашт аз боғи устод дар толори фарҳангии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода қисмати расмии маҳфил идома ёфт. Ин бор ҳам гардонандаи маҳфил М. Зайниддинзода буд, ки аз навгониҳои ахири айнишиносӣ ба ҳозирин иттилоъ дод.

Қисмати аз ҳама муҳим ва ҷолиб – сухангўии яке аз айнишиносони маъруфи ҷумҳурӣ, олиме, ки тамоми умри азизашро сарфи пажўҳиш ва гирдоварии осори устод Айнӣ кардааст, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов буд. Олим чанд асари устоди зиндаёдро аз бойгониҳо дарёфта, бо риояти қоидаҳои таҳқиқи матн нашр намудааст, китобҳо ва мақолоти пуршуморе аз натиҷаи пажўҳиши осори Айнӣ дорад. Як хислати хуби А. Маҳмадаминов ҳамин аст, ки озод ва баланду бурро ҳарф мезанад ва таваҷҷуҳи ҳар касеро ба худ ҷалб мекунад, далелҳое меорад, ки тоза ва ҳанўз чопнашуда мебошанд.

Ин маротиба маърўзаи олим хеле ҷолиб буд – асари навпайдои устод Айнӣ, ки то кунун ҷое на чоп шудаасту на дар борааш касе огоҳ аст… Сухан аз як мақолаи Айнӣ бо номи “Ҷашни таърихии маданияти халқи тоҷик” мерафт, ки ҳанўз моҳи апрели соли 1951 таълиф шуда, ба зарурат ва аҳамияти таъсиси Академияи илмҳои Тоҷикистон ихтисос доштааст. Ин навиштаро устод баъди ҷустуҷўҳои зиёде аз бойгониҳои кишвари Рус дарёфт кардааст. Дар зимни ин гуфтор мавсуф аз масоиле ҳарф зад, ки зарурати тақвият бахшидани илми айнишиносиро собит мекунанд: фаразан, устод фарҳанге бо унвони “Луғати нимтафсилии забони тоҷикӣ” дорад, ки касе онро бо дастхати худи устод Айнӣ қиёсу муқобала накардааст, ин дастхат ҳарчанд дар бойгонии Санкт-Петербург маҳфуз бошад ҳам, онро нусха карда наовардаанд. Дар суҳбати дигаре ин донишманд иқрор шуда буд, ки “дастхати асари таълимии Айнӣ – “Заруриёти диния”-ро ман баъди 22 соли ҷустуҷў ёфтам ва нашр намудам”… То ҳол аввалин асари устод Айнӣ – қиссаи “Фоҷиаи алимаи як ҷаво- ни бухороӣ”, ки соли 1920 таълиф шуда, ба нашриёти Бухоро супорида шуда буд, дарёфт нашудааст. Ба иқрори худи Айнӣ, дастхати ин асар нусха надоштааст ва баъди солҳо ба муаллиф аз нашриёт гуфтаанд, ки “дастхат гум шудааст ва ёфтанаш дигар имкон надорад”…

Аввалин романи давраи нави адабиёти мо – “Дохунда” бори нахуст на дар Бухорову Самарқанд, балки дар Қазон соли 1930 чоп шудааст, зеро дар ин ҷо бо ҳар баҳонае онро нашр кардан нахостанд. Ёрии бедареғи Алӣ Хуш, ки аз хушнависони он айём буд, сабаб шуда, ки ин асар рўйи чопро дар хориҷи кишвар бубинад. Ҳатто нашри маҳсули бистсолаи қалами устод Айнӣ – “Маънои калимаи тоҷик”-ро низ нашриёти тоҷикӣ рад кардааст, тарҷумаи русии ин асарро низ бо ҳар баҳонае чоп накарданд. Баъдан фарзанди устод – Камол Айнӣ дастхати ин асарро аз анбўҳи коғазҳои “нодаркор”-и нашриёт ёфта, дар ниҳоят, соли 1986 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп кард. Дар дастхати худи Айнӣ санаи таълифи ин асар – моҳи декабри соли 1940 зикр шудааст.

Чунонки А. Маҳмадаминов иттилоъ дод ва дар “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам”-и Айнӣ ҳам мазкур аст, устод Айнӣ аз 22-юми апрели соли 1918 то 22-юми октябри ҳамон сол дар Тошканд фаъолияти ниҳоят пурмаҳсули публитсистӣ дошт, аммо аз таълифоташ чизе дар даст нест. Муҳаққиқе лозим, ки тамоми бойгониҳои ин шаҳр ва Маскавро ҷустуҷў карда, он навиштаҳоро дарёбад.

Ҳар гоҳ сухан аз устод Айнӣ равад, мегўянд, ки ў шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Бале, шакке дар ин далел нест, аммо далели муътамади шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтани ҳар нависанда тарҷумаи осори ў ба забонҳои машҳури дунёст. Қисмати зиёди асарҳои Айнӣ ба забони русӣ ва забонҳои халқҳои дигари “ҷаҳони русӣ” тарҷума шудаанд, аммо ба забони англисӣ, ки беш аз як миллиард одам мехонаду менависад, ҳамагӣ чаҳор асари устод тарҷума шудаасту халос. Профессори англисидони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллӣ Абдусалом Мамадназаров хабари хуше расонд: бо заҳмати ў ду очерки таърихии Айнӣ — “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ” ба забони англисӣ тарҷума шуда, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар арафаи нашр қарор доранд. Олим иқрор шуд, ки ҳангоми тарҷума ҳолати аҷибу ғариберо дучор шудааст: ҳангоми бознашри соли 2014-и ин ду асар муҳаррирон калимоту вожа ва ибораҳои худи Айниро худсарона ва бидуни асоси илмӣ тағйир додаанд. Мисолҳои зиёде оварда шуд, ки аз эҷодкориҳои бемасъулиятонаи муҳаррирон гувоҳӣ медиҳанд. Магар мумкин аст, ки баъди 60 соли реҳлати устод ҳар касе хоҳад, осори ўро қалами таҳрир бикашад? Дар асоси кадом усул? Кӣ ба ин муҳаррирони навбаромад ҳуқуқ дода, ки забони осори Айнӣ барин донишмандро мудерн кунад? Тақрибан чиҳил сол қабл (соли 1974) каму беш ин ду асар ба талаботи матншиносӣ ҷавоб мегуфтанд ва чоп шуданд. Акнун барои хонандаҳои макотиби миёна як-як асарҳои Айниро баъди “таҳрир” бознашр мекунанд…

Барои пешгирии ин кор профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул пешниҳод кард, ки ягона меъёри таҳрир бояд иродаи охирини эҷодии худи муаллиф, яъне дастхати худи нависанда бошад. Ҳар чизе, ки бознашр мешавад, ҳатман бо дастхати устод Айнӣ қиёс шавад, дигар на чизе илова шавад ва на чизе кам…

Ба андешаи мо, боз ҳам беҳтар мебуд, агар худи дастхатҳо дар шакли китобҳои алоҳида, бо ҳамон ҳуруфи арабиасоси форсӣ нашр шаванд, он гаҳ гуногунхониҳо худ аз худ аз байн мераванд. Устод Айнӣ алифбои сирилликро намедонист, бо ҳамон алифбои пешин менавишт, пас, айни савоб аст, ки китобҳояшон низ бо ҳамон хатти худашон пешниҳоди хонандагон шаванд.

Ин буд чанд мулоҳизае, ки баъди зиёрати оромгоҳи устод Айнӣ ва иштирок дар маҳфили гиромидошти ў рўйи коғаз омад.

Ҳафиз РАҲМОН

Дигар хабарҳо