САФАР ДАВЛАТ
ДАВЛАТ САФАР 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Солҳои 2012-2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», аз соли 2014 сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.
Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума тавфиқ дорад. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013) фароҳам омадаанд.
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002) ва Ҷоизаи ба номи МирзоТурсунзода (2013).
Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.