«СЕ РӮЗИ ЯК БАҲОР»-И МОНДАГОР

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар баробари солҷашни адибони маъруф солҷашни асарҳои мондагори адабиёти муосири тоҷикро низ ба ҳукми анъана даровардааст.

Ин бор адибону пажӯҳишгарон, донишҷӯён ва алоқамандони адабиёт баъди си соли  нашри романи «Се рӯзи як баҳор»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун барои суҳбат дар атрофи ҷойгоҳу арзиши баланди он дар ИНТ ҷамъ омаданд.

Тавре ки муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз иброз дошт, романи «Се рӯзи як баҳор»-и нависандаи маъруф Саттор Турсун қуллаи эҷодиёти нависанда ба шумор рафта, баёнгари ҳунару маҳорати баланд ва мавқеи устувори шаҳрвандии муаллиф мебошад.

Гузоришгари асосии мизи мудаввар академик Носирҷон Салимӣ гуфт, ки роман ба муҳимтарин мавзӯъ, воқеаҳои муҳими оғози садаи бист ва сарнавишти мардуми мо ихтисос дошта, дар он  ҳунари нигорандагӣ, ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, боварҳои мардумӣ, хислатсозии ҳунармандона ва дигар муҳассанот хеле равшану барҷаста дида мешаванд.

Дар бораи забону баёни ҷолиб, муносибати ҷиддӣ бо забон ва корбурди бамавриди калимоту ибораҳо дар роман забоншинос Давлатбек Хоҷаев сухан ронд. Аз ҷумла, номбурда иброз дошт, ки нависанда дар калимасозӣ ва риояи назокати калом ва содабаёнӣ аз шумори чирадасттарин адибон буда, дар ин амр идомадиҳандаи кори устодони насри муосири тоҷик мебошад. 

Вақте ки романи «Се рӯзи як баҳор» рӯи коғаз омад, чӣ пешомаде онро интизор буд ва аз ҷониби аҳли қаламу Ҳукумати Шӯравӣ чӣ гуна пазируфта шуд? Дар атрофи ин масъала мунаққиди шинохта Абдураҳмони Абдуманнон чун шоҳиди қисмати ин асар хотироташро нақл намуд. Зикр гардид, ки ин роман барои зидди ҷараёни сиёсати замон буданаш сахт маҳкум гардид ва чопаш мамнӯъ дониста шуд. Танҳо замони бозсозӣ, соли 1988 бо густариши озодандешӣ дастраси хонандагон гардид.

Мунаққид ҳамчунин изҳор намуд, ки бо вуҷуди мавриди интиқоди шадид қарор гирифтан, нависанда аз андешаҳояш даст накашид, ҳарфе аз романро тағйир надоду дар мавқеи худ устувор истод.

Роман аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва баъдан дар шакли китоб ба хонандагон пешкаш шуд.

Дар бораи паҳлуҳои гуногуни роман ҳамчунин Нависандаи халқии Тоҷиистон Абдулҳамид Самад, шоир ва адабиётшиноси маъруф Рустам Ваҳҳобзода, нависанда Мирзонасриддин ва адабиётшинос Муртазо Зайниддинов сухан гуфтанд. Таъкид шуд, ки «Се рӯзи як баҳор» дар радифи муҳимтарин романҳои адабиёти муосири тоҷик қарор дошта, аҳаммияту арзиши худро гум  нахоҳад кард.

Муаллифи романи «Се рӯзи як баҳор» устод Саттор Турсун дар охир бо сипосгузорӣ аз роҳбарияти ИНТ замони таълифи асар ва душвориҳои ба сараш омадаро ба ёд оварда, иброз дошт, ки нависандаи асил дар ҳеч ҳолате мавқеи инсонӣ ва шаҳрвандияшро набояд тағйир диҳад.

Толиби Луқмон

Дигар хабарҳо